Internews дар доираи лоиҳаи нави CAIIA барои истеҳсоли матлабҳои калонҳаҷми аудио-визуалӣ озмуни грантиро эълон мекунад.
Хабари мазкур ба намояндагони ВАО-и мустақил, гурӯҳҳои эҷодӣ ва продакшнстудияҳо дахл дошта, хоҳишмандон пеш аз ҳама ҳангоми роҳандозии лоиҳаҳои нав бояд ба тағйироти назаррас дар ҷомеъа кӯшанд. Ҷалби ҳарчӣ бештари аудитория ба баррасии масъалаҳои муҳими давр ҳам хеле зарур аст.
Ҳангоми пур кардани дархост ба чӣ аҳамият бояд дод?
Саривақтӣ будани мавзӯи лоиҳа яке аз меъёрҳои муҳимтарини баҳогузорӣ дар озмун мешавад. Аз ин рӯ, муаллифон ҳангоми тарҳрезии идеяи нав ба тамоюлҳое, ки имрӯзҳо дар ҷомеъа дида мешаванд, аҳамияти хоса бояд диҳанд ва ба худ суол кунад, ки оё лоиҳаашон ба дарди аудитория ҷавобгӯ мешавад ё не. Ба ҷуз ин, хеле зарур аст, ки мавзӯъҳои дар лоиҳа баррасишаванда ба гуногунии иҷтимоӣ-фарҳангӣ, инклюзия, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пешгирии иттилои бардурӯғ (хусусан дар бахши тандурустӣ) мусоидат намоянд.
Ҳангоми пешниҳоди идея муаллифон дар даст на танҳо омори тасдиқкунандаи аҳамияти мавзӯъ, балки стратегияи дурусти ташвиқи онро ҳам бояд дошта бошанд, то аъзои ҳакамон фаҳманд, ки ба тағйироти устувору назаррас дар ҷомеъа муаллифон дақиқан бо чӣ роҳ мехоҳанд бирасанд.
Бояд гуфт, ба формат ва забони матлаб ҳам ҳангоми интихоби ғолибони озмун аҳамияти хоса дода мешавад ва ба муаллифоне, ки матлабҳояшон комилан ё ҳадди ақал қисман бо забони тоҷикӣ омода мешаванд, ҳатман таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мегардад. Ин, албатта, маънои онро надорад, ки аз забони русӣ мо ба пуррагӣ даст мекашем, аммо барои матлабҳои русизабон гузоштани субтитрҳо бо забони тоҷикӣ шарт ва муҳим аст.
Ҳангоми интихоби формат, дар воқеъ, бархурдатон бояд хеле эҷодкорона бошад, то лоиҳаатон барои аудитория душворҳазм нагардад. Форматҳое, ки таҳлили амиқу мунтазамиро дар нашр таъмин мекунанд, имкони ғолибшавиашон бештар аст.
Давомнокӣ ва буҷаи лоиҳа бояд ба талаботи аллакай муайяншуда мувофиқ бошанд. Лоиҳаатон наметавонад аз 4 моҳ камтар шаваду аз 6 моҳ бештар тӯл кашад ва маблағи дархостшаванда ҳам бояд ҳудуди $15000-$33000 бошад.
Ба рӯйихати хароҷот, дар воқеъ, харид ва ё иҷораи техникаро ворид карда наметавонед. Буҷаи шумо комилан аз сарфу харҷе, ки ба истеҳсолот дахл доранд, бояд тартиб дода шавад. Аммо ҷалби мутахассисонро барои беҳтарсозии стратегия ва ё устуворсозии лоиҳа метавонед ҳангоми тартиб додани буҷа дар назар дошта бошед. Аъзои ҳакамон ҳатман ба мутобиқати нархи буҷаву бозор аҳамият медиҳад ва дар ҳолати зарурӣ мо аз шумо бознигарии онро дархост мекунем.
Талаботи дигари кучак ин аст, ки муаллифони идеяҳои нав ҳатман бояд иҷозатномаи истеҳсол ва паҳни мундариҷаи аудиовизуалиро дошта бошанд. Агар чунин як ҳуҷҷатро дар даст надоред, метавонед барои кумак ба шарикони дигар, ки литсензия доранд, муроҷиат кунед. Мо борҳо аз ин усул истифода кардаем ва ин роҳи беҳтарини ҳалли мушкил аст.
Озмун аз кадом қисмҳо иборат аст?
Ҳамагӣ, ба мисли пешина, озмун аз 4 бахш иборат аст: пешниҳоди идея, интихоби техникӣ, питчинг (ҳимояи идея) ва бознигарии баъзе аз бахшҳои лоиҳа/омодасозии ҳуҷҷатҳо.
Хабари натиҷаҳои интихоби техникиро мо ба шумо 15 январ мерасонем ва ба питчинг то 25 январ ҳатман даъват мекунем. Номҳои ғолибони озмун то охири моҳи январ эълон мешаванд. Бахши ниҳоӣ, яъне омодасозии ҳуҷҷатҳо ва пешниҳоди грантҳо, ба моҳи феврал рост меояд.
Хуб, агар шумо идеи ҷолиб доред, пас дарҳол ба пур кардани ДАРХОСТ оғоз кунед, чунки қабули он аллакай 10 январи 2024 (соати 23:59 ба вақти Душанбе) анҷом меёбад.
Барои маълумоти бештар метавонед ба суроғаи электронии mkiromova@internews.org мактуб фиристед.
Аммо мо дар ҳар сурат ният дорем, як ҷаласаи онлайниро рӯзи 28 декабр, соати 16:00 баргузор кунем, то шумо бевосита суолҳои доштаатонро ба мутахассисони Internews диҳед. Аммо барои иштирок дар ин ҷаласа шумо аввал бояд худро НОМНАВИС кунед.
Лоиҳаи «Дастгирии муҳити созгори иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ» (CAIIA) аз ҷониби Интернюс ҳамроҳ бо шарикон – Zinc Network (Британияи Кабир) ва ташкилоти ҷамъиятии «Хома» (Тоҷикистон) амалӣ карда мешавад.