Грантҳо барои дастаҳои байнидавлатӣ аз CARAVAN: дархостро метавон дар дилхоҳ вақт ирсол кард!

Internews дастаҳои байнидавлатиро барои иштирок дар озмуни эҷоди муҳтаво аз рӯи талаботи Rolling Funds даъват мекунад: дархостро метавонед давр дилхоҳ вақт ирсол намоед, доварони мустақил онҳоро ҳар ду моҳ то 31 майи соли 2025 баррасӣ хоҳанд кард. Дурахшонтарин, эҷодкортарин, ғайриоддитарин лоиҳаҳо дар доираи лоиҳаи CARAVAN дастгирии молӣ хоҳанд ёфт.

Дастаҳои байнидавлатӣ метавонанд дар озмуни грантӣ оид ба эҷоди муҳтаво дар мавзуҳои марбут ба Осиёи Марказӣ, ки ҳамкории минтақавиро васеъ мекунад, метавонанд ширкат варзанд. 

Дархостдиҳандагон аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон метавонанд барои дарёфти грант то 10 ҳазор евро дархост пешниҳод кунанд.

Мо танҳо дархостҳои гуруҳиро қабул мекунем—даста бояд идораи расона ва\ё намояндагиҳои онро аз кишварҳои гуногуни Осиёи Марказӣ (аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон) муттаҳид созад. Ҳадди аққал ду кишвар дар як даста.

Internews ба ғолибон имкон фароҳам меорад, то дар тренингҳо, вебинарҳо, барномаҳои менторӣ ширкат варзида, инчунин аз коршиносони расонаӣ барои беҳтар кардани сифати муҳтаво дастгирии машваратӣ дарёфт намоянд.

Муҳлати амалии лоиҳаҳо — то 11 моҳ.

Кӣ метавонад иштирок намояд?

Дар озмун расонаҳои мустақили маҳаллӣ, студияҳои истеҳсолӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, Созмонҳои ҷомеи шаҳрвандӣ (СҶШ) ва дигар эҷодкорони муҳтаво (блогерон, фрилансерҳо, рӯзноманигорон ва ғайра) иштирок карда метавонанд.

Шартҳои муҳим:1) довталаб бояд тибқи қонунгузории маҳаллӣ (ба истиснои довталабони Ӯзбекистон, ки маблағгузорӣ дар шакли бурсия ҷудо мешавад) ба қайд гирифта шудаанд; 2) довталаб бояд ариза пешниҳод кунад ва лоиҳаро якҷоя бо як ё якчанд шарикон аз дигар кишварҳои ОМ амалӣ созад.

Мо кадом лоиҳаҳоро интихоб мекунем?

Мо интизор дорем, ки муҳтавои дар доираи лоиҳа тавлидшуда дастрасии сокинони кишварҳои Осиёи Марказиро ба иттилооти муҳими иҷтимоӣ беҳбуд мебахшад, таҳлили иттилооти масрафшударо осон мекунад ва ба шаҳрвандон дар қабули қарорҳои оқилона барои беҳтар кардани сифати зиндагии худ кумак мерасонад, инчунин;

  • Дарки онро, ки чӣ гуна рӯйдодҳо ва равандҳои ҷорӣ дар умум ба минтақа ва хусусан ҳар як кишвар таъсир мерасонад, васеъ хоҳад кард;
  • Бар зидди маълумоти бардурӯғ ва қалбакӣ мубориза мебарад, моҳият ва ҳадафҳои онҳоро шарҳ медиҳад.
  • Бар зидди суханони танаффуромез ва барангехтани адоват байни гуруҳҳои мухталафи иҷтимоии одамон мубориза мебарад.
  • Имкониятҳои ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ-тиҷоратӣ барои ворид шудан ба бозори ҷаҳониро инъикос мекунад;
  • Мавзуъҳои муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва истифодаи манбаъҳои об дар минтақаро инъикос мекунал;
  • Равандҳои муҳими геополитикӣ, аз ҷумла ҷанг ва низоъҳо, ки ба минтақа ва кишвар таъсир мерасонад, инъикос менамояд;
  • Ғояҳои барқарорӣ ва ҳифзи сулҳ ва рушди таҳаммулпазириро дар ОМ тақвият мебахшад;
  • Гуфтугӯи байни мухотабони мухталифро ривоҷ медиҳад ва дар пайдо кардани заминаҳои муштарак ва роҳҳи ҳалли мушкилот дар ин ҷомеъаро кумак мекунад;
  • Мубоҳисаҳо дар хусуси арзишҳои муштараки минтақаро таҳрик медиҳад, ҳуқуқ ва имконоти ҷалби фаъолияти шаҳрвандӣ миёни аҳолиро густариш медиҳад. 

Лоиҳаҳо метавонанд дар ин жанр\формат пешниҳод шаванд:

Мо аз лоиҳаҳои пешниҳодшудаи байнидавлатӣ, ки эҷоди муҳтаво дар жанрҳо ва қолабҳои мухталиф аст, истиқбол мекунем: таҳлил, таҳқиқоти журналистӣ, нашрияҳо бо истифода аз додаҳои бузург, гузоришҳои вижа, мустанад, муҳтавои ҳунарӣ (филмҳои кӯтоҳмуддати бадеӣ, видеоҳои иҷтимоӣ),  достонҳо, далелсанҷӣ, филмҳои ҳуҷҷатӣ, мусоҳиба, барномаҳои гуфтугӯӣ ва ғайраҳо.

Лутфан, ҳангоми интихоби жанр ва формат барои лоиҳаи худ махсусиятҳои масрафи расонаиро дар кишварҳои минтақа ба назар гиред.

Марҳилаи омодагӣ ва пешниҳоди дархост:

  1. Дарёфти шарик(он)и нирӯманд аз дигар кишвар\кишварҳои ОМ барои иштирок дар озмун, ғояҳоро баррасӣ ва тартиб додани пешниҳоди лоиҳа.
  2. Шакли дархостро ва буҷаро пур кунед ва бо ҳуҷҷатҳои лозима ба нишонии электронии Central-Asia-CARAVAN-Info@internews.org дар мавзӯи “Озмуни лоиҳаҳои байнидавлатӣ” фиристед. Дархостҳо то 31 августи соли 2025 қабул карда мешаванд. Аз рӯи меъёри воридшавии дархостҳо ҳар ду моҳ интихоб сурат мегирад. Озмун эҳтимол то 31 майи соли 2025 ба анҷом расад, агар маҳдудияти дастгирии лоиҳаҳо пештар расида бошад. Internews ҳатман шуморо аз пӯшида шудани имкониятҳо барои довталабон хабардор мекунад.
  3. Аз сабаби он ки ин озмун барои дастаҳои байнидавлатӣ мебошад, дархостҳо бо занбонҳои русӣ ва англисӣ қабул карда мешаванд.

Маълумоти иловагӣ:

Маблағи грантро метавон барои музди меҳнат, сафарҳои корӣ, хароҷоти амалиётии марбут ба  эҷоди муҳтаво ва татбиқи нақшаҳои пешбурди муҳтавои офаридашуда, қисман таҷҳизот истифода кард.

Барои баррасӣ дархостҳо бо бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо қабул карда мешаванд (ба номгӯи бастаи ҳуҷҷатҳо дар шакли дархост нигаред). Internews ҳуқуқ дорад дархости лоиҳаеро, ки як ё якчанд ҳуҷҷат надорад, баррасӣ накунад.

Марҳилаҳои озмун:

Марҳилаи аввал: интихоби техники дархости лоиҳавӣ (бастаи пурраи ҳуҷҷатҳои ба талаботи озмун ҷавобгӯ).

Марҳилаи дуюм: интихоби дархости лоиҳавӣ, ки бештар ба ҳадафи озмун ҷавобгӯ мебошад (листинги кӯтоҳ).

Марҳилаи сеюм: Даври ниҳоии дастаҳои лоиҳавӣ (ғолибон), ки аз марҳилаи дуюми интихобӣ бо муаррифии ғояи лоиҳа гузаштаанд.

Ба дастаҳои  ғолиб як ҳафта муҳлат дода мешавад, то лоиҳаро анҷом диҳанд, буҷаи ниҳоиро тибқи назароти ҳайати доварон тартиб дода, ҳуҷҷатҳои лозимаро барои бастани шартнома ҷамъоварӣ кунанд. Амалисозии лоиҳаи дастаҳо пас аз бастани шартнома оғоз хоҳад шуд.

Меъёрҳои интихоб:

  • Мавҷудияти бақайдгирии расмии шахси ҳуқуқӣ (Соҳибкори инфиродӣ, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд, ташкилоти ҷамъиятӣ ва ғайра) тибқи қонунгузории маҳаллӣ дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ (бо истиснои довталабони Ӯзбекистон);
  • Таҷрибаи қаблӣ дар соҳаи истеҳсоли муҳтаво на камтар аз як сол;
  • Мавҷудияти рӯйхати корҳои анҷомдода, аз ҷумла, таҷрибаи аъзоёни алоҳидаи даста;
  • Мавҷудияти бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо (рӯйхатро дар шакли ариза пайдо кардан мумкин аст).
  • Эҷоди муҳтаво бо забони давлатии кишварҳои иштирокчии лоиҳа;
  • Беҳамтоӣ, асолат, халоқият ва навоварии ғоя;
  • Мутобиқати дархости лоиҳавӣ бо мавзуъоти эъломшудаи озмун;
  • Дастрасӣ ба доираи васеъи мухотабон (нашри муҳтаво);
  • Платформаҳо барои нашри муҳтавои тавлидшуда дар лоиҳа бояд тавассути манобеи расонаи мавҷуда (худӣ ва шарикон оид ба дидгоҳи мутақобил) бояд пешниҳод шавад. Ҳама воҳиди муҳтаво бояд дар сомонаҳо ва\ё ҳисобҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба формат ҳадди аққал як манбаи расона (бо истиснои довталабони Ӯзбекистон)  ҷойгир карда шаванд;
  • Мавҷудияти пойгоҳи техники зарурӣбарои амалаигардонии лоиҳа;
  • Ризоияти аъзоёни даста барои иштироки фаъолона дар ҳама ҷамъомадҳои омӯзишӣ дар ҷаҳорчӯбаи лоиҳаи CARAVAN;
  • Уҳдадорӣ ба меъёрҳои ҳирфаӣ ва ахлоқии рӯзноманигории бокайфият.

Афзалият ба он дастаҳое дода мешавад, ки:

  • барои мухотабони ОМ дар форматҳои мубрам муҳтаво эҷод кунанд;
  • аз шабакаҳои гуногуни иттилоърасонӣ истифода баранд ва барои майдонҳои гуногун муҳтаво эҷод кунанд;
  • таҳия ва\ё мутобиқ кардани муҳтаво ба забонҳои маҳаллӣ
  • дорои таҷрибаи собитшудаи дар татбиқ\ё иштирок дар лоиҳаҳои байнидавлатӣ

Дастгирии Internews барои дастаҳои лоиҳавӣ ҳангоми татбиқи лоиҳа:

Ғолибони озмун имкон доранд дар вебинарҳо, тренингҳо иштирок намоянд, инчунин дастгирии мураббигӣ дарёфт мекунанд. Омӯзиш ба баланд бардоштани малака ва дониш дар соҳаҳои калидӣ, аз қабили сиёсати таҳрриркунӣ, далелсанҷӣ, таҳлили додаҳо, достонҳои рақамии мултимедиявӣ, меъёрҳои ахлоқӣ, ҳамчунин саводнокии рақамӣ ва ҳуқуқӣ ва амнияти фардӣ равона хоҳад шуд. Вобаста ба талаботи шарикон омӯзиш инчунин таҳияи стратегияҳои нашри муҳтаво ва нақша-тиҷоратро дар бар мегирад, ки ба диверсификатсияи манбаҳои даромад нигаронида шудаанд.

Саволҳои иловагӣ доред?

Бо мо тамос гиред! Мо ба саволҳои шумо тариқи почтаи электронии CentralAsiaCARAVANInfo@internews.org посух медиҳем. Лутфан, мавзуи мактубро “Ба озмуни лоиҳаи байнидавлатҳо” ишора кунед. 

Озмуни грантӣ дар доираи лоиҳаи минтақавии «Боло бурдани устувории аудитория тавассути саргузаштҳои боэътимод» (CARAVAN), аз ҷониби Internews бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо гузаронида мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *