Дар бораи он ки чи тавр метавон дар шабакаҳои иҷтимоӣ расонаро хуб муаррифӣ кард: постҳоро чи тавр навишт ва зиннат дод( масалан, чандто табассумак монд), чи тавр рекламаро сохт ва ҷойгузин намуд, чи тавр рафтор намуд, ки Фейсбук бо сабаби фаъол будан масдудатон накунанд ва дар бори дигар мавзуъҳо диҷитол-бозоршинос- Фарҳод Аҳмадов дар вебинари “Қоидаҳои рафтори мутахасиси SMM дар саҳифаҳои расонаҳои тоҷик” , рузи чоршанбе, 29 август, соати 16:00 нақл мекунад.
Ҳатто постҳо,навору аксҳои хеле хуб дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои он, ки контенти расонаиро дар платформаҳои гуногун бо муваффақият тарвиҷ диҳед ва аудитория тозаро ҷалб намеод, кофӣ нестанд. Теъдоди зиёди абзорҳои гуногун мавҷуданд, ки метавонанд корро зудтар ва беҳтар анҷом диҳанд. Коршиносамон-диҷитол- бозоршинос Фарҳод Аҳмадов, ки замоне бахши бозорёбии ширкати “Формула 55”-ро сарварӣ мекард ва ба ҳайси менеҷери иртибот бо ҷомеа дар ширкати “Мегафони Тоҷикистон” фаъолият намудааст, 29 август, соати 16:00 дар бораи обзорҳои муносибе барои журналистон ва мутахассисон соҳаи SMM нақл мекунад, ки тавассути онҳо метвон ба муваффақиятҳо дар самти пешбурди контент дар қисмати шабакаҳои иҷтимоӣ кишвар ноил шуд.
– Бо назардоши он, ки шумораи корбарон дар Тоҷикистон алакай беш аз 3 млн аст, расонаҳо наметавонанд корашонро бидуни шабакашои иҷтимоӣ пеш баранд. Аммо барои он, ки ин канали рақамӣ ҳамеша дар зери даст бошад, бояд қоидаҳои бозиро дар ин майдон риоя ва эҳтиром кард . Риояи қоидаҳои оддӣ оқибатҳои манфиро чи барои шумо ва чи барои расонаатон метавонад пешгирӣ намоянд,- мегуяд Фарҳод.
Баро иштирок дар вебинар ба шумо мурур кардан аз пайванди https://pruffme.com/landing/u21402/smm#/about дар таърихи нишондодашуда лозим меояд. Тамоми хошиҳмандони шунидани вебинар метавонанд ба дафтари Интернюс бо суроғаи куча Академик Раҷабовҳо 7, тангкучаи 1(дар пушти Вазорати молия) биоянд, ки дар онҷо вебинар сабт мешавад.
Вебинари Фарҳод Аҳмадов оид ба «Қоидаҳои рафтори мутахассиси SSM дар саҳифаҳои расонаҳои тоҷик” қисми аввали курс барои журналистони тоҷик дар ин мавзуъ аст. Ҳафтаи оянда дар ин мавзуъ мутахассиси SSM- Шаҳноза Комилова, ки дар ФБ саҳифаи Мегафон Тоҷикистон ва T-cell-ро мебурд, вебинари дуюмро баргузор менамояд. Шаҳноза мегуяд, ки ВАО-и тоҷик алҳол иртибот бо аудиторияи худро меомузанд ва бо корбарон муносибатҳои эътимоднок давр шабакаҳои иҷтмоӣ месозанд. Ва дар бозори расонаҳо мисолҳои шоистае ҳастанд, ки ӯ дар мавридашон нақл хоҳад кард.
Вебинари Фарҳод Аҳмадов бо забони русӣ ва вебинари Шаҳноза Комилова бо забони тоҷикӣ мегузаранд.
Таваҷҷуҳ! Барои иштироки босамар дар вебинар зарур аст:
Версияи охирини браузерҳои Google Chrome, FireFox, Safari ё Opera-ро насб кардан. Дар браузер бояд версияҳои охирини Adobe Flash Player. В Google Chrome — Flash Player (қаблан насб шудааст) бошанд . Суръати интернетатонро тафтиш кунед. Суръати ҳадди аққалли пайвастшавӣ ба вебинар 1Mb., суръати тавсияшаванда барои кори бароҳат (суръати паст боиси таввақуфи видое ё кандашавии овоз ҳангоми нишон додани видеорликҳо ё гарфика мегардад). Сураъти интернетро метавонед дар ин саҳифа тафтиш кунед.
Агар ба интернет тавассути шабакаи корпартивӣ ворид мешавед, пас ба администратори системаатон муроҷиат намоед, то ки порти 1935, 80, 443-ро бикушояд. Барои ворид шудан ба саҳифа тугмачаи «Войти в вебинар»пахш намуда, итиилоот дар бораи худатонро пур кунед ва бар муқобили сатри муоҳида бо корбарон розӣ буданаторо ишора кунед. Агар ба вебинар аз тариқи планшет ворид шуданиед, маслиҳат медиҳем . ки аз барузери Google Chrome ё Puffin Browse истифода кунед
Вебинари маҷонии” Равандҳо нави расонаҳои онлайнӣ” аз ҷониби Интернюс дар доираи лоиҳаи “ Мусоидат ба дастрасӣ ба иттилоот” ташкил шудааст. Тадбиқи он бо лутфи кумаки мардумони Амрико, тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) муяссар гардид.