Акс: Вохӯрӣ дар суди маҳаллии Вилнюс
Бо низоми судие, ки сазовори боварии шаҳрвандон аст, судяҳое, ки ба дилхоҳ дархости рузноманигорон дар муддати якчанд соат ҷавоб мегуянд ва бисёр чизҳои дигар, кормандони давлатӣ ва рузноманигорони тоҷик, ҳангоми сафари омузишӣ ба Литва, охирҳои моҳи майи соли равон, шиносоӣ пайдо намуданд.
“Ҳадафи асосии мо- боварии ҷомеа аст”-мегуяд Габия Вайчелюнайте, роҳбари шуъбаи робитаҳои маъмурияти суди миллии Литва. Боварии шаҳрвандон ба низоми судӣ дар Литва,пас аз суқути давлати шуравӣ, воқеан коста шуда буд, вале дар зарфи чанд соле ҳамагӣ ва он ҳам аксаран ба лутфи робитиҳои хуб ба роҳмондашуда байни низоми судӣ ва шаҳрвандон,тағйир додани вазъ имконпазир шуд.
Ҳангоми сафари омузушии худ ҳайати намояндагони Тоҷикистон иборат аз кормандони давлатӣ ва журналистоне, ки чунин мавзуъҳоро инъикос менамоянд, бо натоиҷи ин дигаргуниҳо ошно шуданд. Дар зарфи чанд руз меҳмонон аз Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти давлатии Литва мулоқот намуданд ва онро диданд,ки чи тавр яке аз низомҳои судии мутараққитарин дар муҳити пасошуравӣ кор мекунад.
-Чизи барои ман тасаввурнашаванда, бо чашмони худ дидани судҳои электронӣ дар Литва буд, -мегуяд иштирокчиии ин сафар-рузноманигор Нагис Ҳамробоева.- Танҳо кофист,ки аккаунти худро дар низоми электронии судӣ сабт кунед, шаҳодатномаи инфиродӣ барои имзои электоронӣ бигиред, ва ҳамин!, Метавонед аз хона ва ё корхона берун нарафта даъво ё дархост пешниҳод кунед, ки ҳам сарфаи вақт асту ҳам асабҳоятон ва ҳам боиси паст шудани сатҳи фасод, чун зарурат ба тамоси шахсӣ бо намояндагони суд аз байн меравад.
Қобили зикр аст,ки ин низом дар Литва аз соли 2013 фаъолият мекунад ва тули ин муддат самаранокии худро собит намудааст: иштирокчиёни парванда тариқи интернет тамоми равандро- аз лаҳзаи супурдани ҳуҷҷатҳо то қабули ҳалномаҳо назорат мекунанд ва вақту хароҷоташонро сарфа мекунанд.
«Дар расонаҳои Литва худсензура нест»
Албатта,он чи ки бештар муҷиби таҳсини иштирокчиёни ҳайати тоҷикистонӣ шуд,кори муназзами мақомоти судии Литва бо матбуот ва ҷомеа буд.
“ Посух ба ҳар пурсиши рузноманигорӣ дар давоми руз дода мешавад, агар ҷавоб надиҳанд, сабабашро шарҳ медиҳанд, вале то ҳол чунин ҳолат набудааст”- мегуяд судяи Суди олии Литва – Виргилиюс Грабинска. Рузноманигорони тоҷик чунин шеваи дастрасӣ ба иттилоотро арзёбӣ намуданд.
-Боз будани мақомоти давлатии Литва аз ибтидо ба назар мерасад, масалан, мо бидуни ҳеҷ ишколе вориди бинои суд шудем, журналистон ҳама вақт ба иттилоот дастрасӣ доранд; дар Суди олӣ ба мо гуфтанд, ки рузноманигорон ба қазияҳои судӣ танҳо бо парвандаҳои камаҳамияти маъмурӣ ҷалб шудаанд ва ба лутфи ҳамин дар расонаҳои Литва худзензура вуҷуд надорад,-нақл мекунад журналист Ҷамшеди Маъруф, ки ӯ ҳам аз иштирокчиёнии ин сафар буд.
Наргис Ҳамробоева зикр мекунад, ки тамоми низоми судии Литва ба ҳадди аксар шаффоф ва барои ВАО роҳат кор мекунад.
-Тамоми ҳалномаҳои судӣ ва ҷадвали мурофиаҳои судӣ, на танҳо барои ҷонибҳои баҳс, балки барои тамоми хоҳишмандон, дар дастрасии озод дар Интернет қарор доранд. Воқеан, матни ҳалномаҳо дар шабака худи ҳамон руз нашр мегардад ва нисбат ба парвандаҳое, ки таҳти муҳрӣ махфӣ мегузаранд, хулосаи кутоҳи он нашр мешавад. Ва боз як чизи дигар: ВАО метавонанд раванди эълон намудани қарори судро наворбардорӣ кунанд, ҳатто агар дар мурофиаи пушида рузноманигорон ҳузур надошта бошанд ҳам. Хадамоти матбуотии судҳо чун соат дақиқ кор мекунанд, варақаҳои иттилоотиро фавран чоп мекунанд ва журналист чизи барояш лозимро интихоб мекунад,-мегуяд ӯ.
Ба масоили иртибототӣ дар мақомоти давлатии Литва департаметҳои махсуси робита бо ҷомеа машғуланд, ки ба ғайр аз ҳамгироии бевоситаашон боз ба лоиҳаҳои мухталифе кор мекунанд, ки ба шаҳрванди оддӣ имкони шиносоиро бо низоми судӣ фароҳам меоваранд. Масалан, дар назди маъмурияти судҳои миллии Литва осорхонае фаъол аст,ки дар он экспонатҳои ба низоми судӣ алоқаманд гирдоварӣ шудаанд ва ҳар хоҳишманд онро зиёрат кардан метавонад.
-Боз як падидаи аҷибе ба мушоҳида расид, ки онро дар кишвари мо метавон татбиқ намуд: дар Литва судҳои маҷозӣ дар интернет ҳастанд, ки хоҳишмандон метавонад дар парвандаҳои ҷиноӣ,шаҳрвандӣ ва маъмурӣ ба сифати маҳкумшаванда,ҷабрдида,прокурор ё суд иштирок кунанд, дарк кунанд ки мурофиаҳои судӣ чи тавр мегузаранд ва фарқи байни мурофиаҳои ҷиноятӣ,барои мисол, ва шаҳрвандӣ чист. Ин яке аз оптсияҳои маҳбуби ҷавонон аст, -мегуяд Наргис.
Ҳамаи ин корҳо ба хотири онанд, ки шаҳрвандони Литва бидонанд, ки низоми судӣ дар кишвар чи тавр сохта шудааст ва ба он эътимод кунанд; литвониҳо чунин меҳисобанд, ки чизи номафҳум нобовариро тавлид мекунад.
-Мо бо ҳамкасбони худ дар парлумон,мақомоти судӣ, вазорату муассисаҳо мулоқот доштем. Чун қоида мо бо идоракунии давлатӣ дар Литва монандиҳои бисёре дорем, вале чизҳои нав ҳам барои худ омухтем. Мехостам аз ташкилкунандагони ин сафари пурмуҳтаво изҳори сипос намоям,-мегуяд иштирокчии ҳайати намояндагон – Фозил Саидализода, муовини сардори идораи ҳуқуқии дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон.
Имконияти иштирок дар сафари омузишӣ ба рузноманигорони тоҷик тавассути озмуни кушодае фароҳам омад, ки дар аввалҳои моҳи апрел эълон шуда буд. Дар натиҷаи интихоби ҳакамон аз 14 дархости воридшуда 4 рузноманигор баргузида шуд, ки дар радифи кормандони давлатӣ шомили ҳайати намояндагони Тоҷикистон шуданд. Маҷмуъан, дар сафари омузишӣ ҳашт нафар, аз ҷумла аз вилояти Суғд ҳам,иштирок карданд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.