Ҷамъоварии қиссаҳои духтарони ҷавони Конибодом, ки орзуҳояшон ҷомаи амал напӯшидаанд, барои рӯзноманигорон кори осон набуд. Орзуҳои инсон ҳамавақт амалӣ намешаванд ва дар бораи он суҳбат кардан бо касе хеле душвор аст. Пас муҳаррирони радиои хурди “Канд ФМ” тасмим гирифтанд, ки чунин рафтор кунанд: рӯзноманигорон сокинони Конибодомро даъват карданд, ки бидуни зикри ному насаби худ дар бораи орзуҳои амалинашудаашон ба онҳо нома нависанд.
Дар шаҳри панҷоҳ ҳазор солаи Конибодом, ки воқеъ дар шимоли Тоҷикистон аст, радиои “Канд ФМ” як сол қабл ба кор шуруъ кард. Роҳбари ин пойгоҳ Зайнуддин Орипов мебошад, ки тамоми умр дар расонаҳои чопиву электронӣ фаъолият кардааст. Солҳои охир ӯ сармуҳаррири телевизиони маҳаллии “Конибодом” буд. Қариб кулли аҳолии шаҳр Зайнуддинро хуб мешиносанд. Соли 2010 Зайнуддин тасмим гирифт, ки радиои худро боз кунад ва барои гирифтани иҷозатнома дархост пешниҳод карда, интизор шуд. “Канд ФМ” танҳо пас аз 9 сол ба эфир баромад, ки Зайнуддинро хеле шод кард. Орзуи асосии ӯ амалӣ гашт. Ҳоло вай ҳамроҳи тимаш, ки иборат аз 6 кас аст, дар як идораи хурди бинои Почтаи маҳаллӣ фаъолият дорад.
Тобистони соли ҷорӣ, тими “Канд ФМ” тасмим гирифт дар озмуни Контент лаборатория, ки аз тарафи “Вечёрка” бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон доир шуд, ширкат варзад. Лаборатория ба масъалаҳои таълим бахшида шуда буд; дар ҷараёни баргузории лаборатория, мебоист, ки ширкаткунандагон якҷоя бо мураббиён лоиҳаҳои худро пешниҳод кунанд. Пас аз ин лоиҳаҳоро ба коршиносони даъватшуда рӯнамоӣ карда, тавсияҳои онҳоро мегирифтанд. Баъдан бо назардошти ҳама эродҳо, лоиҳаҳои худро ба озмуни грантии Интернюс дар Тоҷикистон пешниҳод мекарданд. 5 лоиҳаи беҳтарин аз ҷониби ҳакамони мустақил ғолиб омаданд ва барои татбиқи ғояҳои худ дастгирии молиявӣ гирифтанд. “Канд ФМ” низ яке аз ғолибон буд.
Тими “Канд ФМ” лоиҳаеро пешниҳод кард, ки ба таҳсилоти иловагии духтарони Конибодом бахшида шуда буд. Гап сари он аст, ки дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавҷуд аст ва ҳамаи кӯдакони ноболиғ вазифадоранд ба мактаб раванд. Дар аксари ҳол барои волидон ҷаримаҳои нисбатан калон пешбинӣ шудааст. Аз ин рӯ, оилаҳо духтарони худро чун ҳама минтақаҳои дурдаст ба муассиса мефиристанд. Вале дар бораи таҳсилоти иловагӣ, маҳфилҳои варзиш ё мусиқӣ ягон сухане нест.
– Пас аз дарс духтарон ба хонаҳояшон рафта, корҳои вазнини хонаро иҷро мекунанд: нигоҳубини чорво, тозакунии хона, пухтупаз, шустушӯй, дӯхтану бисёр чизҳои дигар. Онҳо ба омӯзиши иловагӣ умуман вақт надоранд. Албатта боз ҳастанд духтарони пешрафта, ки таҳсилоти иловагӣ мегиранду барои ба донишгоҳ дохил шудан кӯшиш мекунанд. Вале сафи онҳо ангуштшуморанд. Аксар вақт, духтарон пас аз хатми синфи 9 ба назди волидони худ мераванд, ки дар Русия муҳоҷирони меҳнатианд. Дар он ҷо бо ҳамватанони худ, ки онҳо низ муҳоҷиран, издивоҷ мекунанд. Онҳо хеле барвақт издивоҷ мекунанд, зеро бачаҳо мехоҳанд, ки пас аз хатми мактаб бо духтарон тез издивоҷ кунанд. Ба фикри бачаҳо, агар духтарон таҳсилро идома дода, мустақил шаванд, ин маънои зан бад шуданро дорад, – шарҳ медиҳад Зайнуддин.
Бояд гуфт, ки дар шаҳри Конибодом Маркази таҳсилоти иловагӣ мавҷуд аст. Дар он маҳфилҳои гуногуни ройгон фаъолият мекунанд. Гурӯҳи “Канд ФМ” ба озмуни Контент Лаборатория бо ғояи тайёр омад. Ғояи лоиҳаи онҳо аз он иборат буд, то ба сокинони шаҳри худ бифаҳмонанд, ки таҳсили иловагӣ барои духтарон муфид аст. Баъдан дар якҷоягӣ бо мураббиён лоиҳаи “Нахли хоҳиш” рӯйи кор омад. Ин мактубҳои аудиоии духтарон аст, ки дар бораи орзуҳои амалинашудаи худ қисса мекунанд. Ҳар як чунин номаро ҳунармандони театри маҳаллии Конибодом қироат мекунанд, ки он на бештар аз ду ё се дақиқа давом мекунад. Сипас, ин саргузаштро дар эфир равоншинос-педагог шарҳ медиҳад. Тими “Канд ФМ” фаҳмид, ки духтарони ҷавон дар Конибодом ба тамоси мустақим намебароянд. Чун ин одат нест, ки духтарони ҷавон ҳарчанд одилона бошанд ҳам, эътироз кунанд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтанд, ки чунин кор кунанд: номаҳои беномро аз духтарон ҷамъоварӣ карда, бидуни зикри номашон мустақиман садо диҳанд.
– Мо эълони ҷамъоварии номаҳоро оғоз кардем. Аммо касе ба он посух надод. Баъд қарор додем, ки намунае нишон диҳем. Корманди мо, хонандаи синфи 9-ум Фарангис Умарова чанд мусоҳиба бо ҳамсолонаш орост. Онҳо махфиёна гуфтанд, ки мехоҳанд ба рақс, ба варзиш раванд, аммо волидонашон иҷозат намедиҳанд. Ҳунармандон ин номаро сабт карданду мо онҳоро ба эфир гузоштем. Як равоншинос-педагогро барои тавзеҳ додани қиссаҳо даъват кардем, – мегӯяд Зайнуддин.
Фарангис бо духтараке, ки дар яке аз деҳаҳои назди шаҳри Конибодом зиндагӣ мекунад, мусоҳиба сабт кард. Қаҳрамон дар бораи он нақл мекунад, ки чигуна мехоҳад рассомиро омӯзад. Аммо ягон маҳфиле нест, ки рафта дар он ҷо иштирок кунад. Ҳатто қоғази рассомӣ надорад ва маҷбур аст дар рӯйи замин расм кашад. Ҳунармандони театр ин мактубро садо доданд. “Канд ФМ” онро ба эфир гузошт. Бо вуҷуди оне, ки номи духтарак зикр нагардид, аз деҳаи қаҳрамон ӯро шинохтанд ва директори муассиса аз деҳа омад.
– Вай ба хашм омада гуфт, ки дар муассиса маҳфили расмкашӣ фаъолият мекунад, аммо волидон фарзанди худро ба он ҷо намегузоранд. Вале директор ваъда дод, ки ин масъаларо ҳал мекунад ва духтарак ба маҳфили рассомӣ меравад. Баъдан ӯ ба ваъдаи худ вафо кард. Он духтарак ба маҳфили рассомӣ рафт, – мегӯяд Зайнуддин.
Рӯзноманигорони “Канд ФМ” номаҳои аудиоиро ғайр аз эфири радио, боз дар канали YouTube-и худ нашр карданд. Канали радио ҳанӯз муштариёни зиёд надорад, чун рӯзноманигорон барои таблиғи канал муҳтаво эҷод накардаанд – ҳамагӣ 132 кас. Дар оянда онҳо нақша доранд, ки барои ин платформа муҳтавои алоҳида эҷод кунанд ва ба монанди “Нахли хоҳиш” онро якҷоя бо аудиторияи худ рӯйи кор оранд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.