Даря Христолюбова – мураббии расонаӣ, директори барномаҳои радиои “Азия Плюс” барои си омӯзгори муассисаҳои Душанбе, дарси саводнокии расонаӣ ва рақамӣ доир кард. Дар ин чорабинии омӯзишӣ муаллимон иқрор омаданд, ки бисёр мехоҳанд технологияҳои навро омӯзанд, аммо аз куҷо омӯхтанро намедонанд.
Якуним моҳ қабл, Даря барои кӯдакони синфҳои 5-6 чорабиниҳои омӯзишӣ оид ба саводнокии расонаӣ ва рақамӣ гузаронид. Сипас, вай барномаи худро аз нав шаклгузорӣ карда, онро барои калонсолон мутобиқ гардонд ва омӯзишро барои муаллимон ташкил намуд. Даря ин лоиҳаро ҳангоми иштирок дар MediaCAMP Edуuton (ин як чорабинии инноватсионӣ барои эҷоди тарҳҳо оид ба саводнокии расонаӣ), ки Интернюс дар Алмаато пеш аз пандемия баргузор карда буд, пешкаш намуд. Дар ҷараёни Эдютон, Даря барои озмуни грантӣ дархост равон кард ва ҳакамон тарҳи ӯро яке аз беҳтаринҳо интихоб карданд. Ду тренинг барои кӯдакон тариқи бархат (онлайн) баргузор кард. Чорабинии омӯзишӣ барои омӯзгоронро Даря шахсан тариқи офлайн доир кард.
– Ман намедонистам, ки барои гузаронидани тренинг ба таври онлайн чигуна омодагӣ дошта бошам. Зеро қаблан ҳеҷ гоҳ дар ин формат тренингҳо нагузаронида будам. Интернет барои кӯдакон ин унсури онҳост. Кӯдакон интернетро хуб дарк мекунанд. Бо калонсолон, ингуна карда наметавонистем, бинобар ин бо тамоми чораҳои эҳтиётӣ, дарсҳои мо тариқи офлайн баргузор шуданд, – мефаҳмонад Даря.
Ҳангоми шиносоӣ бо тренер, иштирокчиён иқрор шуданд, ки хоҳиши омӯхтани ҳам Интернету ҳам компютерро доранд, аммо намедонистанд ба кӣ муроҷиат кунанд. Агар аз ҷавонон кӯмак мепурсанд, онҳо ба хашм мегӯянд, ки чигуна як кори одиро намедонанд. Дар Тоҷикистон курсҳои махсус барои калонсолон хеле каманд. Дар баробари ин, худи муаллимон аксар вақт мефаҳманд, ки аз ҷиҳати малакаи худ дар кор бо Интернет, аз шогирдони худ хеле ақиб мемонанд. Масалан, 80 фоизи иштирокчиёни тренинг оид ба саводнокии расонаӣ, почтаи электронӣ надоштанд; аксар вақт муаллимон вазифаҳои хеле одии барномаҳои компютериро иҷро карда наметавонанд. Аксари омӯзгорон дар Тоҷикистон таълими иловагӣ намегиранд; онҳо қувва, маблағ ва вақти худро барои худомӯзӣ надоранд. Бо вуҷуди ин, Даря бисёр фикр мекард, ки оё дарсҳои ӯро қабул мекунанд ё не.
– Аслан, тарсу ҳарос дар назди чунин аудитория вуҷуд дошт: вақте шумо худатон солҳои зиёд ба мардум дарс мегӯед, эътироф кардан душвор аст, ки ба шумо низ дониши нав лозим аст. Аммо ман беҳуда нигаронӣ кардам: ширкаткунандагон бо феъли душвор набуданд, онҳо аз ибтидо чизе менавиштанд, савол медоданд, фаъолона дар ҷараёни тренинг иштирок мекарданд. Ва ин дар ҳолест, ки бисёре аз муаллимон дар мактаб кори зиёд доранду баъд аз дарсҳо хастаанд. Аммо хоҳиши зиёди омӯхтани чизи навро доранд, – мегӯяд Даря.
Далели сарбории бениҳоят зиёди муаллимон ин дар мактабҳои давлатӣ, баъзан 40-50 нафар дар як синфхона таҳсил мекунанд. Ҳам муаллимон ва ҳам волидони кӯдакон солҳои зиёд аст, ки аз ин мушкилӣ шикоят доранд. Масалан, дар байни иштирокчиёни тренинг муаллимае буд, ки дар синфи ӯ 47-хонанда таҳсил мекард.
– Яъне, мо усулҳои гуногуни таълимро муҳокима кардем. Бозиҳои нақшофарӣ, ҳамлаи зеҳнӣ, вале агар дар синфхона қариб 50 нафар бошанд, чӣ кор бояд кард? Дар умум дар бораи он гуфтам, ки агар ин қадар кӯдакон бошанд, чӣ гуна кор кардан лозим аст, кадом усулҳоро истифода бурдан мумкин аст. Ин осон набуд, – мегӯяд Даря.
Мисли тренинги кӯдакона, тамоми тренингҳои саводнокии расонаӣ, дар режими интерактивӣ гузаронида мешуданд, ки муаллимон бо завқ иштирок мекарданд: онҳо бо фейкҳо сарукор доштанд, қарор додан: оё ба хешовандонашон паём мефиристанд, ки кӯдакон аз Тархун заҳролуд шудаанд. Ва миёни аксҳо, якчанд пешворо дарёфт карда, тафаккури интиқодии худро обутоб доданд.
– Пеш аз оғози тренинг шаш муаллим ба наздам омада гуфтанд, ки то нисфирӯзӣ бо шумо мешинем ва баъдан барои навиштани диктанти умумӣ меравем. Ман асабонӣ шудам. Чун ин дафъа барои мулоқот вақт надорам. Аммо баъд дидам, ки онҳо нарафтанд: онҳо танҳо яке аз ҳамкорони худро фиристоданд, худашон барои омӯзиши саводнокии расонаӣ монданд, мегӯяд Даря.
Ҳоло вазифаи муҳими муаллимон, мутобиқ кардани ин дарсҳо дар барномаи таълимии муассиса мебошад. Онҳо дарсҳои инфиродиро ҷудо карда наметавонанд, зеро вайрон кардани система ғайриимкон аст; қарор доданд, ки ҳангоми дарсҳои мухталиф дар ин мавзӯъ ба хонандагонашон қисса мекунанд. Ғайр аз ин, суҳбат кардан дар ин бора ҳангоми дарсҳо хеле хуб аст. Зеро ҳар самти соҳаи маориф ҳоло бо саводи расонаӣ ва рақамӣ алоқаманд аст.
Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.