Мушкилоти иқтисодӣ, фишори беруна ва муҳимтар аз ҳама – Интернети хеле суст- рӯйхати пураи мушкилот дар байни рӯзноманигорони Тоҷикистон нестанд. Воқеан, ҳатто дар чунин шароит ҳам тамоюли онҳо ба беҳтаршавӣ ба назар мерасад.
Суханони мазкур хулосаи коршиносони расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Интернюс Анна Сухачева ва Зарина Ахматова аст, ки дар идораи нашрияҳои маҳаллии “Вечерка” ва “Фараж” борои кормандон омузишҳо гузарониданд.
Таҷдиди сомонаҳо, гузариш ба истеҳсоли маҳсулоти чандрасонаӣ ва ҳатто кушодани видеостудияҳои хусусӣ- тағйиротест, ки дар нашрияҳои тоҷикии “Фараж” ва “Вечерка” дар чанд моҳи охир рух додаанд. Зарина Ахматова ва Анна Сухачева коршиносони расонаҳо азз Қазоқистон бо ин нашрияҳо аз аввали соли ҷорӣ кор мекунанд ва масалан, Зарина тағйироти рух додаро дигаргуниии куллӣ мешуморад.
Дар студияи нави редаксияи рузномаи “Фараж” мусоҳибаҳо сабт мекунанд, барномаҳо ва сужетҳои хабарии видеоии нав эҷод мекунанд ва ҳам нафаре ҳаст, ки YouTube-канали нашрияро пеш мебарад. Кормандони дигар корҳои сабт ва танзими видеороликҳоро ёд мегиранд. Сомонаи расона низ тағйир ёфтаст.
-Дар даври аввали омузиш маълум буд, ки редаксия биниши худро дар мавриди вазъият дорад ва он на ҳамеша бо биниши мо мувофиқат мекунад. Муддати тӯлонӣ барояшон шарҳ додем, масалан, қоидаҳои ба даст овардани пул дар Интернетро, ки ҳеҷ боварашон намеомад, аммо ҳоло ҳайати таҳририя як кормандро киро карданд ва ӯ бо YouTube-каналашон кор мекунад. Якчанд видеоролики аз ҷониби рӯзноманигорони “Фараж” таҳияшударо беш аз 100,000 корбар тамошо кардаанд. Натиҷаҳо дар бораи дарки иттилоот маро ба ҳайрат овард. Албатта, мо чунин дигаргуниҳои куллиро интизор набудем,- шарҳ медиҳад Зарина.
Нашрияи дигар – “Вечерка”, сарфи назар аз ҳайати камшумори кормандон, ҳамзамон якчанд лоиҳаҳои Интернюсро иҷро мекунад, масалан, бо шабакаи рӯзноманигорони шаҳрвандӣ кор мекунад, як филми ҳуҷҷатӣ сохт ва иловатан, контенти чандрасонии худро истеҳсол мекунад. Дар ин ҷо ҳам сомона ва ҳатто логотип низ иваз шудааст.
Амнун дар сомонаи “Вечерка”, маълумот дар бораи чорабиниҳои офлайнии аз ҷониби ин гурӯҳ гузаронидашуда дар як ҷо ҷамъ оварда мешавад. Албатта, онҳо қаблан ҳам дар ин бора мавод чоп мекардаанд, аммо маводҳо пароканда буданд. Ҳайати таҳририя муносибатро нисбат ба васоити ахбори омма ба таври консептуалӣ тағйир дод,яъне ҳоло дигар танҳо агентиии хабарӣ ё агентии чорабиниҳо нест, балки як маҳсулоти комил аст ”,- мегӯяд Анна.
Ҳамчунин дар “Вечерка” ба матолиби таҳлилӣ ру овардан шурӯъ шудааст ва инчунин кормандон сабти видео ва таҳрирро худашон меомузанд.
– Баъзан ба шумо касе лозим аст, ки дастатонро бигирад,кумак кунад, барои тасмими ба куҷо рафтанатонро гирифтан ёрӣ диҳад”, -мегуяд Зарина. -Вақте мо бо редаксияҳо корро шурӯъ кардем, бисёриҳо рӯҳияи хуб надоштанд, ба онҳо дилашонро холӣ кардан лозим буд. Он вақт мо бо ҳар як корманд алоҳида ва бо роҳбарият алоҳида сӯҳбат кардем. Ин дафъа, ки омадем, дидем,ки мушкилот, албатта, боқӣ мондаанд ва онҳо комилан хушбахт нашудаанд, аммо муносибати онҳо ба ВАО тағйир ёфта аст.
Ба журналистони тоҷик чӣ хала мерасонад?
Коршиносони расонаҳо ҳолати руҳафтодагии рӯзноманигорони тоҷикро бо якчанд сабаб шарҳ медиҳанд. Анна мегӯяд, ки равандҳои кору тиҷорат дар расонаҳои Тоҷикистон ноқисанд.
-Аммо мушкили асосии рӯзноманигорон дар Тоҷикистон заифии интернет аст. Ин рушди расонаҳоро хеле маҳдуд мекунад! Истеҳсоли контенти чандрасонаӣ ва интиқоли он ба як озмоиши ҷиддӣ мубаддал гаштааст ва дар маҷмӯъ маълум нест, ки оё маводи калонҳаҷм ба мухотабон мерасад ё не,” – мегӯяд Анна.
Зарина қайд мекунад, ки мушкили дигар – робитаи байни ВАО ва сохторҳои давлатӣ аст: кори ВАО дар шароити манбаъҳои пӯшидаи расмӣ мушкил аст.
-Мушкилоти дигар, ба андешаи ман, ки барои Қазоқистон низ хос аст, дар маҷмӯъ, хоҳиши одамон дар журналистика мондан, ноумед нашудан ва тарк накардани он аст. Ба ин рӯҳия бофтори сиёсӣ, маҳдудиятҳои гуногунвазни қонунгузорӣ ва шароити иқтисодӣ таъсир мерасонад. Рӯзноманигорӣ дар кишварҳои мо бо сатҳи вуруд ва сақфи хеле паст қарор дорад. Яъне, касе ба касб меояд, зуд ба сақф мерасад ва пас ба таври уфуқӣ ҳаракат мекунад. Ҷои болоравӣ нест. Чизи аз ҳама мушкил дар ёд доштан он аст, ки вақте шумо ба журналистика омадаед, ба ин ҷо барои идеалҳо омадаед, касби мо бо талошҳои романтикӣ алоқаманд аст ва муҳим аст, ки дар ин ҷо монданро идома диҳед. “-мегуяд Зарина.
Ҳамзамон, коршиносони расонаӣ тамоюлҳои нави бозори Тоҷикистонро мушоҳида кардаанд.
-Ҷавонон ба забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ мегузаранд. Бачаҳои хеле ҷавон бо забони тоҷикӣ муҳтавои нав эҷод мекунанд. Аксар вақт ман аз шарикони лоиҳа дар бораи нарасидани одамон мешунавам, аммо онҳо ҳастанд. Онҳо ҷавононанд, онҳо комилан фарқ мекунанд ва онҳо расонаҳои дигар хоҳанд сохт ”, -шарҳ медиҳад Анна.
Резиденсияҳо дар нашрияҳои “Фараж” ва “Вечерка” дар доираи иштироки онҳо дар лоиҳаи “Тиҷорат дар расонаҳо”-и Интернюс мегузаранд. Ҳангоми кори муштараки коршиносони ВАО ва “Вечерка”, ғайр аз тағйир додани мафҳум, қолаб, бойгонӣ ва рубрикатори сомона , дизайни ширкат комилан дигаргун шуд, хизматрасониҳо барои таҳлили онлайн роҳандозӣ шуд, таҳлили SWOT гузаронида шуд, таҳлили фаъолияти кормандони гузаронида шуд, тавсияҳо барои ҷалби шарикон ва ғайраҳо таҳия шуданд.
Дар идораи нашрияи “Фараж” мутахассисони ВАО таҳлили стратегӣ гузарониданд, инчунин сомонаро замонавӣ карданд, консепсияи пешбурди расонаро дар Instagram таҳия карданд.
Мактаби “Тиҷорати расонаӣ” дар доираи барномаи минтақавии “Мусоидат ба дастрасӣ ба иттилот”, баргузор гардид,ки аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад.