Интернюс дар Тоҷикистон озмуни ҷойи кори холиро эълон мекунад «Ҳамоҳангсози барномаҳои таълимӣ дар соҳаи ВАО»

Вазифаҳои асосӣ:

  • дар якҷоягӣ бо шарикон, менеҷерон ва коршиносони Интернюс таҳия кардани барномаҳои таълимӣ барои расонаҳои касбии анъанавиву нав оид ба истеҳсолу паҳн кардани муҳтаво, идоракунии расонаҳо, қонунгузории ВАО, технологияҳои расонаӣ;
  • Таҳияи стратегия ва нақшаҳои умумии фаъолияти таълимиву ҳамоҳангсозии онҳо дар минтақа;
  • Таҳия ва татбиқи форматҳои инноватсионии омӯзиш, мутобиқи равандҳои истеҳсоли расонаҳои муосир;
  • Иштирок дар таҳияи маводҳои таълимӣ ва рӯнамоиҳо;
  • Ҷамъоварии иттилооту таҳияи ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти анҷомдода, тавсияҳо, хулосаҳо ва баррасии иттилоияҳо;
  • Ширкат дар ҷустуҷӯю интихоби мураббиёни миллӣ ва байналмилалӣ, коршиносон барои гузаронидани чорабиниҳои таълимии Internews;
  • Ширкат дар омода кардани нашрияҳо ва қиссаҳо барои расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, сомонаҳои корпоративӣ барои чорабиниҳои таълимӣ.

Талаботҳои асосӣ барои номзад:

  • Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Доштани маълумоти олӣ дар соҳаи журналистика ё гуманитарии марбут. Таҳсилоти иловагӣ дар барномаҳои таълимии байналмилалӣ бартарӣ дорад;
  • Таҷриба дар соҳаи расонаҳо ва таълимии он бояд на камтар аз 5 сол бошад;
  • Дониши хуби забонҳои тоҷикӣ ва русӣ; донистани забони англисӣ бартарӣ дорад;
  • Таҷрибаи корӣ дар ташкилотҳои байналмилалӣ;
  • Муошират, сатҳи баланди масъулият, қобилияти кор дар вақтҳои танг ва саривақт иҷро кардани вазифаҳои таъхирнопазир;
  • Саводнокии рақамӣ ва мултимедиявӣ (таҷрибаи кор бо хадамоти мултимедиявӣ, барномаҳои офисӣ, хидматрасонии банақшагирии равандҳо).

Дар як изҳороти кӯтоҳ (на бештар аз як сафҳаи матн), лутфан ҳавасмандиву интизориҳоятонро дар бораи кори дарпешистода дар Интернюс ва инчунин ҳадди ақали музди меҳнати пешбинишударо баён кунед. Лутфан тарҷумаи ҳоли худ (CV) ва дархостро то охири рӯзи 1 марти соли 2021 ба суроғаи электронии TJ-Info@internews.org фиристед.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *