91 рӯзноманигор, блогер, аккос ва карикатурист аз Осиёи Марказӣ ба финали III-и озмуни минтақавии MediaCAMP Award роҳ ёфтанд.
Дар маҷмуъ, тақрибан 700 кор аз панҷ кишвари минтақа эълон карда шуда буданд. Ин рекорди озмун дар тӯли се соли мавҷудияти он мебошад. Дар соли 2020, тақрибан 350 мавод ва дар соли 2019 – 470 мавод пешниҳод шуда буданд.
Имсол мо сохтори озмунро каме тағйир додем. Ҳоло шаш номинатсия вуҷуд доранд (ба ҷойи панҷ номинатсия, тавре ки дар озмунҳои қаблӣ вуҷуд доштанд), инчунин номҳо ва мафҳуми (консепсияи) онҳо тағйир дода шудаанд:
1. «Замони ҷавонон» (Время молодых). Номинатсияи махсус барои онҳое, ки фаъолияти касбии худро нав оғоз мекунанд ва дар тӯли на бештар аз ду сол дар расонаҳо кор кардаанд.
2. «Замони фаҳмидан» (Время понять). Барои маводҳое, ки дар онҳо муаллифон ба саволҳои мушкил ҷавоб меҷӯянд.
3. «Замони пирӯз шудан» (Время побеждать). Барои маводҳо дар бораи одамоне, ки душвориҳои ҳаётиро паси сар кардаанд ё дар бораи онҳое, ки ба дигарон кӯмак мекунанд. Мукофот на танҳо ба муаллиф, балки ҳамчунин ба қаҳрамон дода мешавад.
4. «Замони созандагӣ» (Время созидать). Номинатсия барои маводҳо дар бораи одамоне, ки ба мувафффақият ноил шудаанд.
5. «Мавзуъи сол. Замони пандемия» (Тема года. Время пандемии). Барои маводҳо дар мавзуъи сол, ки аз озмун ба озмун иваз хоҳад шуд. Дар соли 2021, ин ҳама чизе, ки ба COVID-19 робита дорад ва онҳое, ки ба он муқовимат мекунанд.
6. «Замони тасвир аз наздик» (Время крупным планом). Номинатсияи махсус барои аксҳо, карикатураҳо, коллажҳо ва ороишҳо.
Қабули маводҳо дар панҷ номинатсияи асосӣ дар санаи 8 июли соли 2021 ба охир расид. Дар ибтидо, ташкилкунандагони озмун интихоби техникиро анҷом доданд – дархостҳое хориҷ карда шуданд, ки онҳо ба шартҳои озмун мувофиқат намекарданд:
- кори ба озмун пешниҳодшуда бояд дар давраи аз 1 июни соли 2020 то 20 майи соли 2021 нашр карда шавад;
- ҳамон як муаллиф метавонад танҳо як корро дар ҳар номинатсия пешниҳод намояд;
- рӯзноманигори воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ наметавонад иштироккунандаи озмун бошад – яъне расонае, ки берун аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) ба қайд гирифта шудааст ва дафтари марказии он берун аз ин ҷумҳуриҳо қарор дорад. Ҳамчунин, маводҳои дар чунин расонаҳо нашршуда қабул карда намешаванд.
Дархостҳое, ки ба шартҳо ҷавобгӯ буданд, ба даври аввали озмун роҳ дода шуданд. Комиссияҳои миллӣ онҳоро баррасӣ карданд – ба таври алоҳида дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон. Он корҳое, ки холҳои баландтаринро ба даст овардаанд, ба даври оянда, даври минтақавӣ гузаштанд.
Дар натиҷаи чунин интихоб, финалистҳои MediaCAMP Award 2021 дар ҳар панҷ кишвар инҳо шуданд:
Қазоқистон
Номинатсияи «Замони ҷавонон»
- Арай Жауперова бо маводи «”Өзімді қылмыскер сезіндім”: үкімет тыйым салған жұмыста істеп жүрген әйел хикаясы» (Masa.media).
- Наргиза Ерес, Куаниш Жубандиков ва Ясемин Озер, ки видеоеро таҳти унвони «Балаларға қарсы жыныстық зорлық-зомбылық проблемасы» пешниҳод кардаанд (лоиҳаи расонаии (медиапроект) Gazhaiyp).
- Руслан Жұбаниш ва Құндиз Мәжитова бо маводи таҳти унвони «Жанайқай».
Номинатсияи «Замони фаҳмидан»
- Ҷамиля Маричева, Анастасия Ясун ва Екатерина Волкова, ки нашри Instagram-лоиҳаи «Как всё устроено в KZ»-ро пешниҳод кардаанд.
- Айсұлу Тойшибекова, ки мақолаи ӯ «”Проснулся, надо искать”: как казахстанцы подсаживаются на мефедрон» дар нашрияи “HOLA News” ба чоп расид.
- Мият Кәшібай бо таҳқиқоти «Әкімдік мәліметі ресми дерекке қайшы: Шымкент наурызға қанша қаржы бөлді?» (Qazaq Times).
Номинатсияи «Замони пирӯз шудан»
- Әйгерім Бегімбет, ки лонгриди «6 жасар баласымен 4 жыл құлдықта болған»-ро пешниҳод кардааст.
- Саби Байбусинов бо филми мустанад дар бораи қурбониҳои зӯроварӣ дар оила (шабакаи телевизионии «Хабар»).
- Галия Токарева, маводи «Апа»-ро барои шабакаи телевизионии «Хабар 24» таҳия кардааст.
Номинатсияи «Замони созандагӣ»
- Данел Хоҷаева, нақл кардааст, ки чӣ касе дар Қазоқистон видеоро ба забони имову ишора таҳия мекунад (нашрияи “Steppe”).
- Айжан Мадихоҷаева бо маводи «Женщина, твоё место — лаборатория!» (Peremena Media).
- Назгул Абжекенова бо қиссае дар бораи соҳибкоре, ки занони танҳо бо кӯдакон, хатмкунандагони хонаҳои кӯдакон ва маҳкумшудагонро бо кор таъмин мекунад (рӯзномаи «Караван»).
Номинатсияи «Мавзӯи сол. Замони пандемия»
- Ардак Букеева ва Алма Омарова бо маводи «Высший пилотаж» (Forbes Kazakhstan).
- Вадим Борейко, ки видеои «Один с пятью детьми. Их маму забрал COVID-19»-ро пешниҳод кардааст (YouTube-канал «Гиперборей»).
- Нұрсұлтан Миқтибаев бо сикли қиссаҳои «Карантин кезіндегі боямасыз картиналар» (Kyzylorda-news.kz).
Қирғизистон
Номинатсияи «Замони ҷавонон»
- Наргиза Анарбай кизи бо лонгрид дар бораи дуздидани арӯсон (T-media.kg).
- Аскарбек Мирзабеков, ки дар бораи мафияи истихроҷкунандаи тилло нақл кардааст (нашрияи “Kloop”).
Номинатсияи «Замони фаҳмидан»
- Нуржамал Ҷанибекова, Тилек Бейшенали уулу ва Азат Рӯзиев, ки маводи «Смог убивает нас»-ро пешниҳод намудаанд (Instagram-лоиҳаи «Башта»).
- Анна Капушенко ва Савия Ҳасанова бо кори «Я бы всё равно её убил» (нашрияи “Kloop”).
- Александра Титова, Рустам Ҳалимов, Саадат Тологонова ва Айдай Иргебаева, ки дар бораи фабрикаи фейкҳо дар хидмати мақомоти Қирғизистон нақл кардаанд (Kloop).
Номинатсияи «Замони пирӯз шудан»
- Максатбек Осмоналиев бо фоторепортажи «Девочка и ослик. Дорога в школу с Фатимой» (Kloop).
- Марина Мирошник, ки маводи ӯ «Сабина, живущая с ВИЧ» дар нашрияи “Kaktus” чоп шудааст.
- Бермет Уланова, ки қиссаеро таҳти унвони «Выпускница детдома, мать-одиночка с инвалидностью: спасибо людям, но не государству» пешниҳод кардааст (Kaktus).
Номинатсияи «Замони созандагӣ»
- Кутманбек Маматазимов бо филми мустанади «Тең дүйнө» («5 канал»).
- Азат Рӯзиев, Тилек Бейшенали уулу ва Нуржамал Ҷанибекова бо қиссаи бизнес-леди аз Ош (Instagram-лоиҳаи «Башта»).
- Марина Мирошник бо маводи «”Жаным-баклажаным”. Как Кундуз делает людей счастливыми… с помощью носков» (Kaktus).
Номинатсияи «Мавзуъи сол. Замони пандемия»
- Тилек Бейшеналив, Азат Рӯзиев ва Нуржамал Ҷанибекова, ки док-и кӯтоҳеро дар бораи одамон дар давраи пандемия пешниҳод кардаанд («Башта»).
- Арген Бактибек уулу бо маводи «Уроки COVID-19: волонтёры».
- Татяна Кудрявсева ва Мария Орлова, ки дар бораи се хатои мақомот нақл кардаанд, ки ба хуруҷи коронавирус оварда расонидаанд (24.kg).
Тоҷикистон
Номинатсияи «Замони ҷавонон»
- Ашрафҷон Умаров бо қиссае дар бораи нахустин тоҷикдухтаре, ки барои таҳсил дар Водии Силикон (Кремниевая долина) 350 ҳазор доллари ИМА грант ба даст овардааст (нашрияи “Asia Plus”).
- Анна Мифтахова бо маводи «Ему более 500 лет, о нём сложено множество легенд и живёт он в Худжанде» (Asia Plus).
- Исматулло Абдуллоев, ки видеоеро таҳти унвони «Ваҳдат: Духтарон ба мактаб намераванд» пешниҳод кардааст («Фараж»).
Номинатсияи «Замони фаҳмидан»
- Фаридун Холбоев бо подкасти «Мушкилоти хатмкунандагони мактаб-интернати нобиноёни шаҳри Ҳисор» (рӯзноманигори мустақил).
- Далер Имомалӣ бо филми «Сулҳ, мир, тынчтык» (режиссёр).
- Дилошӯб Орифзода, доки «Шуроб»-ро пешниҳод кардааст (режиссёр).
Номинатсияи «Замони пирӯз шудан»
- Гулнора Амиршоева бо лоиҳаи мултимедиявии «Дом, где живёт незабытая боль» (ширкати расонаии «Вечёрка»).
- Мижгона Ҳалимова, муайян кардааст, ки чӣ гуна одамон дар ҳолати бешаҳрвандӣ қарор мегиранд (барои нашрияи “Your.tj”).
- Алия Хамидуллина бо маводи «”Это твои дочери, не мои”. Как живут таджикские многодетные семьи, в которых родились только девочки» (Asia Plus).
Номинатсияи «Замони созандагӣ»
- Далер Имомалӣ, ки мусоҳибаи «Монополия дар театри Конибодом “Theatre Podcast”»-ро пешниҳод кардааст (режиссёр).
- Фирӯза Мирҷумъаева, бо қиссае дар бораи нафақахӯроне, ки метавонистанд ба ҳаҷ раванд, вале ба ҷойи он тасмим гирифтанд пасандозҳои худро ба нафъи ҷомеа сарф кунанд (ширкати телевизионӣ ва радиоии «Диёр»).
- Фарзона Ҳодибоева, ки кори «Шаҳрванди хориҷие, ки ба Тоҷикистон дил бастааст»-ро пешниҳод намудааст (ширкати телевизионӣ ва радиоии «Азия»).
Номинатсияи «Мавзуъи сол. Замони пандемия»
- Муллораҷаб Юсуфзода ва Масҳаб Ҷумаев фаҳмидаанд, ки дар соли 2020 чаҳор ҳазор тоҷик аз чӣ фавтидаанд (Asia Plus).
- Алия Хамидуллина бо маводи «Врачи Таджикистана — герои 2020 года» (Asia Plus).
- Фарзона Ҳодибоева, кори «Маблағ надорем: зиндагии мардуми кӯҳистон бидуни сайёҳони хориҷӣ вазнин шудааст»-ро пешниҳод намудааст (барои “Your.tj”).
Туркманистон
Номинатсияи «Замони ҷавонон»
- Сейитгулӣ Гелдиев (Seýitguly Geldiýew) бо маводи «Nal» (рӯзномаи “Turkmenistan”).
- Шахимердан Сари Огли, кореро таҳти унвони «Раскаяние» пешниҳод кардааст (рӯзномаи «Нейтральный Туркменистан»).
- Елена Владимирова, дар бораи он нақл кардааст, ки чӣ гуна паланг (леопард) рӯҳияи хуб надошт (рӯзномаи «Нейтральный Туркменистан»).
Номинатсияи «Замони фаҳмидан»
- Инна Бурова бо маводи «Сотрудничество во имя мира и доверия» (рӯзномаи «Нейтральный Туркменистан»).
- Елена Кузоваткина, ки кори «Непреходящая ценность национального наследия»-ро пешниҳод кардааст (рӯзномаи «Нейтральный Туркменистан»).
- Лариса Фомина, ки дар бораи пайдарпайии давраҳо ва наслҳо нақл кардааст (рӯзномаи «Нейтральный Туркменистан»).
Номинатсияи «Замони пирӯз шудан»
- Аймурот Пирҷиков бо маводи «Ak pagtam — ak bagtym» (рӯзномаи “Turkmenistan”).
- Гиличмура Гурбанов, ки кори «Belentligiň binýady (hekaya)»-ро пешниҳод намудааст (рӯзномаи “Nesil”).
- Ягмур Кулиев бо қисса дар бораи боғдорӣ (рӯзномаи «Нейтральный Туркменистан»).
Номинатсияи «Замони созандагӣ»
- Елена Кузоваткина маводи «Молодые таланты — будущее культуры страны»-ро пешниҳод кардааст (рӯзномаи «Нейтральный Туркменистан»).
- Елена Жигунова бо мақолаи «Мастер и его скакуны» (рӯзномаи «Нейтральный Туркменистан»).
- Зейнаб Агамамедова маводеро таҳти унвони «Селекция — работа на будущее» пешниҳод кардааст (рӯзномаи «Нейтральный Туркменистан»).
Номинатсияи «Мавзуъи сол. Замони пандемия»
- Инна Бурова, ки дар бораи шарикии стратегӣ ба хотири сулҳ ва некӯаҳволӣ нақл кардааст (рӯзномаи «Нейтральный Туркменистан»).
- Алти Алтиев бо мавод дар бораи қадамҳои аввал ба самти тарзи ҳаёти солим (рӯзномаи «Нейтральный Туркменистан»).
- Айсенем Нурлиева, ки кореро таҳти унвон «Saglygly goraýyş: täze tejriberler» пешниҳод кардааст (рӯзномаи “Turkmenistan”).
Ӯзбекистон
Номинатсияи «Замони ҷавонон»
- Аббос Салайдинов бо маводи «Иккиламчи бозордаги автомобилни харидор номига расмийлаштириш нега бунча қиммат?» (нашрияи “Kun.uz”).
- Нормуҳаммадалӣ Абдураҳмонов, ки видеои «55 yillik sir. Toshkent zilzilasi uyushtirilganmi?»-ро пешниҳод кардааст (нашрияи “Human.uz”).
- Санҷар Шомуродов, ки кори «Дунё янги уруш арафасида…»-ро пешниҳод кардааст (нашрияи “Xabar.uz”).
Номинатсияи «Замони фаҳмидан»
- Гулираъно Мӯсоева бо маводи «Nahotki boricha qabul qilish shunchalar imkonsiz?» (нашрияи “Daryo.uz”).
- Мустаҳкам Тангриёрова, ки кореро таҳти унвони «Тупроқ қазиб, тупроқлар остида қолган болам» пешниҳод кардааст (нашрияи “Daryo.uz”).
- Толиб Раҳматов бо маводи «Фирибгарлик 2 баробарга кўпайди. Сабаб нима?» (нашрияи “Kun.uz”).
Номинатсияи «Замони пирӯз шудан»
- Константин Башлаев, ки қиссаеро дар бораи одамони дорои маъюбият нақл кардааст (нашрияи “UzNews.uz”).
- Барно Икромова, Зиёдахон Икромова, Наргиза Азимова, Мадо Михманова ва Ҷаҳонгир Тоҳиров лоиҳаи «ANATOMICÁ» дар бораи одамони гирифтори ВНМО (ВИЧ)-ро пешниҳод кардаанд.
- Тимур Юлдошев бо маводи «Мен мухтожман, менга кўмак беринг» (нашрияи “Nuqtainazar.uz”).
Номинатсияи «Замони созандагӣ»
- Рамил Исломов, ки ба озмун тасвири «Акмаль Нур: “Начинаешь подстраиваться — искусству конец”»-ро пешниҳод кардааст (маҷаллаи «Hill»).
- Наргиза Умарова бо мақолаи «Илмий стартаплар нега керак?» (рӯзномаи «Оила даврасида»).
- Ҷасурбек Абдураҳмонов бо сюжети «Аввал сочиқ тиккан аёл ҳозир сенатор» (лоиҳаи “Mening yurtim”, MY5 TV).
Номинатсияи «Мавзуъи сол. Замони пандемия»
- Рухсора Ғафурова бо видео таҳти унвони «Zangiotadagi maxsus shifoxona davolovchilari qanday sharoitda ishlashmoqda?» (ZamonUz).
- Муноҷатхон Юлдошева, сиклеро пешниҳод кардааст, ки ба чӣ гуна таъсир кардани коронавирус ба бизнес бахшида шудааст.
- Фирӯза Наҷмиддинова бо коре таҳти унвони «Koronavirus O‘zbekistondan qachon daf bo‘ladi? So‘z Alisher Shodmonovga» (нашрияи “Qalampir.uz”).
Ҳамаи ин финалистҳо акнун бо ҳамдигар рақобат мекунанд – корҳои онҳо аллакай барои баҳогузорӣ ба ҳакамони минтақавӣ пешниҳод карда шудаанд, ки аз шаш коршиноси мустақили расонаӣ, касбӣ, дорои таҷрибаи корӣ дар ВАО ва истеҳсоли контент иборат мебошанд. Раиси ҳакамон намояндаи Internews аст.
Корҳо дар номинатсияи махсуси “Замони тасвир аз наздик” то 31-уми июл қабул карда шуданд. Имсол мо формати онро тағйир додем – акнун дар ин номинатсия мумкин аст на танҳо аксҳо, балки ҳамчунин карикатураҳо, коллажҳо ва ороишҳо (иллюстрация) пешниҳод карда шаванд. Корҳое, ки дар номинатсияи “Замони тасвир аз наздик” эълон карда шудаанд, ҳамчунин аз интихоби техникӣ барои санҷиши мутобиқат ба талаботи техникӣ ва дигар талаботҳои озмун гузаштанд. Аммо маводҳо аз ин номинатсия дар марҳилаи баъдӣ ба ҳакамон пешниҳод карда намешаванд. Онҳо дар сайти фестивали мо ҷойгир карда мешаванд ва мухотабон (аудитория) ба онҳо овоз медиҳанд. Муаллифи коре, ки лайкҳои бештарро ба даст меорад, дар номинатсияи “Замони тасвир аз наздик” ғолиб хоҳад шуд. Зимнан, овоздиҳӣ ба аксҳо, карикатураҳо ва тасвирҳо ҳанӯз ҳам идома дорад. Он дар санаи 11 сентябри соли 2021 дар нисфи шаб ба анҷом мерасад. Шумо метавонед ҳамаи корҳои ба финал гузаштаро тавассути линки мазкур бубинед – гузаред, варақ занед ва овоз диҳед.
Руйхати ғолибони MediaCAMP Award 2020- ро аз ин линк бубинед:https://2020.mediafest.asia/Results, аз озмуни соли 2019-ро аз ин ҷо: https://2019.mediafest.asia/
Ғолибони озмун дар ҳамаи номинатсияҳо дар санаи 12 сентябр дар маросими хотимаи фестивали MediaCAMP Fest 2021 эълон ва мукофотонида мешаванд.
Ҳамоҳангсозони озмун финалистҳои озмунро табрик намуда, аллакай бо онҳо тамос мегиранд, то ки онҳоро ҳамчун иштироккунандагони махсуси фестивал даъват намоянд.
Онҳое, ки ба финал нагузаштаанд, Internews мехоҳад ба онҳо барои вақти сарфкарда ва маводҳо ва журналистикаи аъло изҳори сипос намояд.
“Ноумед нашавед! – мегӯянд ҳамоҳангсозони озмун. – Ҳатман ба озмуни оянда дархостҳо пешниҳод намоед. Эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки шумо дар шорт-лист (рӯйхати мухтасар) қарор гиред ё ғолиб шавед. Ҳоло мо дар байни финалистҳо ҳамкорони зиёде дорем, ки дар озмуни дафъаи гузашта иштирок кардаанд, вале ҷой нагирифтаанд. Сатҳи баланди рақобат ҳамчунин бояд дар назар гирифта шавад ва он воқеан баланд аст: имсол тақрибан 700 дархост аз панҷ кишвар пешниҳод карда шудаанд. Аммо мо умедвор ҳастем, ки ин амал расонаҳоро ба хубӣ такон медиҳад ва дар соли 2022 мо боз ҳам шумораи бештари маводҳои олиро ба даст хоҳем овард. Мо ҳамеша интизори ҳам дархостҳо ва ҳам худи озмун ҳастем”.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.