Internews дар Тоҷикистон озмуни кушоди грантӣ байни тавлидкунандагони муҳтаво эълон мекунад

Эҷодкорони муҳтаворо дар иштироки озмуни грантӣ барои тавлиди контент даъват карда мешаванд. Ин контент ба сокинони маҳаллӣ барои беҳтар дарк кардан ва баҳо додани рӯйдодҳое, ки дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон ба вуқуъ меояд кумак мерасонад.  

Озмун дар доираи лоиҳаи минтақавии «Боло бурдани устувории аудитория тавассути саргузаштҳои боэътимод» (CARAVAN), аз ҷониби Internews бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо гузаронида мешавад. Лоиҳа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 1 апрели соли 2024 амалӣ хоҳад шуд.

Доварони мустақил ҳадди ақал ду дархости беҳтаринро бо буҷаи умумӣ 60 ҳазор евро интихоб мекунанд.

Маблағи як грант барои эҷоди на камтар аз 40 воҳиди муҳтавои аслӣ дар мавзуҳои гуногун набояд аз 30 ҳазор евро боло бошад.

Internews ҳуқуқ дорад, ки маблағи грантро вобаста ба шумораи лоиҳаҳои дастгиришаванда кам намояд.

Интернюс ба ғолибони озмун барои баланд бардоштани иқтидори онҳо (иштирок дар барномаҳои менторӣ, иқоматгоҳҳои (резиденция) кӯтоҳмуддат дар форматҳои онлайн ва офлайн, тренингҳо) дастгирии коршиносии фаннӣ мерасонад. Инчунин шарикон аз коршиносони расонаӣ, аз ҷумла, таҳкими устувории молиявии онҳо дар бозор маслиҳат мегиранд.

Муҳлати амалигардонии лоиҳаҳо — то 10 моҳ, санаи пешбинишудаи оғози лоиҳа — миёнаҳои моҳи августи соли 2024 мебошад.

Кӣ метавонад иштирок кунад?

Дар озмун расонаҳои мустақили маҳаллӣ, студияҳои истеҳсолӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, ва дигар эҷодкорони муҳтаво (блогерон, фрилансерҳо, рӯзноманигорон ва ғайра) бо фарогирии шунавандагони дигар кишварҳо иштирок карда метавонанд.

Шарти муҳим: довталаб бояд тибқи қонунгузории маҳаллӣ ба қайд гирифта шавад

(СИ, ШДММ, СҶ ва ғ.)

Мо кадом лоиҳаҳоро интихоб мекунем?

Интернюс қабули дархости лоиҳаҳоеро интизор дорад, ки:

  • Ба ҳадафи густариши дастрасӣ ба муҳтавои чунӣ ва қобили эътимод дар мавриди рӯйдодҳое, ки дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон дар ҳоли вуқуъ аст;
  • Бар зидди маълумоти бардурӯғ ва қалбакӣ мубориза мебарад, моҳият ва ҳадафҳои онҳоро мефаҳмонад.
  • Бар зидди сухани танаффур ва барангехтани адоват байни гуруҳҳои мухталафи иҷтимоӣ муқобилият мекунад.
  • Таҳкими ғояҳои эҷод\пойдории сулҳ ва рушди таҳаммулпазирӣ;
  • Гуфтугӯи байни мухотабони мухталифро ривоҷ медиҳад ва дар пайдо кардани заминаҳои муштарак ва роҳи ҳалли мушкилот дар ин ҷомеъаро кумак мекунад.
  • Имкониятҳои ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ-тиҷоратӣ барои ворид шудан ба бозори ҷаҳониро инъикос мекунад;
  • Равандҳои муҳими геополитикӣ, аз ҷумла ҷанг ва низоъҳо, ки ба минтақа ва кишвар таъсир мерасонад, инъикос менамояд.  
  • Мубоҳисаҳо дар хусуси арзишҳои муштараки минтақа, ҳуқуқ ва имконоти ҷалби фаъолияти шаҳрвандӣ миёни аҳолиро густариш медиҳад. 
  • Дастгирии ғояҳои озодии баён, ҳуқуқи инсон, гендерӣ ва дигар шаклҳои баробарӣ;
  • Мушкилоти умумии занон ва дигар табақаҳои осебпазир ва дарканормонда, хусусан бо роҳи муҷовимат ба қолабҳои амиқи ҷомеаро инъикос мекунад.
  • Мавзуъҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва истифодаи манбаъҳои об дар минтақаро инъикос мекунад.


Лоиҳаҳо метавонанд дар жанр\формат пешниҳод шаванд:

Интернюс лоиҳаҳои пешниҳодшудаеро, ки эҷоди муҳтаво дар жанрҳо ва қолабҳои мухталиф аст, истиқбол мекунад: таҳлил, таҳқиқоти журналистӣ, дода-мақолаҳо, матолиби омӯзишӣ ва таълимӣ, достонҳо, далелсанҷӣ, филмҳои ҳуҷҷатӣ, мусоҳиба, барномаҳои ток-шоу ва ғайраҳо.

Марҳилаи пешниҳод ва дархост:

  1. Иштирок дар ҷаласаи иттилоотӣ дар мавриди озмун ва тарзи пур кардани дархост ва буҷа (ҷузъиёт дар поён).
  2. Пур кардани шакли дархост ва буҷа ва бо бастаи пурраи ҳуҷҷатҳои лозима ба нишонии электронии TJ-Info@internews.org дар мавзӯи «CARAVAN. Озмуни эҷоди муҳтаво» на дертар то 10 июли соли 2024 то соати 23:59 ба вақти Душанбе.
  3. Дархостҳо бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ қабул мешаванд

Маълумоти иловагӣ:

Маблағи гарнтиро метавонед барои музди меҳнат, сафарҳои корӣ бо ҳадафи ҷамъоварии мавод, хароҷоти амалиётии марбут ба эҷоди муҳтаво ва татбиқи нақшаҳои пешбурди муҳтавои офаридашуда ва такмилдиҳии қисман таҷҳизот истифода баред.

Барои баррасӣ дархостҳо бо бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо қабул карда мешаванд (номгӯи бастаи ҳуҷҷатҳо дар шакли дархост бинед). Internews ҳуқуқ дорад дархости лоиҳаеро, ки як ё якчанд ҳуҷҷат надорад, баррасӣ накунад.

Марҳилаҳои озмун:

Марҳилаи аввал: интихоби фаннии дархости лоиҳавӣ (мавҷуд будани бастаи пурраи ҳуҷҷатҳои ба талаботи озмун ҷавобгӯ).

Марҳилаи дуюм: интихоби дархости лоиҳавӣ, ки бештар ба ҳадафи озмун ҷавобгӯ мебошад (листинги кӯтоҳ).

Марҳилаи сеюм: Питчинг. Даври ниҳоии дастаҳои лоиҳавӣ (ғолибон), ки аз марҳилаи дуюми интихобӣ бо муаррифии ғояи лоиҳа гузаштаанд.

Марҳилаи чорум: Эълони дастаҳои ғолиб аз рӯи натиҷаҳои ниҳоӣ. Доварони озмун ғолибон ва захираҳоро мушаххас хоҳад кард.

Натоиҷи озмун:

Рӯйхати ғолибони озмун моҳи августи соли 2024 нашр мешавад. Ба дастаҳои ғолиб як ҳафта муҳлат дода мешавад, то лоиҳаро анҷом диҳанд, буҷаи ниҳоиро тибқи назароти ҳайати доварон тартиб дода, ҳуҷҷатҳои лозимаро барои бастани шартнома ҷамъоварӣ кунанд.

Меъёрҳои интихоб:

  • Мавҷудияти бақайдгирии расмии шахси ҳуқуқӣ (соҳибкори инфиродӣ, ширкати дорои масъулияти маҳдуд, ташкилоти ҷамъиятӣ ва ғайра) тибқи қонунгузории маҳаллӣ;
  • Таҷрибаи қаблӣ дар соҳаи истеҳсоли муҳтаво на камтар аз як сол (таҷрибаи иштирокчиёни асосии даста ба назар гирифта мешавад);
  • Мавҷудияти рӯйхати корҳои анҷомдода, аз ҷумла, таҷрибаи аъзоёни алоҳидаи даста;
  • Мавҷудияти бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо (рӯйхатро дар шакли дархост пайдо кардан мумкин аст)
  • Беҳамтоӣ, асолат, халоқият ва навоварии ғоя.
  • Мутобиқати дархости лоиҳавӣ бо мавзуъоти эъломшудаи озмун;
  • Дастрасӣ ба доираи васеъи мухотабон (нашри муҳтаво);
  • На камтар аз 70% муҳтавои эҷодшуда (воҳиди муҳтаво) бояд ба забони давлатӣ бошад;
  • Мавҷудияти пойгоҳҳои фаннии лозима барои амалигардонии лоиҳа;
  • Ризоияти аъзоёни даста барои иштироки фаъолона дар ҳама ҷамъомадҳои омӯзишӣ дар ҷаҳорчӯбаи лоиҳаи CARAVAN;
  • Уҳдадорӣ ба меъёрҳои ҳирфаӣ ва ахлоқии рӯзноманигории бокайфият.

Афзалият ба он дастаҳое дода мешавад, ки:

  • Истифодаи шабакаҳои фарогирии миллӣ;
  • Оммавӣ гардонидани муҳтаво бо забони давлатӣ
  • Дар форматҳои мухталиф муҳтаво эҷод кунанд;
  • Таҳиява\ё мутобиқ кардани муҳтаво ба забонҳои дигар;
  • аз шабакаҳои гуногуни иттилоърасонӣ истифода баранд;
  • риояи тамоюлҳои масрафи расонаҳо дар кишвар. Метавонед натиҷаи Пажуҳиши масрафи расонаҳо дар Осиёи Марказиро аз инҷо зеркашӣ кунед.  

Ҷаласаи иттилоотӣ:

25 июни соли 2024 соати 13:00 ба вақти Душанбе Internews ҷаласаи иттилоотӣ баргузор мекунад, ки дар он шумо метавонед дар мавриди шартҳои озмун маълумоти бештар гиред ва саволҳои худро пешниҳод кунед. Довталабон метавонанд ба ҷаласаи иттилоотӣ дар платформаи Zoom онлайн ҳамроҳ шаванд. Лутфан, барои иштирок дар ҷаласаи иттилоотӣ худро дар ин линк онлайн сабти ном кунед.

Саволҳои иловагӣ доред?

Бо мо тамос гиред! Мо ба саволҳои шумо тариқи почтаи электронии TJ-Info@internews.org бо хушнудӣ посух медиҳем. Лутфан, мавзуи мактубро «CARAVAN. Савол. Озмуни эҷоди муҳтаво – Тоҷикистон» ишора кунед.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *