Ҷои холии кор дар Internews дар Тоҷикистон 

Унвони вазифа:​Менеҷери таҳлили молиявӣ

Макон: ​шаҳри Душанбе, Тоҷикистон

Муҳлат: ​Як сол
Ҳисобдиҳанда аст ба​Директори кишварӣ

ТАВСИФИ ВАЗИФА:

Менеҷери таҳлили молиявӣ барои фаъолиятҳои молиявии Internews дар Тоҷикистон ҷиҳати Барномаи расонаӣ дар Осиёи Марказӣ (MediaCAMP) ва дигар лоиҳаҳо мувофиқи қонунҳо ва қоидаҳои маҳаллӣ, инчунин Internews, сиёсат ва тартиботи донорҳо масъул аст. Ӯ шуъбаи идоракунии молиявии Internews дар Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад ва ҳамроҳ бо сармуҳосиб ва менеҷери офис/асистенти молиявӣ пардохтҳои саривақтӣ ва дақиқро ба грантгирандагон ва дигар амалиёти молиявӣ таъмин мекунад; ҳисоботи молиявиро ба таври мунтазам тартиб медиҳад; ва назорати сифатии бахши музди корро таъмин менамояд. Ӯ инчунин гардиши пули нақдро идора мекунад ва таҳлили мунтазами хароҷотро дар муқоиса бо буҷетҳои лоиҳа ва пешгӯиҳои мунтазами хароҷотро таъмин мекунад. Менеҷери таҳлили молиявӣ бо сармуҳосиби минтақавии барнома, директори кишварӣ, менеҷери минтақавии молиявӣ ва менеҷери E&E Business барои таъмини амалиёти муътадили молиявӣ аз наздик ҳамкорӣ мекунад. Менеҷери таҳлили молиявӣ ба директори кишварӣ ҳисобот медиҳад.

УҲДАДОРИҲО ВА МАСЪУЛИЯТҲОИ АСОСӢ

• Таҳлили амиқи молиявии лоиҳаҳои ҷориро, ки аз ҷониби Internews дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд, анҷом медиҳад, дар бораи вазъи молиявии ҳар як лоиҳа ва умуман ташкилот ба роҳбарият ҳисоботи дақиқ пешниҳод менамояд;

• Ба роҳбарият дар бораи беҳбудиҳо ва/ё коҳишҳои эҳтимолӣ маслиҳат медиҳад;

• Бар асоси ҳарчи зудтар ба роҳбарият дар бораи риск (хавф), оқибатҳо ё интизориҳои эҳтимолии рушд ҳам дар кӯтоҳмуддат ва ҳам дар дарозмуддат хабар медиҳад;

• Низоми мунтазами пешгӯии пули нақдро барои таъмини дастрасии маблағҳои лозим барои қонеъ кардани талаботи барнома ва идора ҳамоҳанг месозад ва нигоҳ медорад;

• Равандҳои ҷории хароҷотро барои барномаҳои инфиродӣ дар муқоиса бо буҷет назорат мекунад ва сари вақт дар бораи хароҷоти зиёдатӣ ва кам машварат медиҳад;

• Хароҷоти дафтарро пешгӯӣ мекунад ва дархостҳоро барои интиқоли пул ба дафтари марказӣ омода менамояд; 

• Ҳисоботҳои молиявии ҳармоҳаро тибқи талаботи Internews таҳия мекунад;

• Транзаксияҳо, самтҳои хароҷот/буҷетҳоро бо истифода аз ҳисоботҳо дар бораи вазъияти кор назорат менамояд ва кӯмаки молиявӣ, машварат ва роҳнамоиҳоро барои кормандони шуъбаи молиявӣ ва ҳамоҳангсозон/менеҷерони лоиҳа таъмин мекунад;

• Сифати фонди музди меҳнат ва муомилаҳои молиявиро назорат мекунад;

• Масъул аст, ки ҳисобот дар бораи вазъияти вазифаҳои кориро ҳармоҳа бознигарӣ намояд ва ислоҳоти лозимро анҷом диҳад;

• Буҷетҳо, муҳосибаи гардиши пули нақдро барои лоиҳаҳои ҷорӣ, пешниҳодшуда ва ояндаи Internews дар Тоҷикистон таҳия намояд;

• Ҳисоботҳои молиявии субгрантҳои шариконро бознигарӣ ва тасдиқ намояд;

• Кормандони шуъбаи молияро идора кунад, вазифаҳоро ҳамчун амри зарурӣ ва мониторинги иҷро вогузор кунад;

• Дигар вазифаҳои таъйиншуда.

ТАЛАБОТ ВА ТАХАССУС:

• Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• Донистани забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ ҳатмист

• Дараҷаи магистр ё муодили он дар иқтисод ё молия;

• На камтар аз 5-7 сол таҷрибаи кори мустақил дар вазифаи мушобеҳ; 

• Таҷрибаи кор дар созмонҳои байналмилалӣ, тарҷеҳан дар созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ;

• Дониш ва шиносоии наздик бо стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;

• Шаҳодатномаҳои байналмилалии баҳисобгирӣ.

• Ба дараҷаи касбӣ донистани забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ;

• Таҷрибаи кор дар созмонҳои байналмилалӣ;

• Қобилияти зуд ва самаранок кор кардан барои босифат иҷро кардани супоришҳои таъйиншуда;

• Маҳоратҳои қави муоширатӣ ва сатҳи баланди масъулият;

• Уҳдадорӣ ба арзишҳои асосии Internews.

Муҳлат барои супоридани резюме (CV) ва мактуби изҳори таваҷҷуҳ – 19 августи соли 2022 тавассути почтаи электронӣ: TJ-info@internews.org

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *