ТАМДИД ШУД: Ҷойи кори холӣ дар Internews дар Тоҷикистон: Ҳамоҳангсози лоиҳаҳо оид ба журналистикаи додаҳо дар Тоҷикистон

Internews ва ACTED нақша доранд, ки лоиҳа оид ба журналистикаи додаҳоро дар Қирғизистон ва Тоҷикистон инкишоф диҳанд ва мо дар бораи ҷойи кори  холӣ барои ҳамоҳангсози лоиҳа дар Тоҷикистон эълон мекунем.

Самтҳои асосии кор:

  • Ташкил ва инкишоф додани шуъбаҳои додаҳо дар нашрияҳо тавассути додани грантҳо ва роҳнамоии (ментории) ҳадафманд дар;
  • Тренингҳо оид ба додаҳо-журналистика;
  • Дастгирии рушди додаҳо-журналистика ва эҷоди контенти асосёфта ба додаҳои боз тавассути кор бо рӯзноманигорон, эҷодкунандагони контент, нашрияҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ;
  • Таҳқиқи додаҳои боз;

Кори ҳаррӯза вазифаҳои асосии зеринро таҳти роҳбарии Менеҷери минтақавии лоиҳа дар бар мегирад:

  • Дастгирӣ намудани Менеҷери лоиҳа дар таъмини кори бомуваффақияти лоиҳа дар Тоҷикистон мутобиқи нақша, ҳадафҳо ва буҷет;
  • Ҳамоҳангсозии кори коршиносон ва менторҳои берунӣ барои ба таври бомуваффақият ҷорӣ кардани барномаҳо, тренингҳо ва семинарҳо;
  • Ҳамкорӣ бо шарикони лоиҳа;
  • Додан ва мониторинги зергрантҳо ба шарикони расонаӣ;
  • Кори мунтазам бо шарикон аз расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон, эҷодкунандагони контент, нашрияҳо, менторҳо, коршиносон;
  • Барқарор кардани тамосҳо ва муносибатҳо бо нашрияҳои қабулкунанда барои эҷод ва рушди дата дескҳо (мизи додаҳо);
  • Ҷамъоварии маълумот барои мониторинг ва арзёбии доимии лоиҳа ҷиҳати пайгирии нишондиҳандаҳо ва натиҷаҳои лоиҳа;
  • Тартиб додани ҳисоботҳои тавсифӣ оид ба пешрафти лоиҳа ва натиҷаҳои он дар Тоҷикистон;
  • Ҳамкории наздик бо дигар барномаҳои кишварии Internews барои таҳияи стратегияҳои гурӯҳӣ ҷиҳати густариш додани додаҳо-журналистика ва дигар соҳаҳои рушди ВАО;
  • Бо иҷро намудани ҳамаи уҳдадориҳои худ, фаҳмидан ва нишон додани уҳдадорӣ барои риояи арзишҳои асосии Интернюс.

Талаботи асосӣ ба номзад:

  • доштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • доштани таҷрибаи корӣ дар бахши рушди лоиҳаҳои расонаӣ на камтар аз 3 сол;
  • доштани маҳоратҳои корӣ дар журналистика;
  • фаҳмидани раванди истеҳсоли контент;
  • қобилияти фаҳмидани ниёзҳои шарикон ва созмонҳои пудратчӣ, инчунин расонидани кӯмак дар ташкили равандҳои самарабахши кор;
  • таҷрибаи тартиб додани ҳисоботҳои тавсифӣ ба забони англисӣ;
  • дониш дар соҳаи журналистика ва махсусан додаҳо-журналистика;
  • дониш дар бораи истеҳсоли контенти расонаӣ (медиаконтент);
  • қобилият барои ташкил намудани шабакаҳои коршиносон ва мутахассисон ҷиҳати татбиқи муштараки ташаббусҳо ва барномаҳо;
  • тафаккури таҳлилӣ ва маҳоратҳои ҳалли мушкилот;
  • донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (гуфтугӯӣ, хаттӣ);
  • дониши хуби забони англисӣ.

Таваҷҷуҳ намоед, ки ба кор гирифтан ба ин вазифа аз тасдиқи маблағгузорӣ вобаста хоҳад буд.

Дар дархости кӯтоҳ (на бештар аз як саҳифаи матн), лутфан ангеза (мотиватсия), интизориҳои худро дар бораи кори дарпешистода дар Internews ва ҳамчунин ҳадди поёнии маоши интизорравандаро баён намоед. ТАМДИД ШУД: Аз шумо хоҳиш менамоем, ки резюмеи стандартӣ (CV) ва дархостро то соати 18:00-и рӯзи 30-уми сентябри соли 2021 ба нишонии почтаи электронӣ ирсол намоед: TJ-Info@internews.org

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *