Internews Фонди грантҳои хурдро барои дастгирии тавлиди матлабҳо бар асоси додаҳоро (дата-истории) барои соли 2022 таъсис медиҳад

Хазинаи нашрияҳои бар додаҳо асосёфта бахше аз барномаи Интернюс дар ҶТ барои рушди журналистикаи додаҳо мебошад ва грантҳои хурдро дар Тоҷикистон дар чорчӯби лоиҳаи “Ҷoмеаи Шаҳрвандӣ ва Хисоботдиҳӣ” вобаста ба барномаи “Идоракунии Самаранок Баҳри Рушди Иқтисодӣ” (EGED) бомаблағи Ҳукумати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дастгири шуда дар ҳамкорӣ бо ACTED амалӣ мегардад.   

Лоиҳа барои фаъолсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади таъмини рушди фарогир ва ба далелҳо асосёфтаи рушди иқтисодӣ дар Осиёи марказӣ равона шудааст.

Мо умедвор ҳастем, ки ба ин самт дар навбати аввал хатмкунандагони лоиҳаи Интернюс оид ба журналистикаи додаҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, ки ҳоло маҳорати хуби кор кардан бо додаҳоро доранд.

Ҳадафи хазина – дастгирии лоиҳаҳои калон ва амиқ бар асоси додаҳо ва матлабҳои ба додаҳо асосёфта, ки ба омӯзиш ва таҳлили мавзуъҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ равона шудаанд.

Хазина барои дастгирии тавлиди маводҳо бар асоси додаҳо ба таври доимӣ дар соли 2022 фаъолият хоҳад кард.

Мавзуъҳои афзалиятдор барои нашри маводҳо – мавзуъҳои ба додаҳо асосёфта, ки ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар вобаста мебошанд.

Дар дархостҳо ба иштироккунандагон зарур аст, ки ба таври муфассал мавзуи худро шарҳ диҳанд ва фарзия пешниҳод намоянд: чаро ин мавзуъ муҳим аст, кадом додаҳо истифода мешаванд, чаро маҳз шумо бояд ба ин мавзуъ машғул шавед, мухотабони (аудиторияи) худро шарҳ диҳед ва расонидани кадом паём муҳим аст.

Дархостҳои озмун аз ҷониби комиссияи интихобшуда аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ хоҳанд шуд:

аҳамияти мавзуъ;

таҷриба дар соҳаи журналистикаи ба додаҳо асосёфта (портфолиои кор, мактубҳои тавсиявӣ аз менторҳо/ҳамкорон/муҳаррирон);

дар ихтиёр доштани абзорҳо барои коркард/ таҳлил/ намоёнсозии додаҳо;

воқеӣ будани муҳлатҳои лоиҳа ва асосдор будани буҷет.

Кӣ метавонад иштирок намояд?

Дархостҳо дар давоми сол аз рӯзноманигорони соҳибтаҷрибаи додаҳо, дастаҳо ва хатмкардагони барномаи журналистикаи додаҳои  Интернюс қабул карда мешаванд.

Дар ҳайати даста мумкин аст таҳлилгарони дахлдори додаҳо, муҳтавосозон (контентмейкер), фрилансерҳо, фаъолони маданӣ, блогерҳо, донишҷӯён, дизайнерҳо ва дигар шахсони манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намоянд, ки машғули журналистикаи додаҳо мебошанд.

Андозаи грант

Грантҳо ба миқдори аз 500 то 1200 фунт стерлинг (GBP) барои пардохти хароҷоти зарурии вобаста ба эҷоди маводҳои ба додаҳо асосёфта (гонорарҳо, кор бо IT, музди кор, хароҷоти сафар, ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо, иҷораи таҷҳизот ва ғайра пешниҳод мегарданд.

Дархостҳо ба озмун ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қабул карда мешаванд.

Маводҳои ба додаҳо асосёфта метавонанд дар ҳар формат барои нашр дар расонаҳои онлайн, шабакаҳои иҷтимоӣ, платформаҳои электронӣ ва расонаҳои пахшшаванда бошанд.

Нақшаи ҳармоҳаи пешниҳоди дархостҳо дар соли 2022:

23 феврал 
30 март      
27 апрел      
25 май      
29 июн     
27 июл     
31 август  
27 сентябр 
23 октябр

Шакли (формаи) дархост инҷост.

Намунаи буҷа инҷост.

Вобаста ба ҳамаи масъалаҳо ба почтаи электронии зерин муроҷиат кунед – zergasheva@internews.org

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *