Internews дар Тоҷикистон рӯзноманигорон, блогерон ва намояндагони дигари расонаҳои кишварро ба ҷаласаи иттилоотӣ, ки ба шартҳои озмуни MediaCAMP Award 2023 бахшида мешавад, даъват мекунад. Ҷаласаи кушод 3 март (рӯзи ҷумъа), соати 16:00 ба вақти Душанбе баргузор мешавад.
Забони чорабинӣ: тоҷикӣ.
Зарурати баргузории чунин як вохӯрӣ дар он аст, ки озмуни зикршуда имсол номинатсияҳои зиёд ва ҳамчунин нав ҳам дорад ва барои ширкат дар он дархост аз оғоз бояд дуруст пур карда шавад. Таҷрибаи қаблии Internews нишон медиҳад, ки ин кор на ҳамавақт аз ҷониби рӯзноманигорон саҳеҳ ва комил анҷом дода мешавад.
Аз ин рӯ, агар шумо мехоҳед дар озмуни MediaCAMP Award 2023 иштирок кунед, пас ба шумо тавсия мешавад, ки дар ҷаласаи иттилоотӣ ширкат варзед.
Дар рафти он ҳамчунин мавзуъҳои зер баррасӣ мешаванд:
- талаботи ҳатмӣ ба матлабҳои пешниҳодшаванда;
- усулҳои беҳтари интихоби номинатсияи мувофиқ;
- шакли дурусти пур кардани дархост;
- рафти худи озмун ва усули баҳогузориву интихоби матлабҳои беҳтарин;
Барои пайвастшавӣ ба ҷаласаи иттилоотӣ, ки дар платформаи ZOOM 3 март (рузи ҷумъа), соати 16:00 ба вақти Душанбе баргузор мешавад, хоҳишмандон бояд ин ҷо номнавис шаванд. Пас аз сабти ном ба почтаи электрониатон линки иштирок ба ҷаласа фиристода мешавад. Пахши мустақимро аз рафти ҷаласа ҳамчунин метавонед дар саҳифаи фейсбукии Интернюс дар Тоҷикистон тамошо кунед.
Дар соли аввал, мо дар MediaCAMP Award 470 асарро (корро) дарёфт кардем ва барои ин кӯшишҳои зиёд сарф шуд; дар ҳолати пандемия сангини соли 2020 – 314 асар (кор) қабул карда шуд; соли 2021 – 690 кор ва соли гузашта – 821. Маводҳоро барои иштирок дар озмун метавонед аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон аз ВАО- и мустақил ё давлатӣ пешниҳод кунед. Ҳам аз номи идораи нашрия (редаксия), ҳам аз номи худ — агар шумо муаллиф-созандаи муҳтавои дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ё журналист (рӯзноманигор), суратгир, видеограф; ҳам корманди доимӣ, ҳам корманди ғайридоимӣ бошед, метавонед пешниҳод намоед.
Озмун дар доираи барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ карда мешавад.