Севумин фестивали ҳарсолаи кишварҳои Осиёи Марказӣ барои мутахассисони расонаии MediaCAMP Fest ба поён расид ва ин бад-он маъност, ки мо тайёр ҳастем натиҷаҳои MediaCAMP Award-ро эълон кунем.
Барои ҳайати доварони севумин озмуни минтақавӣ ҷиҳати рӯзноманигорон кор осон набуд. Мо имсол 646 дархост қабул кардем. Барои муқоиса: дар соли 2020 танҳо 350 мавод пешниҳод шуда буд, дар соли 2019 – 470 мавод. 91 рӯзноманигор, блогер, суратгир ва карикатурист аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Узви ҳайати доварон, рӯзноманигор, коршиноси расона (медиаэксперт), тренери расона (медиатренер) оид ба журналистикаи корӣ барои матбуоти қазоқ Асия Акишева қайд мекунад: «Ман дар давоми ҳар се сол дар ҳайати доварони Қазоқистон будам. Имсол – бори аввал дар ҳайати марҳилаи интихобии минтақа иштирок кардам. Ҷолиб аст, ки ман тавонистам корҳои ҳамкоронро аз кишварҳои ҳамсоя дар шакли асл тамошо кунам ва онҳоро бо чизҳое муқоиса кунам, ки рӯзноманигорони мо анҷом медиҳанд. Муҳим аст, ки ба эҳсосот дода нашавем ва тасмими дар ҳақиқат объективӣ гирем. Имсол мавзӯъҳои ҷолиб бисёр буданд. Аз ҷумла, мушкилоте баррасӣ шуданд, ки дар кишварҳои мо пинҳон ва ноаён буданд: зӯроварии маишӣ нисбат ба занон, зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон. Ҳамаи корҳо аз рӯи ин мавзӯъҳо аз нигоҳи касбӣ омода шуда буданд. Ҳамчунин имсол лоиҳаҳои ҷолиб ва беназири мултимедиявӣ, қарорҳои созанда (креативӣ) буданд, ки асосан аз ҷониби занони рӯзноманигор пешниҳод шуда буданд.»
Ғолибони MediaCAMP Award 2021:
Замони тасвир аз наздик (Время крупным планом)
1 ҷой Алихан Сариев бо акс дар бораи таҳсили фосилавӣ дар вақти карантин
Замони пирӯз шудан (Время побеждать)
3 ҷой Саби Байбусинов бо филми мустанад дар бораи қурбониёни зӯроварии маишӣ (телеканали «Хабар»).
2 ҷой Айгерим Бегимбет, лонгриди изҳоршуда «Ҳамроҳ бо писари шашсолааш 4 сол дар ғуломӣ қарор дошт».
1 ҷой Гулнора Амиршоева бо лоиҳаи чандрасонаӣ (мултимедиявӣ) «Хонае, ки дар он дарди фаромӯшнашуда зиндагӣ мекунад» (ширкати расонаии «Вечёрка»).
Замони созандагӣ (Время созидать)
3 ҷой Назгул Абжекенова бо ҳикоя дар бораи соҳибкоре, ки занони танҳо бо кӯдакон, хатмкардагони хонаи ятимон ва шахсони аз зиндон озодшударо бо кор таъмин мекунад (рӯзномаи «Караван»).
1 ҷой Данел Хоҷаева – нақл мекунад, ки кӣ дар Қазоқистон ба забони жестҳо видео месозад (нашрияи Steppe).
Мавзӯи сол. Замони пандемия
3 ҷой Татяна Кудрявсева ва Мария Орлова, дар бораи се мавриди нодидагирии ҳукуматдорон, ки ба хуруҷи коронавирус оварда расониданд (24.kg).
2 ҷой Тилек Бейшеналиев, Азат Рузиев ва Нуржамал Ҷанибекова, бо пешниҳоди маводи «Дуд моро мекушад» (Instagram-лоиҳаи «Башта»).
1 ҷой Раҷаб Розиқзода ва Мансур Ҷумъаев, дар ин бора хабар ёфтанд, ки дар соли 2020 чор ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сабаби чӣ фавт карданд (Asia Plus).
Замони ҷавонон
3 ҷой Исматулло Абдуллоев, бо пешниҳоди видео таҳти унвони «Ваҳдат: духтарон намехоҳанд ба мактаб бираванд» («Фараж»).
2 ҷой Наргиза Ерес, Куаныш Жубандыков ва Ясемин Озер, бо пешниҳоди видео таҳти унвони «Проблемаи зӯроварии шаҳвонӣ нисбат ба кӯдакон» (медиалоиҳа Gazhaiyp).
2 ҷой Арай Жауперова бо пешниҳоди маводи «”Ман худро зани ҷинояткор эҳсос кардам”: қиссаи заноне, ки дар кори давлатии мамнуъ кор мекунанд» (Masa.media).
1 ҷой Наргиза Анарбай қизӣ бо лонгрид дар бораи дуздидани арӯсҳо (T-media.kg).
Замони фаҳмидан
3 ҷой Гулираъно Мӯсоева бо маводи «Чаро наметавон онро ҳамон гуна ки ҳаст, қабул кард?» (нашрияи Daryo.uz).
3 ҷой Айсулу Тойшибекова, бо мақолаи «”Бедор шудӣ, бояд ҷустуҷӯ кунӣ”: чӣ гуна шаҳрвандони Қазоқистон ба мефедрон вобаста карда мешаванд» дар нашрияи HOLA News чоп шуд.
2 ҷой Ҷамила Маричева, Анастасия Ятсун ва Екатерина Волкова, бо пешниҳоди нашри Instagram-лоиҳаи «Чӣ гуна ҳама чиз дар KZ ба роҳ монда шудааст»
1 ҷой Анна Капушенко ва Савия Ҳасанова бо кори «Дар ҳар сурати ман ӯро мекуштам» (нашрияи Kloop).
Ғолиби номинатсияи шашуми «Замони тасвир аз наздик (Время крупным планом)» аз тариқи овоздиҳии кушода дар сайт муайян карда шуд ва Алихан Сариев аз Қазқистон ғолиб шуд. Ӯ ғолиби ягонае буд, ки номаш пешакӣ маълум шуда буд (овоздиҳӣ субҳи 12 сентябр хотима ёфт).
Ҳамчунин ҷоиза гирифтанд:
1.Анна Мифтоҳова аз Тоҷикистон – барои нигоҳи махсус ба таърих дар мавод».
2. Елена Владимирова, Туркманистон — барои ғановат ва рангорангии забони дар маводи «Паланг рӯҳияи хуб надошт!»
3. Мустаҳкам Тангриёрова, Ӯзбекистон — барои нозукбаёнӣ ва ҳамдардӣ ба қурбониёни фоҷиа дар маводи «Фарзанди ман заминро кофт ва дар зери замин монд».
4. Ардак Букеева ва Алма Умарова аз Қазоқистон — барои маҳорати рӯзноманигорӣ ва таҳқиқи амиқи мавзӯъ дар маводи «Маҳорати баланди парвоз” (Высший пилотаж).
5. Мақсадбек Усмоналиев, Қирғизистон — барои қиссаи фаромӯшнашаванда, ки дар аксҳои маводи «Духтарак ва куррахар» нақл шудаанд.
6. Юлдошева Муноҷатхон, Ӯзбекистон — барои ҷасорати рӯзноманигорӣ ва мавқеи рӯзноманигорӣ дар таҳқиқоти «Бизнес дар зӯри пӯшиши корона».
7. Кутманбек Маматазимов, Қирғизистон — барои эҷоди қаҳрамони мусбат, ки дар мураккабтарин ҳолатҳо ҳам дилмонда намешавад. Филми мустанади «”Ҷаҳони баробар” (Равный мир).
8. Дастаи лоиҳаи ANATOMICÁ, Ӯзбекистон — барои шикастани стереотипҳо дар маводи «Одамон бо ВНМО».
“Ман шуморо табрик мекунам ва эҳсосоти шуморо мефаҳмам, шумо аз озмуни хеле калон гузаштед. Сарфи назар аз буҳрон ва пандемия шумо корҳои худро пешниҳод намудед – имсол корҳо ду баробар зиёдтар ҳастанд. Ман ба онҳое муроҷиат мекунам, ки ба ҷоиза пешниҳод нашуданд. Худи ин далел, ки шумо дар озмун иштирок кардед – ин худ кори калон аст. Шумо ангеза доред ва пешрафти касбии худро идома медиҳед ва мо хушҳол ҳастем, ки хоҳиши шуморо барои пешрафт ва рушд дастгирӣ менамоем. Мо ба ин чиз арзиши зиёд қоил ҳастем, ки дар ин замони душвор шумо дар худ нерӯ ва хоҳиш пайдо кардед, ки дар озмуни мо иштирок кунед ва бештар касбӣ шавед” – гуфт роҳбари намояндагии Internews дар Осиёи Марказӣ Марат Бигалиев.
Озмуни MediaCAMP Award дар минтақа ҳадди ақал боз ду соли дигар гузаронида мешавад. Қабули дархостҳо аз охири баҳори соли 2022 оғоз мешавад, бехабар намонед! Маросими тақдими ҷоизаро метавон дар сабт нигоҳ кард.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.