Internews барои пешниҳоди хидматрасониҳои тарроҳӣ (дизайнерӣ) шарик меҷӯяд (ТАМДИД ГАРДИД)

Internews барои пешниҳоди хидматрасониҳои тарроҳӣ (дизайнерӣ) шарик меҷӯяд

Намояндагии Internews дар Қазоқистон ва Тоҷикистон дар чорчӯби барномаи MediaCAMP барои интихоби таъминкунандаи хидматрасониҳои тарроҳӣ озмун эълон мекунад. Таъминкунандаи хидматрасониҳо метавонад танҳо шахси ҳуқуқӣ бошад.

Талабот ба таъминкунандагони эҳтимолии хидматрасониҳо:

  • Таҷрибаи корӣ дар таҳияи дизайни графикӣ на камтар аз се сол
  • Фаҳмиши хуби қонунҳои композитсия ва типографика
  • Фаҳмиши тамоюлҳо (трендҳо)
  • Муносибати тағйирпазир ба кор
  • Таҳсилоти касбӣ бартарӣ хоҳад буд

Вазифаҳо:

  • Таҳияи унсурҳои графикӣ ба забонҳои қазоқӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ:
    • Эълонҳо (афиша)
    • Бланкҳо (баргаҳо) барои шабакаҳои иҷтимоӣ
    • Бланкҳои презентатсияҳо
    • Ороиши ленгдингҳо
    • Сертификатҳо
    • Тӯҳфаҳо
    • Баннерҳо
    • Ороишҳо (иллюстратсияҳо) барои мақолаҳо ва ғайра.

Чӣ тавр метавон дар озмун иштирок кард?

Дархостро тавассути линк  то 26 сентябр, соати 19:00 (ба вақти Душанбе) ирсол намоед.

ТАМДИД ГАРДИД: Дархостро тавассути линк  то 30 сентябр, соати 19:00 (ба вақти Душанбе) ирсол намоед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *