Лоиҳаи “Дети и сети” ба кӯдакон истифодаи бехатари интернетро меомӯзад

Санаҳои 12-13-уми августи соли ҷорӣ дар платформаи ZOOM вебинари омузишӣ дар мавзуи саводи расонаӣ барои кудакон баргузор мегардад. Кӯдакони синну солашон аз 8 то 13 иштирок карда метавонанд.

Дар ҷараёни дар амал татбиқ шудани лоиҳаи “Дети и сети” якчанд вебинарҳо дар назаранд, ки аз онҳо кӯдакон ба саволҳои зерин ҷавоб пайдо мекунанд:

  • То чӣ андоза кӯдакон интернетро дуруст истифода мекунанд?
  • Дар интернет чӣ гуна хатарҳо вуҷуд доранд?
  • Чаро ҳама чиз дар Интернет дуруст нест?
  • Этикет дар Интернет чӣ гуна аст?
  • Калидвожа чист ва барои чӣ зарур аст?

“Ҳамаи мо ба фарзандони худ танҳо беҳтарин ва бехатариро таманно мекунем. Ҳамин тавр, ба онҳо иҷозати истифодаи Интернетро бо боварӣ медиҳем. Вале ҳеҷ гоҳ намехоҳем, ки фарзандони мо дар он ҷо осеб, зарар ё фиреб хӯранд. Интернет метавонад макони хубе барои омӯзиш, бозӣ ва гуфтугӯ бо дӯстон бошад, аммо он ҷо низ вайронкорон ва таҳдидҳои дигари хатарнок мавҷуданд. Дар интернет ҳама чиз ба монанди зиндагӣ аст: фоида ва зиён, некиву бадӣ. Аммо на ҳама кӯдакон инро медонанд” – мегӯяд, Даря.

Вебинарро Даря Христолюбова, ҳамоҳангсози лоиҳаи “Дети и сети”, ба тариқи интерактивӣ мегузаронад. Дар ҷамъбаст ба кӯдакони фаъол туҳфаҳо тақдим карда мешаванд. Иштирок дар вебинар ройгон аст. Вебинарҳо бо забони русӣ баргузор мешаванд. Лоиҳаи “Дети и сети” яке аз ғолибони Эдютон – 2020 мебошад, ки аз 20 то 23-юми феврали соли ҷорӣ дар Алмаатои Қазоқистон доир гардид. Давоми чанд рӯз иштирокчиёни чорабинии омӯзишӣ саводи расонаии худро такмил доданд ва ҳамзамон барои дар амал татбиқ кардани донишҳои гирифта, идеяи лоиҳаҳои худро пешниҳод карданд. Идеяҳои беҳтарин аз тарафи Интернюс бо грантҳо дастгирӣ карда шуд. Дар Эдютон – 2020 рӯзноманигорон аз се кишвар: Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат карданд.

Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳонInternews дар Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *