Омӯзиши малакаҳои бунёдии рӯзноманигорӣ

Интернюс рӯзноманигорони навкор, донишҷӯён ва хатмкунандагони факултетҳои журналистикаро ба омӯхтани асосҳои журналистика ва аз худ кардани усулҳои бунёдии он даъват мекунад. Омӯзиши панҷрӯза барои довталабон аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Беҳтарин устодону мураббиён аз Британияи Кабир, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба шумо дар ин самтҳо дарс меомӯзанд:

  • хабар чист ва чӣ гуна аз ҷараёни иттилоотӣ маълумоти арзишнокро ҷудо кардан мумкин аст;
  • тарзи дурусти муносибат бо манбаъ ва санҷидани дурустии иттилоот;
  • чӣ гуна ҳангоми инъикоси рӯйдод меъёрҳои ахлоқиро риоя ва бо қаҳрамонони ахбор муносибат кард;
  • тарзи омода кардани маводи иттилоотӣ бо назардошти манфиатҳои аудитория.

Машғулиятҳо пас аз якрӯзӣ, аз 26 уми май то 4 уми июни соли 2021, ҳар бегоҳ онлайн баргузор мешаванд. Пас аз ба итмом расонидани омӯзиш, шумо имконият доред, ки дар давоми чор ҳафта барои бомуваффақият омода намудани маводҳои худ аз тарафи мураббиён роҳнамоӣ гиред.

Забони таълим русӣ бо тарҷума ба забонҳои тоҷикӣ, қазоқӣ ва ӯзбекӣ мебошад.

Иштирок дар омӯзиш ройгон аст. Интихоб дар асоси дархостҳои шумо сурат мегирад. Довталабон бо ангезаи боло, бо тамаркуз ба рӯзноманигории касбӣ ё аллакай дар соҳаи ВАО фаъолият дошта, бартарӣ доранд.

Лутфан дархости зеринро пур кунед. Муҳлати қабули дархостҳо то соати 18:00 (бо вақти Душанбе)-и 19 уми майи соли 2021 мебошад.

Дар натиҷаи омӯзиш, иштирокчиёни фаъолтарин имконият пайдо мекунанд, ки таҳсилро аз рӯйи барномаи амиқтар дар сатҳи кишварашон идома диҳанд. Инчунин, ба дигар омӯзишу семинарҳое, ки бо иштироки ситораҳои журналистикаи минтақавӣ ва байналмиллалӣ доир мешаванд, даъватнома мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, шарики маҳаллии Интернюс дар Тоҷикистон, бар асоси натиҷаҳои овоздиҳии мустақили ҳакамон дар доираи озмуне, ки моҳи марти соли 2021 эълон шудааст, ташкилоти ҷамъиятии “ХОМА” мебошад.

Шарик барномаи омӯзиширо дар якҷоягӣ бо Интернюс таҳия, иштирокчиёнро ҷалб ва финалистонро интихоб мекунад. Ҳамзамон дар якҷоягӣ бо кишвари худ омӯзишҳо ва дигар корҳои муҳимро амалӣ мегардонад.

Агар саволе пеш омад, метавонед бо нишон додани сархати “Савол оид ба малакаҳои бунёдӣ” ба суроғаи электронии Central-Asia-Applications@internews.org  ирсол намоед.

Лоиҳа дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP, ки  аз ҷониби #USAID маблағгузорӣ шуда, #Internews онро амалӣ мегардонад, баргузор мешавад.

Leave a Reply