Нӯҳ расонаи Тоҷикистон, ғолибони озмуни Internews барои иштирок дар Business LAB гардиданд. Лаборатория дар ду самт кор хоҳад кард: барои 2 расона, ки дорои мухотабони калонсол ва ҷавон мебошанд.
Business LAB ба шумо имконият медиҳад, ки дар самти устувории молиявӣ, устувории васоити ахбори оммаи мустақил, малакаҳои менеҷмент ва тамоюлҳои нав дар соҳаи ВАО мубодилаи таҷриба кунед. Барномаи Business LAB маърӯзаҳо, машваратҳои гурӯҳӣ ва инфиродӣ, вохӯриҳои меҳмонон, корҳои саҳроӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Намояндагони соҳибтаҷриба ва маъруфи байналмилалии расонаӣ ва инчунин, намояндагони тиҷорати Тоҷикистон ба ҳайси маърӯзачиён баромад хоҳанд кард. Озмуни Internews барои ин чорабинӣ дар аввали моҳи апрели соли 2021 эълон карда шуда буд.
Афзалият дар интихоб тавассути ҳайати доварони мустақил ба тимҳои расонаҳои Тоҷикистон бо ҳадафи танаввӯъ бахшидан ба манбаҳои молӣ, роҳандозии муҳтавои нав ва касби даромад аз он, тағйироти тулонимуддат дар идоракунии нашрия ва мавридҳои дигар дода шуд.
Дар натиҷаи овоздиҳӣ нӯҳ даста интихоб шуданд.
Расонаҳое, ки ба аудиторияи калонсолон нигаронида шудаанд:
Нашрияи онлайнии Your.tj
ШТР “Диёр”
Гурӯҳи расонаҳои “Азия Плюс”
Лоиҳаи Zira Media
Тирози Ҷавонӣ – “TV Javoni”
Расонаҳое, ки барои аудиторияи ҷавон кор мекунанд (Медиа Акселератор):
Лоиҳаи “Somon Film”
Рӯзномаи “Қадрият”
Проект JOM
Барномаи Business LAB аз 10 уми май оғоз ёфта, то 25 уми июни соли 2021 онлайн кор мекунад. Хатмкунандагони Business LAB метавонанд дар озмуни махсуси грантҳо ҷиҳати тақвият додани иқтидори молиявӣ ва идоракунӣ ширкат варзанд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.