«Одоби рӯзноманигорӣ – бештар ростқавлӣ аст, то шуҷоат»: рӯзноманигорон дар Душанбе меъёрҳои ахлоқии худро баррасӣ карданд

Бо вуҷуди он, ки ҷомеаи расонаҳои Тоҷикистон аввалин шуда дар минтақа меъёрҳои ахлоқии худро қабул кард, на ҳама хабаргузориҳо дар кишвар қоидаҳоеро, ки замоне худашон таҳия карда буданд, риоя мекунанд. Сабабҳои рух додани чунин ҳолат ва оқибати ворида аз нодида гирифтани меъёрҳои ахлоқӣ барои ҷомеаи расонаӣ, аз ҷониби намояндагони бозори ВАО дар як нишасти вижаи мавзӯӣ, ки бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон аз ҷониби медиа-гурӯҳи «Азия Плюс» баргузор мешавад, мавриди баҳс қарор гирифт.

Чаро меъёрҳои ахлоқӣ лозиманд?

Қоидаҳои ахлоқӣ  барои ВАО – и Тоҷикистон ҳанӯз соли 2009 дар ҷумҳурӣ қабул шуда буданд  (дар соли 2021 таҷдид гардидёддошти ред.). Ҳуҷҷатро  рӯзноманигорон дар минтақа аввалин шуда таҳия намуданд, ба он 17 нуктае, ки сари онҳо тамоми ҷомеаи расонаӣ кор кардааст: 76 расонаи мустақил ва давлатии узви Шӯрои ВАО – созмоне, ки мебоист рафти иҷрои нуктаҳои ҳуҷҷатро назорат мекард — барои риояи онҳо розӣ шуданд. Аммо дарки ин кодекс, ба назари рӯзноманигор Раҷаби Мирзо, аз ибтидо аз ҷониби аксари намояндагони расонаҳо нодуруст буд.

 – Меъёрҳои ахлоқӣ ҳамчун имкони нави пешбурди институти сензура ҳисоб мешуданд. Мо дар ибтидои таъсиси кодекс дар ин бора баҳси шадид доштем ва ман боварӣ дорам, ки ин мушкилот то ҳол вуҷуд дорад. Аммо кодекси ахлоқӣ пеш аз ҳама барои он зарур аст, ки мақомот ба кори расонаҳо дахолат накунанд”, – мегӯяд рӯзноманигор.

Ӯ чанд мисоли аз тарафи рӯзноманигорони Тоҷикистон вайрон намудани меъёрҳои ахлоқиро овард.

— Масалан, мо муноқишаҳоеро байни рӯзноманигорон ва редаксияҳо мушоҳида кардем, ки мардум дар саҳифаҳои нашрияҳо ва шабакаи иқтимоии Фейсбук ҳамкасбони худро сиёҳ мекарданд. Ё ин ки як мисоли дигар, вақте ки дар байни иҷрокунандагони маъракаҳои сиёсӣ ва иштирокчиёни ба истилоҳ «фабрикаи троллҳо» номи рӯзноманигорон зуҳур ёфтанд, ёдрас намуд журналист.

Мунаққиди расонаӣ Лилия Гайсина бар ин назар аст, ки асоси риояи тамоми меъёрҳои ахлоқӣ, пеш аз ҳама, эҳтиром ба мухотабони худ мебошад. Барои нишон дадани ин ақида Гайсина яке аз шумораҳои подкасти мунаққиди расонаӣ Ирина Петровская «Назарияи баргхои рехтаи Эдуард Сагалаев»-ро ба хотир меорад.

Дар он аз  Сагалаев хамчун сармуҳаррири барномаи советии «Время» нақл меравад. Муҳаррири тозатаъиншуда дар аввалин рӯзи кориаш сюжети бемазмун дар бораи ба истеъфо гусел кардани як мансабдор дар Воронежро, ки мебоист якум шуда пахш мешуд, ба матлаби воқеан муфиду ҷолиб – перомуни нахустнамоиш дар Театри Калон иваз мекунад, ки тибқи тартиби барномаи бояд таҳти рақами шонздаҳ пахш мешуд.

Чаро ӯ ин корро кард? Вай дар бораи мухотабонаш фикр кард. Сагалаев ба бинандагон эҳтиром қоил буд ва мехост ба онҳо маълумоти муфид диҳад. Эҳтиром ба мухотабон асоси тамоми меъёрҳои ахлоқиест, ки мо имрӯз роҷеъ ба он ҳарф мезанем. Агар ба мухотабони худ эҳтиром бигзоред, шумо назари онҳоро дасткорӣ намекунед, кӯшиш менамоед, ки бо онҳо ростқавл бошеду барояшон танҳо маълумоти баландсифат диҳед, – мегӯяд Лилия.

Вай муътақид аст, ки меъёрҳои ахлоқӣ – “на дар бораи далерӣ, балки дар бораи ростқавлӣ” аст. Мисоли зуҳури қоидаҳои ахлоқиро Лилия дар изҳороти «Азия-Плюс» перомуни вазъи ВМКБ мебинад, вақте ки ҳайати таҳририя иқрор шуд, ки бинобар фишори мақомот имкони инъикоси ҳаводиси Хоруғро надорад:

«Он замон бисёриҳо «Азия-Плюс»-ро дар набуди ҷасорат муттаҳам мекарданд, аммо ман боварӣ дорам, ки дар ин ин ҳол меъёрҳои ахлоқӣ сад дарсад риоя шудааст, зеро «Азия-Плюс» нисбат ба мухотабони худ ростқавл буд», – мегӯяд Лилия.

Муассис ва сармуҳаррири гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” Умед Бобохонов афзуд, агар дар редакция одоби оддии инсониро риоя кунанд, бештари суолҳо дар мавриди риоя намудани меъёрҳои ахлоқӣ аз байн меравад.

-Дар баробари эҳтиром ба мухотабон бояд эҳтиром ба худ ва садоқат ба арзишҳои умумибашарӣ низ вуҷуд дошта бошад. Моро толеамон баландӣ кард, ки одамони шоиста бо мо кор мекунанд. Масалан, ҳолатҳое буданд, ки ба рӯзноманигорони мо барои аз чоп гирифтани матлабашон маблағи калон пешниҳод мекарданд. Аммо онҳо ин корро накарданд ва ман аз ин хеле шодам”, – гуфт Умед.

Бо вуҷуди ин, ӯ иқрор шуд, ки риояи намудани тамоми нозукиҳои одоби журналистӣ хеле душвор аст, бахусус вақте фишор аст, масалан, аз ҷониби таблиғгароне, ки хоҳиш мекунанд, ки муҳтавои фармоишӣ аломатгузорӣ нашавад. Дар ин ҷо муҳаррирон бояд байни фоида ва эътимоди хонандагон тавозун барқарор кунанд. Масалан, муҳтавои тиҷоратиро на бо калимаи “реклама”, аломатгузорӣ кунем, балки бо ибораи “материали шарикӣ”.

Оё журналистика мурдааст?

Чанд ҳафта пеш дар саҳифаи Фейсбукии ҳуқуқшинос Наврӯз Одинаев миёни намояндагони расонаҳо дар мавриди мурда будани журналистика дар Тоҷикистон баҳсе сар зад. Бархе аз шореҳон даъво доштанд, ки рӯзноманигорӣ мурда ва танҳо тиҷорат боқӣ мондааст, бахши дигар бо ин ақида розӣ набуданд.

— Воқеан, ақидае, ки журналистика мурдааст, қобили фаҳм аст, тавлидкунандагони муҳтаво дар Тоҷикистон мушкилот хеле зиёд доранд ва пул хеле кам. Бисёриҳо таслим мешаванд. Бо вуҷуди ин, ман ба ақидаи онҳое, ки ба ин изҳорот розӣ набуданд, наздиктар ҳастам. Бале, ин одамон ғайр аз принсипу қоидаҳои касбии худ чизе надоранд. Аммо онҳо аз дарун зиндаанд, пас касбашон ҳам зинда аст. Гузашта аз ин, танҳо риояи меъёрҳои ахлоқӣ ба рӯзноманигорон имкон медиҳад, ки зинда монанд, гарчанде ки ҳоло ҳар як шахс аслан як расонаи хабарӣ аст ва муҳтавои худро истеҳсол мекунад», – гуфт Лилия.

Умед Бобохонов бо ин гуфтаҳо мувофиқ буда, иқрор мешавад, ки журналистика дар Тоҷикистон замонҳои хеле сангинро паси сар мекунад, вале он ҳанӯз зинда аст ва ба ҷомеаи мо ниёз дорад.

— Сарфи назар аз он, ки бисёре аз  мавзуъҳо мамнуъ мебошанд, ҳанӯз мавзуъҳое ҳастанд, ки роҷеъ ба онҳо навиштан мумкин ва зарур аст. Муҳим аст, ки онҳоро ба мухотабонатон расонед, онро равона созед, ба он маълумоти муфид, дониш ва умед бахшед», – шарҳ дод ӯ.

Ихтилофоти байни мутахассисон баъди он cap шуд, ки иштироккунандагони маҷлиси мавзӯӣ ба муҳокимаи воситаҳое шурӯъ карданд, ки ба редакцияҳо дар риоя кардани қоидаҳои ахлоқ ёрӣ мерасонанд. Дар ин баҳсҳо ҳам таклифҳои абстрактӣ ва ҳам тадбирҳои конкретие шунида шуданд, ки дар амал ба редакция ёрӣ расонда метавонанд.

Коршиносон ба хулоса омаданд, ки ташкилоти ҷамъиятии «Шӯрои ВАО» бояд ба кори худ фаъолият бахшад. Пеш аз ҳама, Шӯро бояд мониторинги риояи меъёрҳои ахлоқиро дар расонаҳо аз сар гузаронад, ки аз натиҷаи он метавон рейтинги ВАО-ро муайян кард.

Аммо ба гуфтаи Набӣ Юсупов, раиси созмони “Медиа Консалтинг”, барои барқарор кардани риояи меъёрҳои ахлоқӣ, бояд ба фазои соли 2009, ки онҳо таҳия шуда буданд, баргарданд. Он замон дар ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон ҳамраъйӣ ҳукмрон буд ва редаксияҳо ниёзи фаврии молӣ надоштанд.

— Дар ин шароити идеалӣ меъёрҳои ахлоқии журналистон пайдо шуданд. Аммо аз он вақт инҷониб таҳкурсии солими иқтисодӣ ва якпорчагии журналистика ба пошхӯрӣ шурӯъ кард. Қалъаи азиме, ки мо онро «расонаҳои пурзури Точикистон» меномидем, маълум шуд, ки аз рег сохта шуда будааст. Ҳоло мо бояд онро аз нав созем, – шарҳ медиҳад Набӣ.

Аммо на ҳама ширкаткунандагони нишаст ба ин изҳорот розӣ буданд ва аз пайванд додани риояи қоидаҳои ахлоқӣ бо дастрас будани манбаҳои молӣ худдорӣ карданд. Иштирокдорони вохӯрӣ аз таҷрибаи худи «Азия-Плюс», ки кӯшиши риояи қоидаҳои ахлоқиро дар давраҳои гуногуни рушди бозори ВАО анҷом медиҳад, ёдовар шуданд. Масалан, редаксия қоидаҳои ахлоқии худро тартиб додааст, ки бояд ҳамаи коллективҳои редаксия риоя кунанд. Ин санади дохилӣ низ бар асоси меъёрҳои рӯзноманигорие, ки ҷомеа таҳия кардааст, асос ёфтааст, аммо ин варианти сабук аст. Ҳар як рӯзноманигор кӯшиш мекунад, ки ин қоидаҳоро риоя кунад, аммо дар навбати аввал онҳоро роҳбарияти гурӯҳи ВАО риоя мекунад.

Дар натиҷаи ҷаласа ширкаткунандагон як қатор тавсияҳоро барои Шӯрои ВАО таҳия карданд, ки ба ин созмон дар баланд бардоштани самаранокии риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар ВАО -и Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Масалан, рӯзноманигорон пешниҳод карданд, ки бо роҳбарони ВАО мунтазам вохӯриҳо баргузор карда, аз платформаҳои Шӯрои ВАО (масалан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ) барои баррасии чорабиниҳои марбут ба риояи меъёрҳои ахлоқӣ, ҷалби волонтёрони ҷавон ба кори худ ва ғайра истифода шавад. Аксарияти тавсияҳои омодашуда ба маблағгузорӣ ниёз доранд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *