Ғолибони озмуни «Формати калон-2025» дар Тоҷикистон муайян шуданд

Комисияи мустақили интихобии озмуни грантии Internews дар Тоҷикистон ғолибонро муайян кард. Аз 29 дархост, ки ба озмуни «Формати калон-2025» ворид шуда буд, ду тарҳ беҳтарин дониста шуд.

  • Тарҳи филми мустанади филмсоз Одина Маҳмад “Зиндагӣ дар баландии 3200 метр” дар бораи сокинони ноҳияи Мурғоб;
  • Тарҳи гуруҳи эҷодии иборат аз рӯзноманигорони телевизионӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон – Нуъмон Умаров, Хоҷа Назрӣ ва Парвина Абдуллоева, ки ба баробарии ҷинсӣ бахшида шудааст.

Барои амалисозии идеяҳои худ дархостдодаҳо аз ҷониби Internews кумаки молӣ ва коршиносӣ дарёфт мекунанд. Ин ду тарҳ давоми ҳафт моҳ амалӣ мешаванд – дар ин муддат муаллифон муҳтаво меофаранд, мухотабони зиёдеро фаро мегиранд ва шарик месозанд, инчунин талош мекунанд, ки дар мавзуҳои интихобкардаашон тағйироте ворид созанд.

Ба гуфтаи ҳамоҳангсози тарҳи “Формати калон” Маҳпора Киромова, яке аз ҷанбаҳои мусбати тарҳҳои ғолибшуда барои ҳайати доварони мустақил он будааст, ки ин ду тарҳ дар бораи зиндагӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон қисса хоҳанд кард.

– Мутассифона, бино ба сабабҳои айнӣ, расонаҳо дар кишвари мо бештари вақт ба рӯйдодҳое таваҷҷуҳ мекунанд, ки дар пойтахт ва ё шаҳрҳои калон дида мешаванд. Чунин тамаркузу таваҷҷуҳ сабаб дорад, барои мисол, расонаҳо имконият надоранд, ки аз Душанбе берун раванд. Барои ин кор низ кумаки грантӣ зарур аст, – гуфт вай.

Бартарии дувуми тарҳҳо аз он иборат буд, ки муҳтавои онҳо дар шабакаҳои телевизионӣ пахш хоҳанд шуд.

– Пажуҳишҳои зиёде нишон медиҳанд, ки бинандаҳо дар Тоҷикистон ҳамоно телевизионро манбаи асосии иттилоъ интихоб мекунанд ва мо умедворем, ки шарикони мо метавонанд, дар доираи ҳамкории муштарак муҳтавои босифате ба бинандаҳо пешниҳод кунанд, – шарҳ дод Маҳпора Киромова.

Дар ҳамин ҳол, Internews дар Тоҷикистон фаъолияташро дар самти рушд ва кумаки расонаҳои мустақили кишвар, аз ҷумла бо баргузор кардани озмунҳои грантӣ барои офаридани муҳтавои босифати маҳаллӣ идома медиҳад.

– Ман мехоҳам ба ҳамаи иштирокдорони озмун изҳори ташаккур ва ғолибонро табрик кунам. Ба зудӣ мо кори бузургеро шуруъ мекунем, ки дар ҷараёни он на танҳо тими шарикон, балки коршиносони иловагӣ ҷалб хоҳанд шуд. Умед дорам, бо талошҳои муштарак корҳои боарзише анҷом хоҳад шуд, – гуфт Маҳпора Киромова.

Соли гузашта ду тарҳ ғолиби озмуни грантии “Формати калон” шуда буданд:

  • Тими расонаи Your.tj – тарҳи бахшида ба баробарии ҷинсӣ (1,2,3,4);
  • Филмсоз Исмоил Зибоӣ – филми аниматсионии “Зиёд” дар бораи зиндагии наврасони душвортарбия (дар марҳилаи коркард қарор дорад).

Ёдовар мешавем, ки тарҳи “Формати калон” дар доираи тарҳи панҷсолаи “Дастгирии муҳити созгори иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ” (Central Asian Information Integrity Action — CAIIA) доир гардид, ки ин тарҳ соли 2023 шуруъ шуда, то соли 2028 идома хоҳад кард.

Лоиҳаи “Дастгирии муҳити созгори иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ” (CAIIA) аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад ва онро Internews амалӣ мекунад. Ҳадафи CAIIA нигоҳдорӣ ва таҳкими ягонагии фазои иттилоотӣ дар ОМ ва баланд бардоштани устувории ҷомеа ба маълумоти бардурӯғ мебошад. USAID созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, ба пешравии устувор мусоидат мекунад. Барои маълумоти бештар ба саҳифаҳои зер ворид шавед:  https://www.usaid.gov/central-asia-regional  https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *