Дар санаи 10-уми сентябр бештар аз 150 мутахассиси расонаӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои маросими ифтитоҳи сеюмин фестивали ҳарсолаи расонаӣ ҷамъ омаданд, ки аз ҷониби Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP бо маблағгузории Агентии рушди байналмилалии ИМА (ЮСАИД) ташкил карда шудааст.
Онлайн-фестивали MediaCAMP Fest, ки то 12-уми сентябр идома меёбад, ба рӯзноманигорони маҳаллӣ имкон медиҳад, ки идеяҳои худро мубодила намуда, масъалаҳо ва мушкилоти муҳимтарине, ки расонаҳои минтақа бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор диҳанд,.
Нахустин фестивали MediaCAMP Fest соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба шакли муқаррарӣ баргузор шуда, дар соли 2020 фестивали дуюм – комилан онлайн гузашт. Фестивали имсола дар формати омехта барпо мегардад. Ҷашнвора иштироккунандагонро на танҳо ба тарзи онлайн, балки дар шакли ташкили “видео-пулҳои” мустақим аз се студия – дар Алмаато, Бишкек, Душанбе ва ҳамчунин аз студияи маҷозӣ дар Тошканд муттаҳид мекунад.
Барномаи snap talk, лексияҳо, мубоҳисаҳо, семинарҳо ва намоиши филмҳоро дар мавзуъҳои мухталифи ВАО дар бар мегирад. Фестивали расонаии Осиёи Марказӣ дар бораи баъзе аз лоиҳаҳои расонаӣ ва ташаббусҳои таъсирбахш оид ба саводи расонаӣ дар минтақа дар соли 2021 нақл менамояд. Рӯзноманигорони маъруфи минтақа дар бораи журналистикаи додаҳо (журналистика данных), подкастҳо, ҷалби мухотабон ва эҷоди YouTube- каналҳо мастер-классҳо баргузор мекунанд. Ғайр аз ин, силсилаи параллелии мастер-классҳо ба саводи расонаӣ бахшида шудааст.
Роҳбари намояндагии Internews дар Осиёи Марказӣ Марат Бигалиев дар маросими ифтитоҳи фестивал гуфт:
– Имсол мо шиори фестивалро “Истеҳсоли Осиё” интихоб намудем. Мо тасмим гирифтем, ки фестивали худро ба кори рӯзноманигорон ва мутахассисони расонаии Осиёи Марказӣ бахшем – шояд онҳо дар муқоиса бо ҳамкорони худ аз дигар кишварҳо он қадар машҳур набошанд ва маводҳои онҳо на ҳамеша миллионҳо тамошоҳоро ба даст меоранд, вале онҳо ҳар рӯз барномаи рӯзро муайян намуда, ба ҷомеа дар ҳалли мушкилот кӯмак мерасонанд.
Мо мехоҳем ба забонҳои минтақа дар бораи он нақл кунем, ки дар Осиё бо дастони на танҳо мутахассисони расонаӣ, балки ҳамчунин фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба аҳолӣ маҳоратҳои саводи расонаӣ ва рақамиро меомӯзонанд, чӣ истеҳсол карда шудааст. Дар барномаи фестивал мо тақрибан бист муаллифи лоиҳаҳои нави расонаиро хоҳем дид, ки дар тӯли соли ҷорӣ дар Осиё роҳандозӣ карда шудаанд ва аллакай метавонанд дар бораи натиҷаҳои ҳайратангез нақл намоянд. Ман боварӣ дорам, ки ин таҷриба ба шумо дар таҳияи идеяҳои нави эҷодие кӯмак мекунад, ки мумкин аст ба лоиҳаҳои амалӣ табдил дода шаванд, – илова намуд Марат Бигалиев.
– Дар тӯли тақрибан се даҳсола, ИМА рушди воситаҳои ахбори оммаро дар Осиёи Марказӣ дастгирӣ мекунад. Ин дастгирӣ аҳамияти рушди воситаҳои ахбори оммаи устувор ва дастрасӣ ба иттилоотро таъкид менамояд. Аз ҷумла, ИМА талош менамояд, ки сатҳи саводи расонаии истеъмолкунандагони иттилоотро баланд бардорад ва ҳамчунин ба афзоиши касбият дар журналистика мусоидат намояд. Дар чорчӯби фестивал семинарҳо ва муҳокимаҳое гузаронида мешаванд, ки барои мутахассисон муфид хоҳанд буд. Ғайр аз ин, дар фестивал лоиҳаҳои расонаии бештар муҳим намоиш дода мешаванд, ки онҳо бо дастгирии ЮСАИД таҳия карда шудаанд. Мо ҷасорат ва кори ҷиддии шуморо оид ба иттилоъ додан ба ҷомеа эътироф менамоем, – қайд намуд иҷрокунандаи вазифаи директори миссияи минтақавии ЮСАИД дар Осиёи Марказӣ Питер Янг.
Фестивали Осиёи Марказӣ MediaCAMP Fest 12-уми сентябр бо маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни журналистии MediaCAMP Awards ба охир мерасад. Барои иштирок дар озмун 646 дархост пешниҳод шуда, 74 кор ба финал дар панҷ номинатсия интихоб карда шуданд: «Замони фаҳмидан» (Время понять), «Замони пирӯз шудан» (Время побеждать), «Замони созандагӣ» (Время созидать), «Замони ҷавонон» (Время молодых) ва «Мавзуъи сол. Замони пандемия» (Тема года. Время пандемии). Ғолиби категорияи шашуми махсус «Замони тасвир аз наздик: акс, карикатураҳо, ороишҳо» (Время крупным планом: фото, карикатуры, иллюстрации)-ро мухотабон тавассути овоздиҳии онлайн дар сайти фестивал интихоб хоҳанд кард.
Хотиррасон менамоем, ки MediaCAMP Fest дар режими онлайн 10-12 -уми сентябр баргузор мешавад. Дар чорабинии мазкур ҳамаи ҷумҳуриҳои минтақаи Осиёи Марказӣ иштирок мекунанд. Пахши чорабиниро метавон тариқи саҳифаҳои Internews дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳамчунин ба воситаи Zoom тамошо кард.
Internews MediaCAMP Fest-ро аз соли 2019 инҷониб баргузор менамояд. Дар сайти фестивал шумо метавонед барнома ва сабтҳои рӯнамоиҳои коршиносони солҳои қаблиро бубинед. Дар тӯли се сол MediaCAMP Fest ба иди рӯзноманигорони Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин ба платформае табдил ёфт, ки дар он ҳамкорон аз минтақа ва кишварҳои хориҷӣ метавонанд дастовардҳо ва мушкилоти худро баррасӣ намуда, таҷрибаҳоро мубодила кунанд ва дурнамоҳоро баррасӣ намоянд.
Лоиҳаи мазкур дар чорчӯби Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP бо дастгирии Агентии рушди байналмилалии ИМА (ЮСАИД) амалӣ карда мешавад.