Internews ҳамроҳ бо расонаҳои Тоҷикистон шабакаи рузноманигорони шаҳрвандиро дар ҷумҳурӣ месозад

(акс – Tiroz.org)

Лоиҳаи таъсиси шабакаи рузноманигорони шаҳрвандӣ, ки Интернюс дар якҷоягӣ бо расонаҳо роҳандозӣ менамояд, тамоми қаламрави Тоҷикистонро фаро мегирад.

Шаш нашрияи кишвар дар ҳамшарикӣ бо Интернюс шабакаи рузноманигорони шаҳрвандиро дар саросари ҷумҳурӣ таъсис медиҳанд . Ба ин хотир, ҳар нашрия стрингерҳои(мухбирони ғайриштатӣ) худро аз гушаҳои гуногуни кишвар интихоб намуда, ба омузишҳо ҷалб менамояд ва онҳо мақолаҳои омода намудаашонро дар саҳифоти ин нашрияҳо ба табъ мерасонанд.

Нашрияҳое, ки ба рушди шабакаи рузноманигории шаҳрвандӣ машғул хоҳанд шуд, дар натиҷаи озмуне интихоб шудаанд, ки дар аввалҳои моҳи феврали соли ҷорӣ эълон шуда буд. Гуруҳи расонаҳои «Азия-Плюс», нашрияи шаҳрии «Вечёрка», радиостансияи суғдии «Пайванд», оҷонсии иттилоотии «Sugd News», ширкати радотелевизионии «Диёр» аз вилояти Суғд, ва ҳамчунин рузномаи «Пайк» аз шаҳри Кулоб дар ин озмун ғолиб дониста шуданд.

Ҳамаашон аз ҷониби Internews пуштибонӣ меёбанд.

Шаш редаксияи мазкур, чи тавре гуфтем, ба ҷалби мухбирони озод аз гушаҳои кишвар шуруъ мекунанд, интихобшудагон аз омузишҳо мегузаранд ва сипас метавонанд дар саҳифаҳои ин расонаҳо дар бораи одамони наҷиб ва ҳодисаҳои аҷибе, ки дар минтақаҳо рух медиҳанд ва аксаран мо аз онҳо огоҳ намешавем, нақл кунанд. Ҳаққи қалами худро ин мухбирон аз ин нашрияҳо мегиранд

– Мутаассифона, мо дар бораи ҳамдигар хеле кам медонем, вақте мо ба минтақаҳо сафар мекардем, ба ин бовар ҳосил намудем, ки дар он ҷо тамоман зиндагии дигаре ҳукмфармост, ки сокинони минтақаҳои дигар аз он хабар надоранд, -мегуяд саодабири рузномаи “Вечёрка”- Гулнора Амиршоева.- Журналистони маҳаллӣ барои таҳияи гузоришҳо имкони сафар ба манотиқи алоҳида надоранд ва ҳамчунин имкони молии дар минтақаҳо нигоҳ доштани марказҳои фаръии худро надоранд ва аз ин ру, бисёр ҳодисаву руйдодҳо аз назар дур мемонанд, ҳарчанд ки метавонанд барои тамоми кишвар ҷолиб ва муҳим бошанд.

Дар интихоби номзадҳо ба шабакаи рузноманигорони шаҳовандӣ, редаксияҳо танҳо ба онҳое такя намекунанд, ки дар ин кор таҷриба доранд, ё соҳиби таҳсилоти ба ВАО алоқаманд ҳастанд,-рузноманигорони шаҳрвандӣ метавонад ҳар нафаре бошад, ки рушди ҷомеа барояш бетфовут нест ва мехоҳад дар бораи дигаргуниҳои муҳим дар минтақаашон ва одамони наҷибе, ки дар онҷо зиндагӣ доранд, ҳикоя кунад.

Агар бароятон узви шабакаи рузнманигорони шаҳрвандӣ шудан шавқовар аст, шумо метавонед бар редаксияҳои зикршуда муроҷиат карда, намзадиатонро пешниҳод намоед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *