Дар чаҳорчӯби Меморандум, Internews ва Вазорати маориф ва илм дар якҷоягӣ барномаҳои омӯзишӣ вобаста ба саводи расонаиро таҳия карда, тахассуси мутахассисони ин соҳаро такмил мекунанд, инчунин тафаккури интиқодӣ ва фарҳанги рақамии донишҷӯёну хонандаҳои тоҷикро инкишоф медиҳанд.
Дар панҷ зербанди ин ёддошти тафоҳум, ки ҳафтаи гузашта Internews ва Вазорати маориф ва илм имзо карданд, қадамҳои асосии рушди саводи расонаӣ дар Тоҷикистон тавзеҳ мешаванд. Масалан, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки маҳоратҳои омӯзгорони мактабҳо ва устодони донишгоҳҳоро дар соҳаи рӯзноманигорӣ, саводи расонаӣ, қонунгузорӣ дар бораи расонаҳо, рушди тафаккури интиқодӣ ва фарҳанги рақамӣ якҷоя такмил диҳанд.
Рухшона Наҷмиддинова, директори кишварии Internews дар Тоҷикистон мегӯяд: “Саводи расонаӣ ҳоло барои ҳар инсон зарур аст. Агар қаблан асоси саводнокӣ маҳорати дуруст навиштан, хондан ва ҳисоб кардан, ба ибораи дигар, доштани маҳоратҳои ибтидоии забон, адабиёт ва риёзӣ ба ҳисоб мерафт, пас бо рушди технология ва пурбор шудани фазои иттилоотӣ ин маҳорат дигар кофӣ нест. Имрӯз, ҳар як шахс бояд маҳорати асосии филтр кардани иттилоотро дошта бошад. Аз ин рӯ, ҷорӣ намудани пояҳои саводи расонаӣ ҳам дар таҳсилоти умумӣ ва ҳам дар омӯзиши касбӣ – ин тақозои замон аст.
Ба гуфтаи Наҷмиддинова, яке аз самтҳои асосии кори Internews рушди саводи расонаӣ аст ва созмон талош дорад, то ба ин фаъолият шумораи бештари ҳамандешаҳоро аз бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ ҷалб кунад. Ӯ ёдовар шуд, ки Internews то ҳанӯз дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм дар рушди саводи расонаӣ таҷрибаи муштарак дорад: ин созмон дар соли 2021 дар таҳияи модулҳои омӯзиши саводи расонаӣ дар барномаи нави таълимии факултети журналистика, аз ҷониби вазорат ва САҲА якҷоя таҳия шудааст. Тибқи стандарти таҳияшуда саводи расонаӣ ба барномаи таълимии донишҷӯён дохил карда шуд.
Ёддошти тафоҳуми нав ба мо имкон медиҳад, ки чунин ҳамкориҳоро тавсеа бахшем ва саводи расонаиро на танҳо дар таҳсилоти расмӣ, балки дар таҳсилоти ғайрирасмӣ низ инкишоф диҳем.
– Ҳоло, ки Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, мо ба раванди муҳокима ва таҳияи нақшаи корӣ шурӯъ мекунем, ки дар ҷараёни татбиқи бандҳои Ёддошти тафоҳум онро пайгирӣ хоҳем кард. Аз ҷониби худ мо метавонем барои омода кардани мутахассисон, мутобиқсозии китобҳои дарсӣ, баргузор кардани давраҳои омӯзишӣ, мастер-класҳо ва бисёр масъалаҳои дигар таҷриба ва коршиносии лозимро пешкаш намоем», – гуфт Рухшона Наҷмиддинова.
Зимнан, яке аз самтҳои асосии фаъолияти Internews дар панҷ соли ахир дар чаҳорчӯби Барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ, рушди саводи расонаӣ дар се кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон будааст.
«MediaCAMP – нахустин лоиҳаи мукаммали Internews мебошад, ки дар он саводи расонаӣ ҳамчун як соҳаи алоҳида таъкид шудааст», – гуфт Гулнор Асанбаева, мушовири минтақавии Internews вобаста ба саводи расонаӣ, ки дар тӯли панҷ соли татбиқи MediaCAMP ин соҳаро назорат кардааст. – Комилан ҳама корҳое, ки мо кардем, аз сифр офарида шудааст. Нахустин китобҳои дарсӣ дар бораи саводи расонаӣ ба забонҳои миллии се кишвар таҳия шуданд. Беш аз 13 ҳазор нафар омӯзиш дода шуданд. Саводи расонаӣ ҳамчун фан ё модулҳои алоҳида дар 60 донишгоҳи Қазоқистон ва Тоҷикистон таълим дода мешавад. Мо ба барномаи таълимии мактабҳои Қазоқистон ворид кардани саводи расонаӣ ва омода кардани омӯзгорони мактаб бо забонҳои қазоқӣ ва русӣ асосҳои саводи расонаиро дастоварди бузурги ҳамкориҳо бо сохторҳои давлатӣ ҳисоб мекунем».
Илова бар ин, дар доираи MediaCAMP, Internews чаҳор Эдютон – семинарҳо дар бораи саводи расонаӣ баргузор кард, ки дар онҳо даҳҳо нафар аз саросари Осиёи Марказӣ ширкат карданд. Дар соли 2021 Internews дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо коршиносони дохиливу хориҷӣ як китоби нави дарсиро дар бораи саводи расонаӣ ва рақамӣ ба забони тоҷикӣ барои донишҷӯёни донишгоҳҳо таҳия кардааст. Он аз 17 модул ва се боб иборат аст, ки намунаҳои воқеии фазои расонаии Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд. Саводи расонаӣ дар Тоҷикистон бо эҷоди нахустин барномаҳои замимавии квизҳо, мусиқӣ, намоишҳои мардумӣ ва таъсиси Хонаҳои саводи расонаӣ дар Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон густариш ёфт.