MediaCAMP Fest – ҷашнвораи II-юми Осиёи Марказӣ барои мутахассисони ВАО бо эълони натиҷаҳои озмуни MediaCAMP Award 2020 ба поён расид. Як рӯз пеш аз эълони натиҷа, ширкаткунандагони даври ниҳоӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар чор бахш бо аъзои ҳакамони байналмилалӣ вохӯрда гузарониданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ дар бораи он сухан карданд, ки маводҳо бо кадом меъёрҳо арзёбӣ карда шуданд, бо журналистикаи минтақавӣ чӣ рух медиҳад ва дар озмуни оянда ба кадом меъёрҳо бояд диққат додан зарур аст.
– Мо кӯшиш кардем маводҳоеро интихоб кунем, то дар он қисса тарзе нақл карда шудааст, ки ҳангоми хондан дарди қаҳрамон эҳсос карда шавад. Ва бисёр муаллифон дар иҷрои он муваффақ гаштанд, – мегӯяд Манана Асламазян, яке аз аъзоёни ҳакамон.
Дар умум ба MediaCAMP Award 2020 аз рӯйи чор бахш 282 мавод пешниҳод карда шуд, ки аз он 60-тояшон ба даври ниҳоӣ баромаданд. Беҳтарин рӯзноманигорони минтақа шуданд:
“Ҳокимият ва ҷомеа”:
Ҷойи 1-ум — Гульнора Амиршоева, Тоҷикистон, бо лонгриди худ дар мавзӯи собиқ занони маҳбус, ШР “Вечерка”.
Ҷойи 1-ум — Александра Ли ва Метин Джумагулов, Қирғизистон, бо маводи худ дар мавзӯи “«Ба ҷои дарахтон манзилҳо. Чӣ гуна мақомот беш аз сеяки боғи Отатуркро хаоб карданд».
Ҷойи 2-юм — Лукпан Ахмедьяров ва Рауль Упоров, Қазоқистон, филми ҳуҷҷатии «Он сӯйи нафт» аз нашрияи «Уральская неделя».
Ҷойи 3-юм — Алиса Масалёва, Қазоқистон, бо маводи худ дар мавзӯи хушунати хонаводагӣ.
Ҷоизаҳои махсус насиби Ёдгор Исломбеков (Тоҷикистон) мусоҳиба бо каромат Шарипов ва Жасын Біркенов (Қазоқистон) бо маводи «Шалқарға апарар жол» гардиданд.
“Вақти ёрӣ расонидан”:
Ҷойи 1-ум — Алия Хамидуллина,Тоҷикистон, бо маводи худ дар бораи кӯдакони дорои синдроми Дауна.
Ҷойи 2-юм — Оксана Акулова, Қазоқистон, бо маводи «…Ва он вақт ман гиря кардам” -аш, ки дар рӯзномаи «Время» ба чоп расид.
Ҷойи 2-юм — Айҷамал Туголбай кизи бо маводи «ВИЧке байланган балалык-үзүлбөгөн үмүт…».
Ҷойи 3-юм — Елена Яковлева, Қирғизистон, ТРК «НТС», бо маводи «Бар зидди рак ғолиб баромадан мумкин аст!».
Ҷоизаҳои махсус насиби Отабек Исроилов (Ӯзбекистон) бо маводи дар рӯзномаи Mashal нашр шудааш, Сайёра Шоева (Ӯзбекистон) бо маводи «Сотилган Муҳаббат… қабристонда тунади» ва Ягуда Халилова (Туркманистон) бо пешниҳоди мақолаи «Begmyrat kösäniň guýusy» гардиданд.
“Қаҳрамонони ҳамҷавор”:
Ҷойи 1-ум — Диля Батенова, Қазоқистон, бо пешниҳоди маводи «Агенти тағйирёбии ҷаҳон аз Қазоқистон».
Ҷойи 2-юм — Бекжан Асылбеков ва Александра Титова, Қирғизистон, бо гузорише дар бораи чӣ гуна донишҷӯёни политехникии академияи тиббӣ дар Қирғизистон аввалин протези бионикӣ карданд”.
Ҷойи 2-юм — Элмурат Аширалиев, Қирғизистон, бо подкасти муаллифии- «КИШИ».
Ҷойи 3-юм— Уктам Ризоев,Тоҷикистон, лоиҳа дар бораи духтари дорои маъюбият;
Ҷойи 3-юм — Мехрангез Турсунзода, Тоҷикистон, гурӯҳи расонаҳои Азия-Плюс, мавод дар бораи табибоне, ки бар зидди COVID-19 мубориза бурданд.
“Насли бидуни марз – Вақти имкониятҳо”:
Ҷойи 1-ум — Жайнагул Талас кизи, Қирғизистон, бо маводи видеоии «Сыноого сынбаган “президент кыз”».
Ҷойи 2-юм— Константин Башлаев, Ӯзбекистон, бо маводи худ, ки дар бораи чӣ гуна донишмандони Ӯзбекистон технологияҳои ояндаро дар гараж истеҳсол мекунанд, аст.
Ҷойи 3-юм— Роза Аренова, Қазоқистон, бо ҳамон маводаш, ки дар Informburo.kz чоп шудааст.
Ҷоизаи махсус насиби Елена Долгова (Туркманистон) бо маводи «Сӯҳбат аз самими дил …» гардид.
Ғолиби бахши панҷум “Объектив” тавассути овоздиҳии кушод дар сомонаи ҷашнвора муайян карда шуд ва ӯ Айгерим Бегимбет аз Қазоқистон буд. Ин ягона ғолибест, ки номаш пешакӣ маълум буд (овоздиҳӣ соати 00:00 аз 18 ум ба 19-уми сентябр ба охир расид). Аз ин рӯ, Интернюс шахсан ба табрикоти ӯ рафт.
– Дар ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ журналистика бо роҳҳои гуногун рушд карда истодааст. Масалан, дар Қазоқистон ва Қирғизистон, сарфи назар аз фишор, рӯзноманигорон кори худро дар соҳаи иттилоот бо шаъну шараф идома медиҳанд. Вижагии журналистикаи тоҷик дар он аст, ки муаллифон дар бораи мушкилоти ҷиддӣ бо забони “мулоим” ҳарф мезананд. Солҳои охир журналистика дар Ӯзбекистон роҳи озодиро пеш гирифтааст. Ин махсусан ба журналистикаи шаҳрвандӣ дахл дорад. Журналистикаи туркманӣ махсус буда, ҳама чиз дар пеш аст. Аммо дар ҳама кишварҳо як хусусияти умумӣ мавҷуд аст: журналистони мо пайваста қаҳрамонҳоро аз байни мардум меҷӯянд. Ва ин хеле хуб аст, – мегӯяд Санҷар Миралиев, яке аз аъзоёни ҳакамон.
Озмуни MediaCAMP Award ҳадди ақал се соли дигар дар минтақа баргузор мегардад. Маросими ҷоизасупориро дар ин линк тамошо кардан мумкин аст.
Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.