Ғолибони озмуни грантии «Формати хурд-2024» муайян шуданд

Дар натиҷаи овоздиҳии доварони мустақил чаҳор тарҳ ғолиби озмуни грантии Internews «Формати хурд-2024» дониста шуд. Дар маҷмуъ ба ин озмун аз Тоҷикистон 68 дархост ворид шуда буд.

Ба ин тартиб, чаҳор ғолиби озмуни грантии «Формати хурд-2024» инҳо ҳастанд, ки муҳтаво меофаринанд:

  • Шералӣ Давлатов, @sherali_kuhistoni, блогер аз ноҳияи Темурмалик, силсилаи гузоришҳо дар сабки саргузаштҳои ибратбахш аз ҳаёти сокинони деҳот аз минтақаҳои Тоҷикистон;
  • Насиба Камолова, фаъоли шаҳрвандӣ, муаллифи мустақил, силсилаи наворҳои кутоҳ дар сабки “стоп-моушен” дар бораи он ки кӯдакони дорои нотавонии зеҳнӣ дунёро чи гуна дарк мекунанд;
  • Алина Валамат-зода, рӯзноманигор, ровии гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, гузориши махсус дар бораи рақси мардона ҳамчун навъи ҳунаре, ки дар ҳоли нобудист. Дар пайи нашри гузориш флешмобе низ дар шабакҳаои иҷтимоӣ роҳандозӣ хоҳад шуд;
  • Эмомалӣ Сафаров, рӯзноманигори гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, филми ҳуҷҷатӣ дар бораи мушкилоти одамони дорои маъюбият, ба иловаи озмоиши иҷтимоӣ.

Озмун аз чанд марҳила иборат буд: дар марҳилаи аввал муаллифон дархостҳои худро ирсол карданд, марҳилаи дувум – аз интихоби техникӣ иборат буд, ки танҳо дархостҳои ба ҳамаи талаботи озмун посухгӯ интихоб шуданд. Дар марҳилаи севум дархостдодагон ҳангоми муаррифии тарҳҳои худ ба суоли ҳайати доварони мустақил посух доданд. Ҳайати довароне, ки аз ҳисоби коршиносон ва рӯзноманигорони ботаҷрибаи тоҷикистонӣ ташкил шуда буд. Дар марҳилаи чаҳорум муаллифони интихобшуда тарҳҳои худро бо пешниҳоду тавсияҳои доварон мутобиқ сохтанд ва ҳуҷҷатҳои заруриро ҷамъ оварданд.   

Маҳпора Киромова, ҳамоҳангсози тарҳи «Формати хурд» гуфт, ин бор бештари дархостҳоро муаллифони ҷавоне ирсол кардаанд, ки бори аввал аст грант ҷустуҷӯ мекунанд.

-Мо ба ҳамаи дархостдодагоне сипосгузорӣ мекунем, ки дар озмуни мо иштирок карданд ва хушҳолкунанда буд, ки чеҳраҳои нав миёни онҳо зиёд дида мешуд. Қобили зикр аст, ки на танҳо рӯзноманигорони мустақил, балки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам дархост ирсол карданд. Ин ба он маъност, ки онҳо бовар доранд, баёни фикру идея тавассути муҳтаво – ниҳоят муҳим аст, – гуфт Маҳпора.

Таваҷҷуҳи асосии доварон ҳангоми баррасии дархостҳо, ба гуфтаи Маҳпора, ба сабку мавзуи тарҳҳо ва зовияи инъикоси мавзуҳо, инчунин натиҷаҳои эҳтимолии кори дархостдодагон равона шуда буд.

-Бисёре аз муаллифон, мутаассифона, наандешида буданд, ки тарҳҳояшон чи ҳадафу вазифа хоҳанд дошт, онҳо танҳо ба эҷоди муҳтаво таваҷҷуҳ карда буданду бас. Ҳайати доварон ин ҷиҳати масъаларо низ мадди назар гирифтанд, ки тарҳҳо чи натиҷа, чи таъсире ба бор меоранд. Барои мисол, оё тарҳи пешниҳодшуда барои шунидани садои сокинони минтақаҳои дурдасте кумак мерасонад, ки имкони дигаре бораи аз худ дарак додан надоранд? Муаллиф бо тарҳи худ чи паёме медиҳад? – шарҳ дод Маҳпора.

Ҳамчун намунаи зовияи ғайриодӣ Маҳпора аз тарҳи Алина Валамат-зода мисол меорад, ки ба рақси мардонаи тоҷикӣ бахшида шудааст.

-Се сол пеш Интернюс аз тарҳи монанд ба ҳамин мавзуъ ҳимоят карда буд, аммо дар рафти ҳимояи мавзуи худ Алина тавонист, ба ҳайати доварон исбот кунад, ки онро комилан аз зовияи дигар баррасӣ мекунад ва ин мавзуъ ҳамчунин дарбаргирандаи масоили истеъморзудоист. Ва ин зовия ниҳоят ҷолиб буд. Ҳайати ҳакамон, ки расонанигорони касбӣ буданд, дарк мекарданд, ки Тоҷикистон кишвари хабарсоз нест ва аз ҳамин хотир интизори мавзуҳои ниҳоят ғайриодӣ набуданд. Аммо зебо ва ҷолиб пешниҳод кардани мавзуҳои пешопоуфтода низ ҳунар ва тавоноӣ мехоҳад, – гуфт Маҳпора.

Ҳамчун тавсия барои дархостдиҳандагони озмунҳои грантии навбатӣ ҳайати доварон пешниҳод доранд, ки бештар ба саргузаштҳои “саҳроӣ” таваҷҷуҳ шавад, яъне барои муҳтавои худ берун аз ҳудуди идораи корӣ маълумот ҷамъоварӣ шавад, бо афроди зинда дидору гуфтугӯ сурат гирад ва формат ё жанрҳои мураккаб, амсоли гузориши махсус, мусоҳибаи васеъ ва ғайра нодида гирифта нашаванд. 

Мавриди зикр аст, ки Internews дар Тоҷикистон фаъолияташро дар бахши рушд ва ҳимояти расонаҳои мустақили кишвар, аз ҷумла бо баргузор кардани озмунҳои грантӣ барои эҷоди муҳтавои босифати ватанӣ идома медиҳад.

Ёдрас мешавем, озмуни грантии «Формати хурд-2024» дар доираи тарҳи панҷсолаи «Дастгирии муҳити созгори иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ» (Central Asian Information Integrity Action — CAIIA) баргузор шуд, ки соли 2023 шуруъ шудааст ва то соли 2028 идома мекунад.

Лоиҳаи «Дастгирии муҳити созгори иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ» (CAIIA) аз ҷониби Интернюс ҳамроҳ бо шарикон – Zinc Network (Британияи Кабир) ва ташкилоти ҷамъиятии «Хома» (Тоҷикистон) амалӣ карда мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *