Тадқиқоти наве, ки бо дархости Internews анҷом шудааст, инфрасохтори додаҳои боз дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро тавсиф мекунад. Тадқиқот дар бораи захираҳои дастраси додаҳои боз доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ маълумот медиҳад ва ҳамчун манбаи амалӣ барои журналистони додаҳо хидмат мекунад.
Исбот шудааст, ки журналистикаи додаҳо ба манфиатҳои ҷамъиятӣ таъсир мерасонад ва боиси тағйироте мешавад, ки дар бораи масъалаҳои мубрами ҷомеа, шаҳрвандони бештар осебдида, сабабҳои аслӣ ва роҳиҳалҳои эҳтимолии афзоиши нобаробарӣ хабар медиҳанд.
Барои дастгирии рушди ҷомеаи журналистикаи додаҳо дар Қирғизистон ва Тоҷикистон, Internews як таҳқиқи харитасозии додаҳои бозро оид ба масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, ки махсус барои журналистони ин ду кишвар пешбинӣ шудааст, дархост кард.
Дар чаҳорчӯби ин таҳқиқот, ду пойгоҳи маҷмӯаҳои додаҳои боз дар Қирғизистон ва Тоҷикистон дар форматҳои Excel ва Airtable барои истифодаи умум ва дастури тавзеҳотӣ барои журналистони додаҳо таъсис дода шуданд.
Ҳама маводҳо дар сайтҳои зер барои рузноманигорни Қирғизистон ва Тоҷикистон ҷамъ оварда шудаанд:
Пойгоҳи додаҳои боз барои Қирғизистон дар ин ҷост. Гузориш дар бораи Қирғизистонро дар ин ҷо пайдо карда метавонед.
Пойгоҳи додаҳои боз барои Тоҷикистон дар ин ҷост. Гузориш дар бораи Тоҷикистонро дар инҷо пайдо кардан мумкин аст.
Додаҳои боз барои таҳияи мақолаҳои ба далелҳо асосёфта дар бораи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ заруранд. Ба ҳар ҳол, журналистон сарфи назар аз фаровонии додаҳои боз дар Қирғизистон бо душвориҳо ва таъхир дар дарёфти дастрасии зуд ба маҷмӯаҳои зарурии додаҳо дучор мешаванд. Журналистони додаҳо дар Тоҷикистон ба сабаби мавҷуд набудани макони нигоҳдории мутамарказ ва кушодаи додаҳо, ки дар он ниҳодҳои давлатӣ метавонанд маҷмӯи додаҳоро ҷамъ кунанд, бо мушкилоти иловагӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Барои осон кардани дастрасии журналистоне, ки бо маълумоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ кор мекунанд, Internews бо гурӯҳи тадқиқотии Zerkalo Analytics, ки дар Осиёи Марказӣ ҷойгир аст, барои муайян кардани манбаъҳои додаҳои боз дар Қирғизистон ва Тоҷикистон ва сохтани пойгоҳи иттилоотии ҳамаҷониба ҳамкорӣ кард.
Бо истифода аз равиши пажӯҳиши думарҳилаии кабинети, гурӯҳи таҳқиқотӣ 1986 гиперпайвандро ба 131 вебсайт, ки дорои маҷмӯаҳои додаҳои дахлдор барои Қирғизистон ва 1032 гиперпайванд ба 68 вебсайте, ки дорои маҷмӯи додаҳои дахлдори Тоҷикистон мебошанд, мавриди омӯзиш қарор дод. Дар натиҷа, 408 маҷмӯаи додаҳо вобаста ба мавзуъҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ барои Қирғизистон ва 308 маҷмӯаи додаҳо барои Тоҷикистон муайян ва ба пойгоҳи додаҳо дохил карда шуданд, ки аз ҳадафи дар аввал муқарраршуда – ҳадди ақал 50 маҷмӯи додаҳо дар як кишвар зиёд аст.
Дар пойгоҳи додаҳо муассисаҳо ва созмонҳое нишон дода шуда буданд, ки дар ҳар ду кишвар шумораи бештари маҷмӯаи додаҳоро доранд. Инчунин маълум шуд, ки аксари маҷмӯаҳои додаҳо дар файлҳои PDF ҷойгир карда шудаанд, ки истифодаи онҳоро барои таҳлили додаҳо душвор мегардонад. Барои ҳалли ин мушкилот, дар тадқиқот маслиҳатҳо барои табдилдиҳии PDF ба формати Excel инъикос шудаанд.
Ин тадқиқот инчунин дигар захираҳои амалиро барои журналистоне ки бо додаҳо сару кор доранд дар бар мегирад. Минҷумла рӯйхати санҷишӣ дар бораи чӣ гуна бо додаҳои боз кор кардан, намунаи мактуб барои дархости додаҳо аз мақомотҳои давлатӣ ва се воситаи асосии визуализатсия ва дигар маслиҳатҳоро дар бар мегирад.
Дар ин пойгоҳ, журналистони додаҳо дар Тоҷикистон метавонанд ба маҷмӯаҳои додаҳо оид ба бонкҳо ва молия (52 маҷмӯаи додаҳо), даромад (19), тиҷорат (18), андоз (28), рушди минтақавӣ (13) ва дигар соҳаҳои марбут ба масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Рӯзноманигорони додаҳо дар Қирғизистон метавонанд аз пойгоҳи додаҳо барои дастрасӣ ба маҷмӯаҳои бози додаҳо оид ба кишоварзӣ (75), шуғл (53), пешгӯии иқтисодӣ (39), бонкҳо ва молия (24), нархҳо (20), буҷет (19), тиҷорат (11), рушди минтақавӣ (17) ва дигар соҳаҳо истифода баранд.
Дар маҷмӯъ, таҳлил нишон дод, ки ҳаҷми додаҳои бозе, ки барои ҷомеаи журналистони додаҳо дар Қирғизистон дастрас аст, афзоиш меёбад, дар ҳоле ки барои ба як ҷомеа табдил ёфтани журналистони додаҳо дар Тоҷикистон кори муштарак ва маълумоти дастрас аҳамияти ҳалкунанда доранд.
Таҳлил як қатор мушкилотро бо додаҳои боз муайян кард, аз ҷумла:
• Кофӣ набудани додаҳои бози давлатӣ ва аз ҷониби ҳукумат набудани имконият барои тавлиди додаҳои баландсифат, дорои ҷузъиёти бештар ва тафсилшуда ки бо мурури замон насозӣ карда мешаванд;
• Дар ҳолати набудани додаҳо журналистон имкони машварат, дар амал такмил додани истифодаи додаҳоро барои эҷоди як дода-мақолаи қонеъкунанда надоранд;
• Журналистон дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарор дошта, аз қабили Қирғизистон ва Тоҷикистон, хеле кам маҳорат ва дониши истифодаи усулҳои навтарини таҳлили додаҳоро доранд;
• ВАО барои сармоягузорӣ дар журналистикаи додаҳо захираҳои кофӣ надоранд, зеро эҷоди маводҳои таъсирбахше, ки ба додаҳо асос ёфтаанд, вақт ва кӯшишро талаб мекунад.
Ин мушкилотро журналистоне, ки дар саросари ҷаҳон бо додаҳо кор мекунанд ҷонибдорӣ мекунанд ва гузориш медиҳанд, ки дастрасӣ ба додаҳои босифат, набудани вақт, дониши муносиб, таҳлили додаҳо ва кафолати дуруст будани додаҳо аз мушкилоти асосии онҳост.
Тавсияҳои асосӣ:
• Ба ВАО: ба ҷудо кардани захираҳои кофӣ барои журналистикаи додаҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир кунанд;
• Ба журналистон: мунтазам аз мақомот таҷдиди додаҳоро талаб кунанд (масалан, бо истифода аз шакли намунавии номаи дархости додаҳо, ки дар ин тадқиқот замима шудааст);
• Ба мақомотҳо: татбиқи барномаҳои додаҳои кушодаро тавассути пешниҳоди ройгони додаҳо дар реҷаи онлайн ва форматҳои мувофиқ барои коркард ва таҳлили додаҳо идома диҳанд;
• Мақомотҳо метавонанд тавонмандии худро барои ҷамъоварӣ ва нашри пайвастаи иттилоот, интишори додаҳои соҳавӣ ва посухи саривақтӣ ба дархостҳо оид ба навсозии додаҳо, баланд бардоранд;
• Ба созмонҳои донорӣ: а) ҳукуматҳоро дар омӯзиши амалӣ барои нашри самараноки додаҳо дар формате, ки барои таҳлили додаҳо мувофиқанд, дастгирӣ кунанд ва б) барои омӯзиши саводнокии додаҳо ва журналистикаи додаҳо онҳоро дастгирӣ намоянд;
• Ба созмонҳои расонаӣ: барои хабарнигороне, ки барои омӯзиши журналистикаи додаҳо ҳавасманданд омӯзиши мувофиқ ва баландсифат гузаронанд ки дар онҳо диққати асосӣ ба чӣ гуна оғоз кардани таҳлил дар мавзӯи вобаста ба додаҳо, чӣ тавр анҷом додани таҳқиқи додаҳо ва бар асоси онҳо навиштани дода-мақолаҳо равона карда шавад;
• Созмонҳои донорӣ метавонанд Тоҷикистонро дар татбиқи ташаббуси озмоишии додаҳои кушода барои шаҳри Душанбе дастгирӣ кунанд;
• Дар Қирғизистон, ки муҳити додаҳо бештар рушд кардааст, созмонҳои донорӣ метавонанд кӯшишҳоро барои баланд бардоштани созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати истеҳсоли додаҳо дастгирӣ кунанд.
Internews ба Мактаби додаҳои Қирғизистон барои пешниҳоди арзёбии коршиносии натиҷаҳои тадқиқот изҳори сипос мекунад.
Гузоришҳо ва пойгоҳи додаҳои Open Data Mapping аз ҷониби Zerkalo Analytics бо дархости Internews ва дастгирии молиявии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таҳия шудаанд; фикру мулоҳизаҳо ва дидгоҳҳои дар пажӯҳиш зикр гардида нуқтаи назари расмии Ҳукумати Британияи Кабирро инъикос намекунанд.
Пажӯҳиши мазкур дар чорчӯбаи лоиҳаи САМТ 2: «Ҷoмеаи шаҳрвандӣ ва ҳисоботдиҳӣ» дар доираи барномаи «Идоракунии самаранок барои рушди иқтисодӣ» (EGED) бо дастгирии молиявии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар ҳамкорӣ бо ACTED амалӣ карда шудааст. Ҳадафи лоиҳа ин фаъолсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади таъмини рушди фарогир ва бо далелҳо асосёфтаи иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.