Худкушӣ як мавзӯи ҷиддӣ ва ҳассос аст, ки дар Тоҷикистон аз расидагӣ ба он худдорӣ мекунанд. Қариб касе дар ин мавзуъ ошкоро ҳарф намезанад, аммо ин мушкилро ҳал намекунад – шумораи худкушӣ ҳамчунон дар сатҳи баланд боқӣ мемонад. Тибқи омор, занон бештар ба худкушӣ даст мезананд. Ба ин мушкили иҷтимоӣ коргардон Абдулҳай Зокиров диққат ҷалб намуд. Бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон ӯ филми мустанади «Умри дубора»-ро таҳия кард, ки дар он зане нақл мекунад, ки чӣ чизе ӯро водор ба қасди худкушӣ кард ва чӣ гуна зиндагияш баъд аз он тағйир ёфт.
Тамошои як монологи 20-дақиқаии пур аз талхиву ноумедӣ аз ҷиҳати эҳсосӣ душвор аст. Ҳама чиз дар ин филм андӯҳгин аст – аз достон шурӯъ карда то шеъру мусиқиву интихоби рангу рушноӣ. Абдулхай Зокиров, ки қабл аз филми «Умри дубора» комедияи сабуки «Автобус»-ро ба навор гирифта буд, қайд кард, ки кор кардан рӯи ин филм барояш аз ҷиҳати эмотсионалӣ хеле душвор буд.
Пас аз «Автобус» ба навор гирифтани чунин фоҷиа бароям хеле душвор буд. Мо рушноӣ, камераро насб намудему мотор гуфта шурӯъ кардем. Ҳамин ки қаҳрамон аз такдири сахти худ нақлро шурӯъ кард, ашки тамоми гурӯҳи наворбардорӣ рехт.
Барои ёфтани қаҳрамони худ ба коргардон лозим омад, ки бисёр талош кунад. Гап дар сари он аст, ки дар Тоҷикистон расидагӣ ба мавзӯи худкушӣ қатъиян мамнӯъ аст ва дар расонаҳо амалан қаҳрамонҳое вуҷуд надоранд, ки дар бораи таҷрибаи худ ошкоро суҳбат кунанд. Тирамоҳи соли 2022, вақте ки Абдулхай ба комиссияи мустақили озмуни Интернюс «Формати хурд» дар бораи идеяи ба навор гирифтани филм дар бораи худкушӣ нақл кард, дар бораи як қаҳрамон фикр мекард. Пас аз он ки ӯ дар қатори ғолибони озмун қарор гирифту ба наворбардорӣ омода мешуд, қаҳрамонаш аз ширкат дар филм даст кашид. Коргардон зани дигареро ёфт, ба наворбардорӣ шурӯъ кард, аммо ин қаҳрамон натавонист таҷрибаи худро ошкоро баён кунад. Ва танҳо дар кушиши сеюм Абдулхай каҳрамонеро пайдо кард, ки тавонист самимона ва муфассал дар бораи он чизе, ки бо ӯ руй дод нақл кунад.
Достони вай чунон дардовар баромад, ки бо вуҷуди набудани сюжети ҳаяҷонангез, чашмро аз филм кандан намешуд.
«Умри дубора»-се маротиба дар шабакаи давлатӣ намоиш дода шуд.
Сабабҳои зиёде вуҷуд доранд, ки боиси ба худкӯшӣ даст задани одамон мегардад. Ин филм достони ишқи нокомеро ривоят мекунад, ки боиси оқибатҳои фоҷиавӣ шуд – як духтари ҷавон баъди кӯшиши худсӯзӣ 65%-и баданаш сӯхта, биноияшро аз даст дод, вале ба таври мӯъҷизаосое зинда монд. Тибқи омор дар давраи аз соли 2019 то соли 2021 дар Тоҷикистон 759 мавриди худкушӣ сабт шудааст. Сабабҳои асосии ба ин кор даст задани одамон низоъҳои оилавӣ ва хушунати хонаводагӣ мебошанд. Ягона умед ба «умри дубора»- и беҳтар дастгирӣ ва кумаки наздикон аст. Дар филм тамаркузи аслӣ ба ин мавзуъ аст.
Абдулҳай муътақид аст, ки асари ӯ танҳо бозтобе аз он чӣ дар ҷомеа мегузарад аст ва нақши аслии ӯ мушоҳидаи воқеият мебошад.
«Мо бо маъюбон дар кӯча вомехӯрем, аммо ҳатто тасаввур кардан намехоҳем, ки онҳо чиро аз сар гузаронидаанд, дар бораи чӣ фикр мекунанд, чӣ онҳоро нигарон мекунад, чӣ гуна зиндагӣ мекунанд», – мегӯяд ӯ.
Коргардон пеш аз ба навор гирнфтани филм чанд рӯз бо қаҳрамони филм суҳбат карда, саргузашти ҳаёти ӯро бо тафсил омӯхт.
Ду унсури асосии ин филми мустанад идея ва қаҳрамон мебошанд. Дар мактаби коргардонӣ наҳваи интиқоли идеяро ба воситаи қаҳрамон меомӯзонанд, вале барои ин қахрамон бояд воқеаро хуб ва шавқовар баён кунад. Вақте ки шумо қаҳрамони худро мешиносед, метавонед саволҳои кумаккунанда диҳед ва достонеро дар биёред, ки расонидани он ба тамошобин муҳим аст, мефаҳмонад Абдулҳай.
«Умри дубора» то нашраш дар интернет се бор дар шабакаи давлатии “Ҷаҳоннамо” пахш шуд. Мухотабон ба чунин мавзуъҳои мураккаб дархост доранд ва Абдулхай инро эҳсос мекунад. Ҳоло коргардон ният дорад бар асоси «Умри дубора» филми бадеӣ ба навор гирад. Ӯ то ҳол ҳар ҳафта бо қаҳрамонаш суҳбат мекунад, достонҳои ӯро гирд меорад ва аллакай лоиҳаи ояндаашро «Баъд аз Худо» ном гузоштааст. Ӯ дар кори нави худ қасд дорад, аҳамияти истисноии занону модаронро дар ҷомеа таъкид кунад.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.