Интернюс дар Тоҷикистон ҳамоҳангсози тарҳро меҷӯяд

Интернюс дар Тоҷикистон барои тарҳи кӯтоҳмуддате (6 моҳ) мутахассис меҷӯяд. Ин тарҳ ба ҳузурёбии бештари занон дар расонаҳо ва инчунин ба афзоиши эҷоду нашри муҳтавои ҳассос ба ҷинсият равона шудааст.

Фаъолияти ҳамоҳангсоз аз амалисозии тарҳи кутоҳмуддате иборат хоҳад буд, ки дар доираи ин тарҳ расонаҳои тоҷикистонӣ ҳамроҳ бо коршиносони масоили гендерӣ стратегияи бештарсозии ҳузури занонро дар расонаҳои маҳаллӣ, инчунин дар ҷараёни таҳияи муҳтаво коркард ва пешбарӣ мекунад. Ба илова, ҳамоҳангсоз дар раванди ташкили ҷамъият ё гуруҳи мутахассисоне саҳм мегузорад, ки ин гуруҳ ҳуқуқҳо ва имкониятҳои баробарро барои занон дар расонаҳо пешбарӣ мекунанд.

Ҳамоҳангсози тарҳ барои бо муваффақият амалӣ шудани тарҳ, аз ҷумла ташкилу баргузор кардани чорабиниҳои гуногун, инъикоси онҳо дар платформаҳои Интернюс, ҳамоҳангсозии кори шарикон, таҳиясозии ҳисобот ва ғайра масъулият хоҳад дошт. Ин мутахассис бо мутахассиси минтақаии Интернюс дар масоили гендерӣ ва фарогирии иҷтимоӣ кор хоҳад кард ва барои шарикону фоидагирандагони тарҳ ҳамоҳангсози асосӣ хоҳад буд. Шарикони тарҳ дар навбати аввал намояндагони расонаҳои маҳаллӣ хоҳанд буд.

Масъулиятҳои корӣ

  • Кумак расонидан дар ташкил ва баргузор кардани чорабиниҳо дар доираи тарҳ зери назорати мудири кишварӣ ва мутахассиси минтақаӣ дар бахши GESI;
  • Бар асоси тартиботи Интернюс ҷараёни интихоби расонаҳо барои дарёфти грант ва кумаки техникиро дар раванди тарҳ амалӣ кардан;
  • Ба ҳайси масъули асосӣ барои ҳар кадом фоидагирандаи тарҳ дар кишвар будан, бо шарикон муносибати неку боэътимод ба роҳ мондан ва ба онҳо кумаки тахассусӣ расонидан;
  • Дар сурати зарурат ҷалб кардани коршиносони баландтахассуси маҳаллӣ ва байналхалқӣ дар масоили баробарии гендерӣ ва фарогирии иҷтимоӣ;
  • Таҳти роҳбарии коршиносон баргузор кардани тренингҳо, машваратҳо, мураббигӣ барои шарикони тарҳ бо ҳадафи афзоиш додани муҳтавои ҳассос ба ҷинсият дар расонаҳои шарикон;
  • Идора кардани субгрантҳо ва машварат додан ба шарикон дар масоили гуногун, аз ҷумла ҳисоботдиҳӣ;
  • Арзёбии мушкилоти марбут ба баробарии ҷинсӣ ва фарогирии иҷтимоӣ дар расонаҳо;
  • Ҳамоҳангсозии ҳамгироии равиши ҳассос ба ҷинсият дар кори истеҳсолгарони муҳтавои маҳаллӣ, аз ҷумла таҳияи муҳтавои ҳассос ба ҷинсият дар расонаҳо дар доираи фаъолияти тарҳ;
  • Ҳамроҳ бо шарикон пешбурди идеяи баробарии ҷинсӣ ва якпорчавии иҷтимоӣ дар расонаҳои маҳаллӣ;
  • Рушд додан ва ҳимоят кардан аз муносибатҳои уствор бо коршиносони бахши баробарии ҷинсӣ ва фарогирии иҷтимоӣ, инчунин мусоидат кардан ба ҳамкории онҳо бо ВАО-и маҳаллӣ;
  • Ташкил ва баргузор кардани чорабиниҳои тарҳ ва таъмин кардани инъикоси васеи онҳо дар сомонаҳои Интернюс;
  • Таҳия кардани ҳисобот дар бораи тарҳ ва ҷамъ овардани додаҳо дар ҳамкории зич бо мутахассиси минтақаӣ дар умури мониторинг ва баҳогузорӣ;
  • Таҳлил кардани натиҷаҳо, дастовардҳо ва таҷрибаҳои ҳосилшудаи тарҳ ҳамроҳ бо тими Интернюс;
  • Амал кардан дар доираи сиёсати Интернюс, содиқ мондан ба маъмурият ва арзишҳои асоси созмон;
  • Масъулиятҳои дигари марбута.

Талабот

  • Бештар аз 3 сол таҷрибаи муваффақонаи кор бо расонаҳо ва ё тарҳҳо дар самти рушд додан, ба таҷрибаи кор дар бахши баробарии ҷинсӣ ва фарогирии иҷтимоӣ бартарӣ дода мешавад;
  • Маълумоти олии марбута;
  • Дарки масоили марбут ба ҳузури камранги занон дар расонаҳои маҳаллӣ, инчунин набуди муҳтавои ҳассос ба ҷинсият дар кишвар;
  • Маҳорати олии муошират ва муаррифисозӣ;
  • Маҳоратҳои ташкилӣ;
  • Ангезаи олӣ ва тавоноии ба танҳоӣ ва дар ҳайати тими байналхалқӣ кор карда тавонистан;
  • Таҷрибаи таҳияи ҳисобот доштан;
  • Озодона донистани забони тоҷикӣ ва ё русӣ ва дар сатҳи корӣ донистани забони англисӣ;
  • Ба онҳое, ки маҳорати таҳиясозии муҳтаво, аз ҷумла мувофиқ сохтани он барои шабакаҳои иҷтимоиро доранд, ҳангоми интихоби номзадҳо бартарӣ дода мешавад.

Довталабон барои ин мақом метавонанд, то 23 июни соли 2024 дархост ирсол кунанд. Ҳуҷҷатҳоро – ҳолнома, ангезанома ва ду номаи тавсиявӣ – ба суроғаи электронии TJ-Info@internews.org бояд ирсол кард. Ҳангоми фиристодани нома ҳатман бояд номи мақоме зикр шавад, ки барои он дархост ирсол мегардад.

Довталабоне, ки ба меъёрҳои зикршуда то ҳадди имкон мутобиқ ҳастанд, ба мусоҳиба даъват мешаванд.

Муҳим аст! Ҷойи корӣ дар доираи тарҳе эълон шудааст, ки амалишавии он аз тасмими донор вобаста аст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *