Internews барои истеҳсоли муҳтаво «Формати хурд-2023» озмун эълон мекунад

Ҳадаф аз баргузории озмуни «Формати хурд-2023» дастгирии истеҳсоли муҳтавои босифат мебошад, ки дар муддати кӯтоҳ аз ҷониби гурӯҳи хурди муаллифон эҷод карда мешавад.

Диққат диҳед! Дар солҳои 2022-2023 ин ягона озмуни продакшен-лоиҳаҳо аз MediaCAMP мебошад. Формати калон” ва Формати DOC эълон карда намешаванд.

Кадом форматҳо барои «Формати хурд» мувофиқ мебошанд?

Онҳо мумкин аст форматҳои муқаррарии расонаӣ бошанд: гузоришҳои махсус, қиссаҳои видеоӣ, мусоҳибаҳои видеоӣ, барномаҳои телевизионии таҳлилӣ, кепшен-видео, мақолаҳо, таҳияи филмҳои мустанад. Ё форматҳои таҷрибавӣ: арт-кампанияҳо барои шабакаҳои иҷтимоӣ, намоишҳои театрии маҷозӣ (виртуалӣ), намоишгоҳҳои санъат ё акс. Дар бораи рӯйкардҳои муосири эҷоди муҳтаво ҳамчунин фикр кунед. Шояд шумо лоиҳаеро дар шакли харитаи интерактивӣ ё тайм-линия, осорхонаи маҷозӣ ё 3D-ҳикояҳо таҳия кунед.

Шумо ҳамчунин метавонед лоиҳаҳоро дар формати офлайн пешниҳод кунед: масалан, перформанси кӯчагӣ; аммо ҳар гуна чунин лоиҳа бояд бо муҳтаво ҳамроҳӣ карда шавад.

Ғайр аз ин, озмун дастгирии лоиҳаҳоро бо истифода аз стратегияҳо ва воситаҳо барои ҷалби мухотабон (аудитория) пешбинӣ менамояд. Чунин лоиҳаҳо метавонанд барои маблағгузории иловагӣ ҳуқуқ дошта бошанд.

Лоиҳаҳо доир ба ҷалби мухотабон чӣ маъно доранд?

Онҳо чорабиниҳои офлайн ва онлайн мебошанд, ки ба сохтани ҷомеаҳои фаъол дар атрофи расона, коммуникатсияи самарабахши дуҷониба бо истифодабарандагон нигаронида шудаанд.

Онҳо мумкин аст маъракаҳои ҷамъиятие бошанд, ки барои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, ҷалби шаҳрвандон ба лоиҳаҳои хайрия, таҳияи харитаҳои интерактивӣ, гузаронидани лексияҳо, чорабиниҳои довталабӣ ва ғайра пешбинӣ шудаанд. Шумо метавонед дар бораи чӣ гуна таҳия намудани стратегияи ҷалби аудитория ба таври муфассал дар ин ҷо хонед.

Маблағгузории воситаҳои ҷалби мухотабон мумкин аст пешниҳод карда шавад:

  • илова бар он ба маблағе, ки ғолиби “Формати хурд – 2023” барои эҷоди муҳтаво ба даст меорад;
  • ё ҳамчун буҷети алоҳида  ҳангоми мувофиқати идея ба меъёрҳои компонент.

Шахси дархосткунанда ҳамчунин бояд дорои таҷрибаи гузаронидани маъракаҳои онлайн ва офлайн барои ҷалби мухотабон бошад. Муҳлати чунин лоиҳа набояд аз чор моҳ зиёд бошад. Онҳое, ки барои чунин лоиҳа маблағгузориро дарёфт мекунанд, Internews барои онҳо менторҳо пешниҳод мекунад.

Барои он ки расона стратегияҳо ҷиҳати ҷалби мухотабонро дошта бошад, Internews чанд вохӯрӣ баргузор мекунад, ки дар онҳо дар бораи воситаҳои самарабахш ва роҳҳои хуби бунёди ҷомеаҳо суҳбат хоҳанд кард. Шумо метавонед барои иштирок дар чунин ҷаласаҳои иттилоотӣ дар ин ҷо худро сабти ном кунед.

Кадом мавзуъҳоро метавон дар “Формати хурд” пешниҳод кард?

Мавзӯи лоиҳаҳо озод аст ва шумо метавонед ҳар мавзуъеро пешниҳод кунед, ки ба фикри шумо муҳим ва ҷолиб мебошад. Бо вуҷуди ин, маводҳо бояд маънои иҷтимоӣ ва паёме ба ҷаҳон дошта бошанд. Шояд барои мухотабони шумо донистан дар бораи он ҷолиб ва муфид бошад, ки иқтисоди калон ба ҳаёти ҳаррӯзаи онҳо чӣ гуна таъсир мерасонад, дар бораи ҷанбаҳои номаълуми муҳоҷират, мушкилоти коркарди пластик ё лайфстайли (тарзи ҳаёти) алтернативии одамони синну соли нафақа. Он чизеро интихоб кунед, ки худи шуморо ташвиш медиҳад!

Шитоб накунед – хуб фикр кунед. Шояд дар зеҳни шумо қисса ё мушкиле пайдо шавад, ки расонаҳо дар бораи он то ҳол нақл накардаанд.

Мо ҳамчунин хушҳол хоҳем буд, ки идеяҳои журналистҳои ҷавон ва форматҳоро барои ҷавонон баррасӣ намоем. Дар чорчӯби “Формати хурд-2023” як ё ду чунин лоиҳа дастгирӣ карда мешаванд.

Чӣ гуна метавон мавзуъ ва форматро дуруст интихоб намуд?

Мо пешниҳод менамоем, ки брейнсторминги (тӯфони андешаҳо) муштарак баргузор намоем. Дар санаи 4 ноябр, соати 16:00 ба вақти Душанбе мо барои дархосткунандагон аз Тоҷикистон ҷаласаи фасилитатсионӣ баргузор мекунем, ки дар он мо метавонем идеяҳои шуморо муҳокима карда, дар бораи чӣ гуна такмил додани онҳо фикр намоем.

Хоҳишмандон метавонанд аз рӯи линк (ссылка, пайванд) барои иштирок дар тӯфони андешаҳо худро сабти ном кунанд.

Лоиҳаи “Формати хурд то кай давом мекунад? 

Аз як то панҷ моҳ. Лоиҳаҳо бояд то 31 июли соли 2023 ба охир расанд. Ин дафъа тамдид кардан мумкин нест. Дархостҳое, ки дар онҳо муҳлати дарозтари амалисозии лоиҳа нишон дода мешаванд, аз интихоби техникӣ намегузаранд.

Кӣ метавонад дар озмуни “Формати хурд иштирок кунад? 

Расонаҳои ғайридавлатии маҳаллӣ, онлайн-нашрияҳо, рӯзнома ва маҷаллаҳо (агар онҳо дар Интернет платформаҳое дошта бошанд, ки метавонанд дар онҳо муҳтавои худро ҷойгир кунанд), ширкатҳои хурди телевизионӣ, радиостансияҳо, продакшен-студияҳо, муаллифони мустақил, журналистҳо, блогерҳо, рассомон, фаъолон ва дигар гурӯҳҳои эҷодӣ метавонанд иштирок намоянд. Дастаҳо метавонанд навкорон бошанд, вале идея бояд кор карда шавад ва фаҳмиши мухотабон ва манфиатҳои он низ зарур аст.

Дар Тоҷикистон дархосткунандагоне, ки барои истеҳсоли маводҳои аудиовизуалӣ иҷозатнома (литсензия) надоранд, ки он мутобиқи қонунгузории миллӣ талаб карда мешавад, наметавонанд барои таҳияи муҳтавои аудиовизуалӣ дархост пешниҳод кунанд, магар ин ки он тавассути созмони расонаии бақайдгирифташуда сурат гирад.

Кадом маблағро метавон барои лоиҳа дархост кард?

Дар Тоҷикистон як лоиҳа метавонад аз се то ҳафт ҳазор доллар бо пули миллӣ ба даст орад.

Буҷети эълоншуда бояд мувофиқ ва асосдор бошад; дар сурати гузаштан аз ҳадди болоӣ, дархост баррасӣ карда намешавад. Шахси дархосткунанда метавонад дар буҷет хароҷот барои хариди нармафзори литсензионӣ, асбобҳои мултимедиявӣ, таҷҳизоти зарурӣ барои истеҳсоли муҳтаво, ҷалби мушовирон, инчунин хароҷот барои ҷалби мухотабон ва ғайраро нишон диҳад.

Чӣ гуна метавон дар озмун иштирок кард?

Шумо бояд бо идеяи худ дархост пешниҳод намоед.

Муҳлати ниҳоӣ – 15 ноябри соли 2022 (то соати 23:59 бо вақти пойтахт дар кишвари шумо). Дархостро метавонед дар ин ҷо пур кунед.

Ин дафъа мо дархостҳоро тавассути платформаи нави грантӣ қабул мекунем. Барои иштирок шумо бояд худро ба қайд гиред. Ҳангоми бақайдгирӣ, лутфан нишонии почтаи электронии амалкунандаро нишон диҳед, зеро мо ҳамаи огоҳиномаҳоро ба ин нишонӣ ирсол хоҳем кард.

Агар шумо худро ба қайд гирифта ё варақаро пур карда натавонистед, онро як сӯ гузоред ва ба мо тавассути почта нависед (дар охири эълон нишон дода шудааст) – мо ба шумо маслиҳат медиҳем.

Дар онлайн-ҷаласаи фасилитатсионӣ дар санаи 4 ноябр мо ҳамчунин ба шумо тарзи истифода намудани платформаи грантиро нишон хоҳем дод.

Интихоби идеяҳои ба озмун пешниҳодшуда чӣ гуна сурат мегирад? 

Марҳилаи 1 – пешниҳоди идеяҳо

Шумо идеяи худро дар онлайн-дархост пешниҳод мекунед (варақа ҳам барои истеҳсоли муҳтаво ва ҳам барои лоиҳаҳо доир ба ҷалбсозии мухотабон). Як даста метавонад чанд идеяро пешниҳод кунад, вале на бештар аз се идея (танҳо яке аз онҳо аз интихоби техникӣ мегузарад). Барои ҳар лоиҳа шумо бояд дархости алоҳидаро пур кунед.

Марҳилаи 2 – интихоби техникӣ

Аз интихоби техникӣ гузаред. Ҳар лоиҳа барои мувофиқ будан ба меъёрҳои озмун баррасӣ карда мешавад. Агар дархост ба даври дигар пешниҳод карда нашуда бошад, ба шумо огоҳинома меояд.

Марҳилаи 3 – муаррифии идеяҳо

Дар питчинг иштирок кунед. Муаллифони лоиҳаҳои интихобшуда ба презентатсия даъват карда мешаванд, ки дар он метавонанд консепсияи худро дар ҳар гуна формат дар тӯли 10-15 дақиқа пешниҳод намуда, ба аъзои доварони мустақил аҳамият ва воқеияти иҷрои онро исбот кунанд.

Қарори ниҳоӣ аз ҷониби комиссия бар асоси меъёрҳои зерин қабул карда мешавад: аслӣ будани идея ва формат, аҳамияти мавзуъ, фаҳмиши мухотабони мавриди ҳадафи худ, биниши маҳсули ниҳоӣ ва оқилона будани буҷет. Ҳамчунин, устувории лоиҳаи шумо ва/ё расона дар назар гирифта мешавад. Беҳтар аст дар дархост нишон дода шавад, ки шумо устувории худро чӣ гуна мебинед.

Ғолибони озмун дар моҳи декабри соли 2022 эълон карда мешаванд.

Марҳилаи 4 – такмил ва таҳияи ҳуҷҷатҳо

Дар сурати ғолиб омадан дар озмун, шумо огоҳиномаи дахлдорро ба даст меоред. Пас аз он, ба шумо муҳлат ҷиҳати таҳия намудани ҳуҷҷатҳо барои дарёфти маблағгузорӣ дода мешавад. Дастаи Internews бо шумо барои такмил додани дархостҳо ва буҷет кор хоҳад кард (мутобиқи тавсияҳои ҳакамон). Дар сурати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ё дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод накардани онҳо, дастгирии лоиҳа мумкин аст рад карда шавад.

Кадом лоиҳаҳо барои Формати хурд мувофиқ нестанд?

Internews дар чорчӯби озмуни мазкур расонаҳои давлатӣ ва расонаҳои вобаста ба давлат, ҳамчунин эҷод ва таблиғи сайтҳо, таҳияи филмҳо ва сериалҳои бадеӣ, роликҳои иҷтимоӣ, клипҳои мусиқӣ ва муҳтавои таълимиро дастгирӣ намекунад. Дар чорчӯби озмуни “Формати хурд” дастгирии институтсионалӣ пешниҳод карда намешавад.

Бори дигар, диққати шуморо ҷалб менамоем, ки дар соли 2023 MediaCAMP истеҳсоли муҳтавои ватаниро танҳо дар чорчӯби “Формати хурд дастгирӣ мекунад. Озмунҳои “Формати калон” ва “Формати DOC” баргузор намегардад.

Агар ба шумо лозим ояд, ки чизеро дақиқ кунед, бо нишон додани мавзӯи мактуб ба мо нависед, масалан: “Савол оид ба озмуни “Формати хурд” : tj-info@internews.org

Лоиҳа дар чорчӯби Барномаи Осиёи Марказии MediaCAMP бо дастгирии Агентии рушди байналмилалии ИМА (ЮСАИД) амалӣ карда мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *