Ҷомеаи рӯзноманигорони Тоҷикистон аз соли гузашта то инҷониб меъёрҳои ахлоқии таҷдидшударо, ки бояд фаъолияти ВАО-ро ба танзим дарорад, баррасӣ мекунад. Муҳокима аз ҷониби Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, як созмони мустақил, ки ҳуқуқи рӯзноманигоронро ҳифз ва риояи меъёрҳои ахлоқиро назорат мекунад, роҳбарӣ карда мешавад.
Тоҷикистон аввалин шуда, ин меъёрҳоро соли 2009 дар Осиёи Марказӣ қабул кард. Стандартҳоро рӯзноманигорон таҳия карданд. Аммо пас аз 12 сол, расонаҳое, ки ин санадро имзо карданд, ба вайронкунандагони ашаддӣ табдил ёфтанд. Шӯрои ВАО умедвор аст, ки меъёрҳои ахлоқии таҷдидшуда, барои истифодабарандагон дастрастар хоҳанд буд. Оё чунин аст? Ва таҳрирҳои воридгардида, то чӣ андоза воқеӣ мебошанд? Ин масъаларо коршиносон ва рӯзноманигорони Тоҷикистону кишварҳои дигар рӯзи чоршанбеи оянда 21 уми апрел дар як вохӯрие, ки соати 15:00 ба вақти Душанбе дар платформаи ZOOM баргузор мешавад, баррасӣ хоҳанд кард.
Барои иштирок дар вохӯрӣ, худро дар ин ҷо сабти ном кунед ва ё ба пахши мустақими саҳифаи «Новый репортер» дар Facebook пайваст шавед.
Лоиҳаи Меъёрҳои ахлоқии навро дар ин ҷо пайдо кардан мумкин аст.
Тасмими ниҳоӣ дар бораи ислоҳот, рӯзи 3 уми майи соли 2021, ҳангоми ҷаласаи Шӯрои ВАО бо назардошти тавсияҳо ва эродҳои ҷомеаи ВАО қабул карда мешавад.