“Барномаҳои муассиса ба дараҷае кӯҳна шудаанд, ки баъзан вақт тамоман хоҳиши омӯхтан гум мешавад” – мегӯянд муаллифони подкасте, ки ба технологияҳои нав (аслан вуҷуд надоранд)-и муассисаҳои Душанбе бахшида шудаанд. Муаллифон 13-15 солаанду дар подкастҳову видеоҳояшон, назари худро дар бораи таҳсилот ва ҳамсолонаш мегӯянд.
Чанд сол қабл муаллимони рус барои фаъолият ба Тоҷикистон омаданд ва расонаҳо дар бораи он, ки дар муассисаҳо чӣ рух медиҳад, маълумот пайдо карданд. Он замон мутахассисони ташрифоварда, ки бо қоидаҳои рафтор дар кишвар ошно набуданд, ошкоро дар ин бора сӯҳбат мекарданд. Масалан, дар бораи норасоии сахти китобҳои дарсӣ ва ё таҷҳизот зарурӣ. Муаллимони маҳаллӣ, чун қоида, дар бораи чунин мушкилот ҳарф намезананд, мактаббачагонро бошад, ҳатто касе намепурсад. Албатта, наврасон дар расонаҳо пайдо мешаванд, аммо аксар вақт ин тасвири стереотипи навраси муваффақ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад: донишҷӯйи аълохон ва ё варзишгар. Бояд гуфт, ки то ҳол ягон кас дар бораи мушкилиҳои воқеии наврасони ин синну сол ҳарф намезад.
Соли гузашта дар Тоҷикистон бо дастгирии Интернюс подкастҳои наврасонаи #Услышьменя сабт карда шуданд. Ин кӯшиши аввалин ва муваффақонаи наврасон буд, ки худашон тавонистанд дар бораи ташвишу мушкилиҳояшон озодона бигӯянд. Подкастро Лола Қосимоваи наврас сабт кард ва пас аз ба итмом расидани тарҳ, ӯ истеҳсоли муҳтаворо идома дод. Тобистони соли гузашта Лола бо ҳамроҳии модараш, рӯзноманигор Наргис Қосимова, роҳбари созмони ҷамъиятии “Даст ба даст”, дар озмуни Контент-Лаборатория ширкат карданд. Ин озмунро ширкати расонаҳои “Вечёрка” бо дастгирии Интернюс Тоҷикистон баргузор кард. Дар давоми Лаборатория, Лола ва Наргис ба озмуни грантӣ барои истеҳсоли лоиҳаҳои расонаӣ бахшида ба соҳаи маориф дархост фиристода, ғолиб шуданд. Тарҳро “Таълим бо чашми наврасон” номгузорӣ карданд ва илова бар подкастҳои мавҷудаи #Услышьменя видеороликҳо сабт карданд.
– Мо тасмим гирифтем, ки дар расонаҳо сӯҳбатро дар бораи наврасон идома диҳем. Зеро дар бозори расонаӣ муҳтавои кӯдакона, ҷавонӣ мавҷуд аст, аммо ба наврасон аҳамияти кам дода мешавад, гарчанде ин синни душвор аст, мегӯяд Наргис.
Аз соли гузашта Лола бо ҳамсолони худ, ки ба онҳо истеҳсоли муҳтаворо омӯзонида буд, кор мекунад. Ҳамин тавр, Лола ҳам муҳарриру ҳам тренер аст. Ва чунин шуд, ки ҳоло вай на танҳо ба аъзоёни дастаи худ дарс медиҳад.
– Дар аввал, мо танҳо истеҳсоли муҳтаворо ба нақша гирифта будем, – мегӯяд Наргис, – барои ҷамъоварии қаҳрамону мавзуъҳо мо ба муассисаҳои Душанбе рафта, тарҳро ба хонандагон муаррифӣ кардем. Онҳо ба ибрози ғояҳои худ шурӯъ карданд, ки мехоҳанд расонаҳои муассисаҳои худро боз кунанд. Яъне, онҳо Лоларо диданд, ки ӯ муваффақ мешаваду метавонад, онҳо низ хоҳиш пайдо карданд. Масалан, ҳоло дар се муассиса хонандагон расонаҳои худро рушд медиҳанд – ин гимназияи “Тоҷикистон”, муассисаи №93 ва муассисаи хусусии “Империяи дониш” мебошад. Лола малакаҳои худро ба онҳо қисса мекунад ва дар ташкили ҳайати нашрияи худ барои идомаи кори мустақилона кӯмак мекунад.
Лола тими худро Leaders Ship номгузорӣ кард, ки ҳоло нӯҳ духтар ва се писар бо ӯ кор мекунанд. Онҳо саҳифаҳои Facebook ва YouTube -и худро фаъолона пеш мебаранду якҷоя муҳтаво эҷод мекунанд. Дар подкастҳояшон муаллифон самимона дар бораи он сухан меронанд, ки чӣ гуна мехоҳанд таҳсилро дар муассисаҳои худ беҳтар кунанд.
– Биёед дар бораи технологияҳои нав дар муассиса сӯҳбат мекунем, кӣ чӣ гуфтанӣ дорад? – гӯён мепурсад, Лола, дар оғози подкаст дар бораи технологияҳои нави соҳаи маориф.
– Мо технологияҳои нав дорем, аммо муаллимон аз онҳо истифода намекунанд. Танҳо як омӯзгори забони тоҷикӣ истифода мекунад ва дигарон истифода намебаранд, – мегӯяд Сайёраи 13-сола.
– Ман дар муассисае таҳсил мекардам, ки танҳо як проектор буд ва онро дар ҷаласаҳо истифода мекарданд, – мегӯяд Азизи 15-сола.
Ба ғайр аз муҳокимаи ҳаёти ҳаррӯзаи мактабӣ, тими кории онҳо дар бораи ҳамсолони худ низ нақл мекунанд. Масалан, 11-уми октябр, ки ҳамчун Рӯзи байналмилалии духтарон ҷашн гирифта мешавад, онҳо дар бораи Фотима нақл карданд. Дар қисса Фотима мехоҳад бадминтон бозӣ кунад, тарабхонаи шахсӣ кушода, бо мусиқӣ машғул шавад, вале метарсад, ки падари ӯ ин ҳамаро манъ мекунад, нақл мекунанд.
– Барои наврасон бо Лола муошират кардан осонтар аст. Онҳо зуд забони умумӣ пайдо мекунанд ва ба ҳам баробар сухан мегӯянд. Вақте ки Лола дар муассисаҳо рӯнамоии худро дар бораи тарҳ пешниҳод мекунад, ман дар паси миз нишаста, мебинам, ки наврасон хеле пешрафтаанд. Онҳо зуд ҳама чизро мефаҳманд ва бо онҳо бо як забон гуфтугӯ кардан хеле ҷолиб аст. Ва, албатта, онҳо дар сӯҳбат кушоду равшан мешаванд, – мегӯяд Наргис.
Чунин мафтунии сареъ ба расона аз ҷониби мактаббачагон тавассути тарҳи Лола боиси он шуд, ки волидони наврасон ҳатто ба ташвиш афтоданд. Онҳо хавотир шуда, мегуфтанд, нашавад, ки наврасон касби рӯзноманигориро интихоб кунанд. На касби табиб, чуноне, ки дар оила мувофиқа шудааст.
– Мо ба онҳо фаҳмондем, ки ҳатмӣ нест ҳама журналист шаванд. Аммо чӣ қадар фоида ба даст оварда метавонанд. Нахуст, ҳар як шахс ҳоло расона аст ва қобилияти эҷоди муҳтавои босифат маҳорати хеле муфид аст. Дуввум, журналистика бо саводи расонаӣ робитаи зич дорад ва ҳоло бе надонистани он чизе шуда наметавонад, – шарҳ медиҳад Наргис.
Лола мегӯяд, наврасоне, ки дар муассисаҳои худ расона месозанд, пас дар подкастҳои #Услышьменя эҳсосоти худро нақл карда, ба ҳамсолонашон маслиҳат медиҳанд.
– Ҳоло ҳама чиз хеле фаъолона пеш меравад. Акнун атроф пур аз таҳсилоти фосилавӣ аст, ки ин қадар имкониятҳо мавҷуданд. Мо пайваста меомӯзем. Мо инчунин дедлайнҳои сахт дорем ва кӯшиш мекунем, ки ҳама чизро дар вақташ иҷро карда, ҳамеша дар чаҳорчӯба бошем. Ҳамзамон аз ҳама рӯйдод огоҳ бошем, – мегӯяд Лола.
Лола ҳамавақт кӯшиш мекунад, ки мувофиқи хоҳиши худ қарор қабул кунад. Ӯ метавонад бо модари худ, ки солҳои дароз дар шабакаҳои калони телевизионӣ кор кардааст, машварат кунад, аммо тасмими ниҳоӣ дар ихтиёри ӯ ва тимаш боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, онҳо наврасони расонаианд: аз аввал то охир худашон мустақилона кор мекунанд.
Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.