Internews дар Тоҷикистон барои интиқоли мудирияти идораи бахши «Нақди расонаӣ» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ шарик меҷӯяд

Пешбинӣ мешавад, ки шарики интихобшуда рушди жанрро дар Тоҷикистон дар махзани расонаии (медеаресурси) худ идома хоҳад дод.

Контекст

Аз соли 2019 инҷониб Internews дар Осиёи Марказӣ жанри нақди расонаиро дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пеш мебарад. Дар тули ин муддат мо чор мактаби минтақавии нақди расонаиро баргузор карда, на камтар аз 30 нафар муаллиф омода намудем ва ба он ноил гаштем, ки ба маводҳо на танҳо дар байни ҷомеаи расонаӣ, балки дар байни шаҳрвандони фаъол низ таваҷҷуҳ пайдо шуд. Акнун мебинем, ки ин жанр потенсиали кофӣ барои интиқол ба мудирияти мустақил ба воситаи нашрияи озодро дорад.

Шумо метавонед маводҳоро бо забони русӣ дар инҷо пайдо кунед.

Нашрҳо бо забони тоҷикиро дар инҷо бубинед.

Барои рушди минбаъдаи нақди расонаӣ дар Тоҷикистон, мо шарик, созмони ғайридавлатӣ ё созмони расонаиро меҷӯем, ки хоҳиш, таҷриба ва зарфияти таҳияи маҳсулоти нави расонаиро дар махзани худ дошта бошад.

Талабот ба шарики эҳтимолӣ

  • ба сифати шахси ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда бошад;
  • дар соҳаи расона на камтар аз се сол таҷрибаи кор дошта бошад;
  • таҷрибаи муваффақи монетизатсияи лоиҳаҳоро дошта бошад;
  • сомонаи функсионалӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дошта бошад.

Дастгирии аввалия аз Internews дар Тоҷикистон

Internews ба шарики интихобшуда дар моҳҳои аввали лоиҳа кумаки машваратӣ ва молиявӣ мерасонад:

  • маҷмӯи муаллифони касбӣ, ки бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ кор мекунанд;
  • дастгирии продюсер, муҳаррир ва корректори бахши танқиди ВАО доир ба Хабарнигори нав;
  • дастгирии ментории коршиноси ҷалбшудаи монетизатсия;
  • бойгонии маводҳо аз соли 2019;
  • манбаъҳои молиявӣ барои гонорари муаллифон.

Чӣ тавр бояд муроҷиат кард?

Барои иштирок дар озмун шумо бояд то 15 апрели соли 2023 дархостро дар линки зерин пур кунед. Интизор дорем, ки дар он нақшаи пешакии таҳияи лоиҳа ва нақшаи монетизатсияи минбаъдаи худро нишон хоҳед дод.

Агар саволҳои иловагӣ дошта бошед, метавонед ба нишонии tj-info@internews.org  бо мавзӯи “Нақди расонаӣ дар Тоҷикистон” нома нависед.

Дар бораи созмон                             

Internews Network як созмони байналмилалии ғайритиҷоратӣ доир ба дастгирии ВАО мебошад.

Навъҳои асосии фаъолият:

  • Кумак ба воситаҳои ахбори омма дар рушд, барномарезии ТВ, тавлиди муҳтаво ва пешбурди технологияҳои нави расонаӣ.
  • Омӯзиши касбии кормандони эҷодӣ ва техникӣ.
  • Омӯзиши саводи расонаӣ ва иттилоотӣ ба аҳолӣ.
  • Дастгирии ҳуқуқии ВАО.

Лоиҳа бо кумаки мардуми Амрико тавассути Агентии ИМА доир ба рушди байналмиллалӣ (USAID) имконпазир гардид ва дар доираи барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби Internews амалӣ карда мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *