12 феврал севумин семинари ҳарсола вобаста ба саводи расонаии лоиҳаи MediaCAMP Эдютон ба охир расид. Аз 8 феврал дар давоми панҷ рӯз дар ин платформаи омӯзишӣ ва менторӣ дар режими онлайн омӯзгорони донишгоҳҳо, мактабҳо, тренерҳои расона ва коршиносони соҳаи саводи расонаӣ ва рақамӣ таҷрибаи худро дар самти пешбурди саводи расонаӣ дар Осиёи Марказӣ мубодила карданд. Семинар дар шакли онлайн ба забони русӣ ва тарҷумаи ҳамзамон ба забонҳои қазоқӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ баргузор гардид. Мо барои шумо натиҷаҳои асосӣ ва дидгоҳҳои Эдютон 2022-ро ҷамъоварӣ намудем.
Дар соли 2022 шиори Эдютон “Саводи расонаӣ: кино, реклама, бозиҳо” мебошад. Дар семинар 30 нафар аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд. Ҳамагӣ 147 дархост барои иштирок қабул карда шуд. Дар чорчӯби семинар чаҳор лексияи кушод доир ба нишонашиносии (семиотикаи) реклама ва саводи синамоӣ гузаронида шуданд. Шумо метавонед сабтҳоро дар саҳифаи Facebook-и Internews дар Қазоқистон тамошо кунед ё онҳоро дар “Новый репортер” ба таври мухтасар хонед. Ба сифати тренеру менторҳои Эдютон 2022 коршиносон аз Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эстония ва Россия ҷалб шуда буданд. Аз ҷумла: Камилл Ахметов, Александра Милякина, Тимур Юлдашев, Дилфуза Мирзахмедова, Татяна Голубтсова, Рустам Гулов, Арсен Абдрахманов ва Баубек Сагиндиков.
— Таассуроти ман аз Эдютон мусбат ҳастанд. Монанди солҳои қаблӣ, Эдютон дар такмили лоиҳаҳои иштироккунандагон нақши муҳим дорад. Дар тули чанд рӯз идеяҳое, ки одамон бо онҳо ба семинар меоянд, ба лоиҳаҳои омода барои татбиқ табдил меёбанд. Аз он лоиҳаҳое, ки ман имкон доштам ҳамчун ментор баррасӣ кунам, метавонам идеяҳои ҷолибро дар бораи эҷоди мюзиклҳо ва намоишҳои театрӣ доир ба саводи расонаӣ, чанд лоиҳа оид ба ташкили мактабҳои саводи синамоиро барои гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ қайд кунам. Ин бисёр муҳим аст – интишори идеяҳо дар бораи дарки интиқодии муҳтаво (контент) аз платформаҳои гуногун ва мусоидат намудан ба инкишофи дарки дурусти кино ва театр на танҳо ҳамчун саргармӣ ва вақтгузаронии фарҳангӣ, балки ҳамчун расона ва маҳсулоти расонаӣ. Ин лоиҳаҳо омӯзонидани мухотабонро (аудитория) барои хомӯш накардани тафаккури интиқодӣ ба нақша мегиранд, ҳатто вақте ки онҳо барои тамошои кино ё мюзикл меоянд”, мегӯяд Рустам Гулов, тренери расонаӣ аз Тоҷикистон.
— Эдютон ба охир расид, Эдютон акнун оғоз мешавад. Мо бо хушҳолӣ дар бораи натиҷаҳои сеюмин Эдютон ҳарф мезанем. Ҳамаи тренерҳо ва менторҳои Эдютон ҷавонон буданд. Ман мехоҳам ба Арсен Абдрахманов аз Қирғизистон, Дилфуза Мирзахмедова аз Ӯзбекистон, ки дар семинари мо ба кори менторӣ руҳияи тоза бахшиданд, изҳори сипос намоям. Ва албатта, ба тренерҳои мо аз Эстония ва Россия — Александра Милякина ва Камилл Ахметов миннатдории худро баён медорам. Вақте ки мо барномаи Эдютонро ба нақша гирифтем, нигаронӣ ва ташвишҳои зиёд вуҷуд доштанд, ки мавзуъҳои нишонашиносии (семиотикаи) реклама ва саводи синамоӣ барои иштироккунандагон то андозае душвор хоҳанд буд.
Аммо натиҷаҳои Эдютон, фикру мулоҳизаҳои ҷавобии иштироккунандагон ва вокуниш бевосита дар ҷараёни машғулиятҳо нишон доданд, ки ҳар ду мавзуъ ба иштироккунандагони мо писанд буданд, ҳеҷ кас бетафовут набуд, саволҳои зиёд дода шуданд ва дар натиҷа, шумораи зиёди лоиҳаҳо доир ба саводи синамоӣ ба ҳимоя пешниҳод карда шуданд. Дар бораи реклама, албатта, камтар. Семиотика – танҳо қадами аввал барои фаҳмидани паёмҳои реклама мебошад. Маҳз бо арзёбии интиқодии реклама саводи расонаӣ ва иттилоотӣ оғоз мешавад. Мо мехоҳем, ки мухотабони мо дар Осиёи Марказӣ дар ин масъалаҳо бештар босалоҳият бошанд. Аз ин рӯ, моро он илҳом мебахшад, ки самтҳои Эдютон дуруст интихоб карда шудаанд, сухангӯён ва менторҳо ба ҳамаи талаботҳои иштироккунандагон ҷавобгӯ буданд, мегӯяд Гулнар Асанбаева, мушовири минтақавии барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP доир ба саводи расонаӣ.
Дар охирин рӯзи семинар иштироккунандагон лоиҳаҳои худро барои пешбурди саводи расонаӣ дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муаррифӣ карданд. Таҳти роҳбарии менторҳо, иштироккунандагон дар тули панҷ рӯз лоиҳаҳои худро дар бахши саводи расонаӣ таҳия намуданд. 15 финалист аз MediaCAMP барои татбиқи лоиҳаҳои худ пас аз такмил додани онҳо дастгирии молиявӣ дарёфт хоҳанд кард. Дар Қазоқистон Олга Малишева ва Лариса Нода (лоиҳаи муштарак), Гулнара Абикеева, Даурен Бакберген, Светлана Раздоба ва Сергей Ляшенко ғолиб шуданд. Дар Тоҷикистон лоиҳаҳои Муқим Абдуфатоев, Илҳом Ҳошимов, Зоҳир Шомусалломов, Илҳом Ҷамолиён ва Усмон Ниёзов интихоб гаштанд.
— Аз се ду ҳиссаи иштироккунандагони Эдютон навкорон буданд, ки ин хуб аст. Дар байни иштироккунандагон ва ғолибони мо Гулнара Абикеева, киношиноси маъруф на танҳо дар Осиёи Марказӣ, драматург Олга Малишева, омӯзгор Лариса Нода, муаллифи мюзиклҳо Аннас Багдад ҳастанд (мо ҳоло барои дастгирии лоиҳаи беназири ӯ маблағгузории муштаракро меҷӯем). Ҳамаи ин аз таваҷҷуҳи зиёд ба мавзуъҳои пешниҳодкардаи Эдютони мо шаҳодат медиҳад. Интихоб бисёр душвор буд, ба ҳисоби миёна панҷ нафар ба як ҷой. Аммо мо, албатта, натиҷаҳои асосии Эдютонро дар раванди татбиқи лоиҳаҳо хоҳем дид. Ман ба ҳамаи иштироккунандагон илҳоми махсусро таманно дорам ва хоҳиш менамоям, ки онҳо он сатҳи шавқу рағбат ва ҳавасмандиро барои бомуваффақият амалӣ намудани ҳамаи лоиҳаҳо аз даст надиҳанд, илова менамояд Гулнар Асанбаева, куратори лоиҳаи Эдютон 2022.
Дар байни мавзуъҳое, ки аз ҷониби иштироккунандагон пешниҳод ва аз тарафи ҳакамони мустақил тасдиқ карда шуданд, таълими саводи расонаӣ, эҷоди театри иммерсивӣ, мюзиклҳо ва курсҳои видеоӣ доир ба саводи расонаӣ буданд, ки барои ҳар се кишвар муфид хоҳанд буд.
Иштироккунандаи Эдютон 2022 Олга Малишева дорои таҳсилоти рӯзноманигорӣ мебошад ва дар тули ҳашт соли ахир бо соҳаи театр машғул аст. Ба сабаби COVID-19 ва маҳдудиятҳои вобаста ба он, вай бо завқ ба омӯхтани мавзуъи театри рақамӣ шуруъ кард. Ӯ ҳамчун рӯзноманигор ва ходими театр дар лоиҳаҳои худ рӯзномаи иттилоотии мубрам, мавзуъҳои ҳассос ва мушкилиҳои вазъияти кунунии сиёсиву иқтисодиро муттаҳид мекунад. Вай дар лоиҳаи .три.точки. Знай, что смотришь! (се.нуқта. Бидон, ки ту чиро тамошо мекунӣ!) кор мекард, ки яке аз натиҷаҳои он дар баҳори соли 2021 ба саҳна гузоштани спектакл дар бораи фактчекинг ва тафаккури интиқодӣ буд. Олга ба сифати драматург ва куратори намоиш баромад кард.
— Ин аввалин Эдютони ман аст. Ҳангоми пешниҳод намудани дархост барои иштирок, ман дар бораи формати ин семинар тасаввуроти кам доштам. Аммо барои ман ҷолиб буд, зеро ман аллакай таҷрибаи муттаҳид кардани диққати асосии худ – театр ва саводи расонаиро доштам. Дар барномаи Эдютон 2022 лексияҳои бисёр ҷолиб, калон ва хеле муфид буданд, нетворкинги зиёд ва кор бо менторҳо вуҷуд доштанд. Лоиҳае, ки ман ҳимоя кардам, аз лоиҳаи пешниҳодкардаам ба куллӣ фарқ мекард. Бо тавсияҳои созмондиҳандагони семинар, мо бо иштироккунандаи дигари Эдютон, омӯзгори маъруф Лариса Нода муттаҳид шудем, ки лоиҳаи вобаста ба намоиши зиндаи театри донишҷӯёнро пешниҳод намоем. Мо фаҳмидем, ки як нуқтаи ҷолиби ба ҳам наздик дорем: ман шакли шахсии худро пешниҳод мекунам – намоиши савтӣ (аудиоспектакл), аммо мундариҷа он аст, ки Лариса Павловна дар лоиҳаи худ пешниҳод намудааст. Муттаҳидсозӣ бомуваффақият анҷом ёфт, мо лоиҳаи муштараки худро ҳимоя кардем ва дар қатори панҷ ғолиб аз Қазоқистон қарор гирифтем, нақл мекунад Олга Малишева, ҳаммуаллифи лоиҳаи ғолиби Эдютон 2022.
Лоиҳае, ки онҳо таҳия кардаанд, намоиши савтӣ мебошад, ки ба сокинони рақамии маҳаллӣ (цифровые аборигены) (ба истилоҳ одамоне, ки онҳо дар замоне таваллуд шудаанд, ки Интернет аллакай вуҷуд дошт, онҳое, ки Интернет барои онҳо макони зисти табиӣ аст; муҳоҷирони рақамӣ – онҳое, ки то соли 2000 таваллуд шудаанд) нигаронида шудааст. Манзур ин аст, ба онҳо қиссаҳои воқеӣ дар бораи мушкилоте нақл хоҳанд кард, ки бо он дар ҷаҳони рақамӣ дучор мешаванд – зӯргӯӣ (буллинг), сохтакорӣ (манипулятсия) ва фейкҳо. Намоиш ҳамчунин барои онҳое ҷолиб хоҳад буд, ки мехоҳанд фаҳманд сокинони рақамии маҳаллӣ чӣ гуна зиндагӣ мекунанд, инчунин барои дӯстдорони намоишҳои театрӣ, ки майли шунидани намоиши савтӣ доир ба саводи расонаиро доранд.
Эдютон вобаста ба саводи расонаӣ дар Осиёи Марказӣ солҳои 2018-2019 дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Пешбурди сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ” баргузор шуда буд, ки аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо маблағгузорӣ ва аз ҷониби Internews амалӣ мешавад.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.