Internews дар Тоҷикистон озмуни пешниҳоди (идея) эҷоди муҳтаво дар шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ҷавононро эълон мекунад. Муаллифони лоиҳаҳои беҳтарин дар лагери панҷрўзаи #IdeaCamp2023 ширкат меварзанд, ки дар ҷараёни он онҳо метавонанд назарҳои худро ҷамъбаст намуда, онҳоро ба як лоиҳаи ҷолиби расонаӣ табдил диҳанд ва барои амалишавии он грант ба даст оранд.
Лагери мазкур бахше аз лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) мебошад, ки аз ҷониби Интерньюс бо датгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад.
Ҳадафи лоиҳаи REVIVE саҳмгузорӣ дар эҷоди муҳити солими иттилоотӣ мебошад, ки ба шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон медиҳад бо маълумоти бардурўғ истодагарӣ карда, қарорҳои баробар бароварда тавонанд.
#IdeaCamp2023 чӣ аст?
Ин барномаи рақамӣ ва малакаҳои расонаӣ мебошад. Иштирокчиёни ҷавони лагер метавонанд малакаҳои худро дар эҷоди муҳтаво, фактчекинг, визуализатсия ва шабакаҳои иҷтимоӣ такмил диҳанд. Муррабиён ва коршиносони даъватшуда пешрафтҳои навтаринро дар соҳаҳои зерин мубодила мекунанд.
- Саводнокии расонаӣ ва тафаккури интиқодӣ;
- Консепсияи блогерони иҷтимоӣ ва кор бо аудитория;
- Ҳамлаи муассири мағзҳо – чӣ гуна бояд андеша ва роҳи ҷалб шудан ба онро пайдо кард;
- Чӣ гуна лоиҳаро муваффақ кард;
- ВАОи иҷтимоӣ: чӣ гуна интихоб кардани майдони мувофиқ ва дар он самаранок кор кардан;
- Асрори бомуваффақияти питчинг: чӣ гуна пешниҳоди (идея) худро муаррифӣ кард, то он ба дили ҳакамон роҳ ёбад;
- Эҷоди муҳтаво бо истифода аз воситаҳои зарурии дар дастбуда – смартфон ва хидматҳои онлайнӣ
Дар рўзи охирин #IdeaCamp2023 иштирокчиён пешниҳоди (идея) ниҳоии худро пешниҳод мекунанд. Дар асоси натиҷаи питчингдоварон чаҳор лоиҳаи эҷодӣ ва мубтариконаро (инноватсиони) барои тавлиди муҳтаво дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ҳар кадоме барои амалигардонии лоиҳа дар ҳаҷми аз 500 то 3000 евро грант дарёфт хоҳанд кард, интихоб мекунанд.
Чӣ тавр иштирок кардан мумкин аст?
Лагери ҷавонон аз 1 то 5 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Забони асосии #IdeaCamp2023 – тоҷикӣ ва русӣ мебошад.
Агар:
- Шумо дар шаҳр\ноҳия\деҳаи хурд зиндагӣ мекунед ё аз он ҷо барои таҳсил\кор омадаед;
- Шумо аз 18 то 25 солаед;
- Шуморо мушкилоти минтақа\шаҳр\ноҳияатон ба ташвиш меорад;
- Шумо кўшиш кардаед ё мехоҳед худро ҳамчун блогер, ихтиёрӣ ва ё рўзноманигор санҷед;
- Шумо барои як лоиҳаи расонаӣ, ки ба саводнокии ВАО, тафаккури интиқодӣ ва эҷоди муҳтавои босифат дар шабакаҳои иҷтимоӣ алоқаманд аст, андешаи ҷолиб доред
Пас ба ин линк гузаред ва дархости худро барои иштирок дар IdeaCamp2023 то 26 марти соли 2023, соати 18:00 ба вақти Душанбе ба мо ирсол кунед.
ТАМДИД ШУД: дархости худро барои иштирок дар IdeaCamp2023 ба ин линк ворид шуда то 31 марти соли 2023, соати 18:00 ба вақти Душанбе ба мо ирсол кунед.
Таваҷҷуҳ: дар аризаи шумо талаб карда мешавад, ки дар як видеои якдақиқаӣ шумо моҳияти лоиҳаи худро мухтасар шарҳ дода, замима кунед.
Шумораи иштирокчиён маҳдуд аст – барои иштирок дар IdeaCamp2023 доварон 20 муаллифи лоиҳаҳои эҷодиро интихоб мекунанд. Ҳама хароҷоти марбут ба иштирок дар чорабинӣ (маҳали истиқомат, нақлиёт, хўрок)-ро созмондиҳандагон ба уҳда мегиранд.
Мо дар барномаҳои шумо кадом мавзуҳоро интизорем?
Мо аз рўйи чаҳор мавзуъ дархостҳо қабул мекунем:
- Лоиҳае, ки аҳамияти тафаккури интиқодӣ ва саводнокии расонаӣ дорад
- Лоиҳае, ки таъсири таблиғ ва маълумоти бардурўғро ба ҷавонон нишон медиҳад
- Лоиҳае, таъсири рўйдодҳои кишвар, минтақа ва ҷаҳонро ба ҷавонони Тоҷикистон инъикос мекунад
- Лоиҳае, ки нақши духтарон ва занонро дар Тоҷикистон инъикос мекунад.
Мо ғолибонро чӣ тавр интихоб мекунем?
Меъёрҳои интихоби иштирокчиён
- Хоҳиши омўзиши навгониҳо, такмил додани малакаи худ ва эҷоди мундариҷа
- Аҳамияти лоиҳа барои Тоҷикистон
- Аслӣ\эҷодкорӣ\навоварӣ будани андеша\ шакл\наздикшавӣ
- Мутобиқсозии буҷа бо миқдор ва\ё сифати муҳтавои эҷодшуда
Оё шумо ягон савол доред?
Бо мо тамос гиред! Мо ба саволҳои шумо тавассути почтаи электронӣ ҷавоб медиҳем. E-mail барои иртибот:Central-Asia-REVIVE-Info@internews.org