Шоми якшанбе, 12 сентябр, маросими хатми III Фестивали ҳарсолаи Осиёи Марказӣ барои мутахассисони расонаӣ MediaCAMP Fest 2021 баргузор шуд. Дар тӯли ин рӯзҳо 250 нафар аз тариқи Zoom дар фестивал иштирок намуданд. Дар шабакаҳои иҷтимоии Internews дар се кишвар – Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон – пахшҳои фестивал бештар аз 18 000 тамошобин ва бештар аз 1000 лайк, дубора тамошо кардан ва шарҳҳоро ҷамъоварӣ карданд.
Натиҷаҳои се рӯзи фестивалро ҷамъбаст намуда, роҳбари намояндагии Internews дар Осиёи Марказӣ Марат Бигалиев қайд кард: «Мо тавонистем анъанаҳои фестивалҳои аввалро идома диҳем ва сифати ин платформаро барои бахши ВАО-и Осиёи Марказӣ беҳтар намоем. Бештари иштироккунандагон тамосҳои нав барқарор карданд ва ман боварӣ дорам, ки онҳо ба ҳамкории пурмаҳсул табдил меёбанд. Ман мебинам, ки мо, Internews дар Осиёи Марказӣ, бо дастгирии Агентии рушди байналмилалии ИМА (ЮСАИД), тавонистем бисёр лоиҳаҳои расонаии (медиапроект) босифатро нишон диҳем, ки дар Осиёи Марказӣ истеҳсол шудаанд. Бигузор муҳтаво (контент), маҳсулоти расонаӣ (медиапродукт), қонунҳо, тренерҳо, коршиносон, рӯзноманигорон ва дигар мутахассисони босифат ва қобили дархости истеҳсолшуда дар Осиё зиёдтар бошанд”.
Ду рӯзи аввали кинофестивал бо тамошои муштараки филми мустанад дар Zoom ба охир расиданд. Дар шоми синамо филмҳои кӯтоҳи коргардонҳои чаҳор кишвар – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пешниҳод карда шуданд. Қисме аз онҳо корҳои муаллифони аллакай машҳур ва қисми дигар – корҳои дебютӣ буданд.
«Дебютантҳо аксариятро ташкил медоданд ва тақрибан ҳамаи ин муаллифон – хатмкунандагони Мактаби филмҳои мустанади Internews мебошанд, ки он нахустин чунин мактаб дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Фикру мулоҳизаҳои ҷавобӣ ба корҳои дебютантҳо (шарҳҳо дар чати Zoom) – марҳами рӯҳ мебошанд. Ва ба ман, ҳамчун ташкилкунандаи ин мактаб ва ҳамчунин, ба фикрам, ба ҳамаи иштироккунандагон. Ман фикр мекунам, ки метавон ин намоишро дар натиҷаи кори нимсолаи мактаб нуқтаи барҷаста номид ва ин бешубҳа нишондиҳандаи муваффақияти он аст ” – гуфт модератори ин бахш, ҳамоҳангсози барномаҳои таълимии Internews Алевтина Мадярова.
Аккорди ниҳоии Фестивали Осиёи Марказӣ MediaCAMP Fest маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни журналистии MediaCAMP Awards буд. Тақрибан 700 дархост барои иштирок дар озмун пешниҳод карда шуда, 74 кор ба финал дар панҷ номинатсия интихоб карда шуданд: «Замони фаҳмидан» (Время понять), «Замони пирӯз шудан» (Время побеждать), «Замони созандагӣ» (Время созидать), «Замони ҷавонон» (Время молодых) ва «Мавзӯи сол. Замони пандемия» (Тема года. Время пандемии). Номи ғолибонро дар ин ҷо пайдо кардан мумкин аст.
Internews аз соли 2019 инҷониб MediaCAMP Fest-ро баргузор мекунад – барнома ва сабтҳои презентатсияҳои коршиносони солҳои қаблӣ дар сайти фестивал ҷойгир карда шудаанд. Дар тӯли се сол MediaCAMP Fest ба ҷашни рӯзноманигорони Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин ба платформае табдил ёфт, ки дар он ҳамкорон аз минтақа ва кишварҳои хориҷӣ дар бораи дастовардҳои худ нақл мекунанд, таҷрибаҳоро мубодила мекунанд ва дурнамоҳоро муҳокима менамоянд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.