Интернюс 1-уми марти соли равон «Мактаби филмҳои мустанад. Формати кӯтоҳ» – ро оғоз мекунад. Ширкаткунандагони он аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имкон доранд, ки идеяҳои эҷодии худро амалӣ ва филми кӯтоҳи ҳуҷҷатӣ омода кунанд (давомнокӣ то 15 дақиқа).
Мо студияҳои филмҳои мустанад, студияҳои истеҳсолӣ, ширкатҳои расонаӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро барои ҳамкорӣ дар ташкилу татбиқи раванди таълим даъват мекунем.
Шарикон аз кишварҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тавассути озмун интихоб карда мешаванд. Ҳамзамон барои ташкили мактаб аз Internews дар кишвари худ грант мегиранд.
Барномаи мактаб натиҷаи кори муштараки коршиносони Интернюс, шарикон ва мураббиён хоҳад буд.
Интернюс аз рӯйи меъёрҳои зерин шариконро интихоб мекунад:
- Мавҷудияти тими касбӣ ва ботаҷриба, ки аз ӯҳдаи идоракунии самараноки раванди таълим ва роҳнамоии минбаъдаи ширкаткунандагон мебарояд;
- Доштани тамосҳои зарурӣ дар минтақаи худ барои ҷалби тарҷумонҳо, мураббиён, коршиносон ва чеҳраҳои шинохтаи соҳаи филмҳои мустанад;
- Дарки раванди эҷоди муҳтавои видеоии баландсифат ва таблиғи минбаъдаи он.
- Мавҷудияти салоҳияти соҳаи филмҳои мустанад дар минтақа ва донистани забони миллӣ (қазоқӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ).
Агар қаблан шарикон малакаҳои истеҳсоли филмҳои ҳуҷҷатиро дар кишварҳои хориҷӣ омӯхта бошанд, хуш пазируфта мешавад.
Омӯзиш дар “Мактаби филмҳои мустанад. Формати кӯтоҳ” тариқи онлайнӣ ва офлайнӣ сурат мегирад. Аз ҳар як кишвар то 4 даста, ки иборат аз 1-3 кас аст, интихоб карда мешаванд. Ба тариқи онлайнӣ, ширкаткунандагони Мактаб имконият доранд, ки ҷаласаҳоро гӯш кунанд ва бо мураббиён, чеҳраҳои шинохта, мутахассисони байналмилалӣ (бо тарҷума ба забонҳои миллӣ) муошират кунанд. Баъдан омӯзиш дар гурӯҳҳо бо забонҳои миллӣ тариқи офлайн баргузор мешавад. Дар охири раванди таълим, тимҳои иштирокчӣ филмҳои омодакардаашон, ки давомнокиаш аз 5 то 15 дақиқа аст, пешниҳод мекунанд. Инчунин вазифаи шарикон то ба итмом расидани омӯзиш роҳнамоии зарурӣ расонидан ба ширкаткунандагон мебошад.
Тариқи ин линк шумо метавонед дархости онлайниро пур кунед.
Муҳлати охирини қабули дархостҳо 5-уми феврали соли 2021 аст.
Натиҷаҳои интихоб 10-уми феврали соли 2021 нашр карда мешаванд.
Оид ба ҳамаи саволҳо ба суроғаи электронии tj-info@internews.org муроҷиат кунед.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.