Шумо оид ба саводи расонаӣ идеяе доред? Дархостҳои шуморо барои CAIIA Эдютон 2025 мунтазирем! Ин чорабинии навоваронаи онлайнии мутақобил оид ба коркарди тарҳҳои муассири саводи расонаӣ аст. Эдютон – ин имкони дарёфти на танҳо тозатарин донишҳо дар бахши пешбурди саводи расонаӣ, иттилоотӣ ва рақамӣ аст, балки имкони барқарорсозии робита бо коршиносон ва истеҳсолкунандагони муҳтаво низ ҳаст. Ба илова, беҳтарин идеяҳо метавонанд кумаки молӣ ва раҳнамоӣ дарёфт кунанд.
Internews бори панҷум аст, ки Эдютони саводи расонаиро баргузор мекунад: аз соли 2019 то 2023 — ин маърака дар доираи тарҳҳои «Таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ» ва MediaCAMPдоир шуда буд. Соли ҷорӣ Эдютон дар доираи тарҳи CAIIA (Дастгирии муҳити созгори иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ) роҳандозӣ мешавад, ки онро USAID маблағгузорӣ ва Internews амалӣ мегардонад.
Тамаркузи барномаҳои CAIIA Эдютони 2025 ба – чолишҳои зеҳни сунъӣ барои дарк ва пешбурди саводи расонаӣ бахшида мешаванд. Иштирокдорон дар якҷоягӣ бо мураббиҳо (менторҳо) мубоҳисаву мунозира анҷом медиҳанд ва вижагиҳои саводи расонаиву иттилоотиро дар асри зеҳни сунъӣ муайян месозанд. Шуморо табодули таҷриба, коркарди тарҳҳои нави саводи расонаӣ мунтазир аст.
Ин кор чи гуна сурат мегирад? Шумо идеяи тарҳеро омода месозед ва онро дар дархости худ шарҳ медиҳед. Тимҳои интихобшуда ба Эдютоне даъват мешаванд, ки рӯзҳои 21 то 25 январи соли 2025 ба таври онлайнӣ баргузор мешавад. Тимҳо омӯзиши фишурдае мегиранд ва тарҳҳои худро ҳамроҳ бо мураббиҳо такмил медиҳанд ва беҳтарини тарҳҳо барои амалишавӣ кумак дарёфт мекунанд.
Кӣ метавонад иштирок кунад? Созмонҳои устувори расонаӣ, ғайридавлатӣ, таълимӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин соҳибкорони инфиродӣ аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбекистон. Эдютон ба таври онлайнӣ бо забонӣ русӣ ва тарҷумаи ҳамзамонӣ бо забонҳои қазоқӣ, тоҷикӣ ва узбекӣ доир мешавад. Дархостҳои шуморо интизорем!
Дархостҳо бояд манфиати аудиторияро ба эътибор гиранд, барои амалисозӣ ҳам забони давлатӣ ва ҳам забони муоширати байни миллатҳоро мадди назар дошта бошанд ва барои на бештар аз 6 моҳ ба ҳисоб гирифта шуда бошанд. Соли ҷорӣ ба тарҳҳои самтҳои зерин бартарӣ дода хоҳад шуд:
- Саводнокии AI;
- Саводнокии расонаӣ ва иттилоотӣ дар масоили тандурустӣ;
- Таҳияи муҳтавои расонӣ оид ба тақвияти усулҳои устуворӣ дар баробари дасткории рақамӣ, «пропаганда» ва дурӯғпароканӣ;
- Ба Саводнокии иттилоотиву расонаӣ (СИР) ҷалб кардани намояндагони ҳамаи наслҳо, гуруҳҳои осебпазири иҷтимоӣ ва одамони дорои маъюбият.
Барои иштирок дар озмун лутфан дархостро то 13 январи соли 2025 (то соати 23:59 дақиқаи вақти кишвари худ) пур ва ирсол кунед. Дар бораи натиҷаҳои интихоби пешакӣ ҳамаи дархостдодаҳо тариқи почтаи электронӣ на дертар аз 17 январи соли 2025 огоҳ карда мешаванд.
Суоле бе посух мондааст? Дар ҷаласаи онлайнии иттилоотӣ дар Zoom иштирок кунед, ки 23 декабри соли 2024 соати 16:00 бо вақти Остона баргузор мешавад. Сабти номи пешакӣ ҳатмист.
Сабти ном ба ҷаласаи иттилоотӣ.
Шумо ҳамчунин метавонед оид ба тарҳҳои рушди саводи расонӣ бо ирсоли нома ба нишонии зер суол фиристед: Central-Asia-Applications@internews.org. Лутфан, зикри «Эдютон 2025»-ро дар мавзуи нома фаромӯш накунед.
Эдютон бо кумаки мардуми амрикоӣ амалӣ гардонида мешавад, ки тавассути Оҷонсии ИМА дар умури рушди байналхалқӣ (USAID) дастрас мегардад. Internews масъулияти муҳтавои чорабиниҳое бар дӯш мегирад, ки метавонанд, ба мавқеи USAID ё ҳукумати ИМА мувофиқ набошанд.
USAID оҷонсии пешгоми байналхалқии рушд аст ва барои даст ёфтан ба рушди устувор нақши “катализатор”-ро мебозад. Маълумоти бештар дар https://www.usaid.gov/central–asia–regional ва дар саҳифаи https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia дастрас аст.