Чор редаксия дар Тоҷикистон сохтани шабакаҳои рӯзноманигорони шаҳрвандиро дар саросари кишвар идома хоҳанд дод. Барои оғоз кардани ҳамкорӣ бо васоити ахбори омма, довталабон ба таҳсилоти махсус ё таҷрибаи корӣ эҳтиёҷ надоранд ва тавре маълум шуд, дар кишвар шумораи кофии одамоне ҳастанд, ки мехоҳанд худро ҳамчун рӯзноманигор бисанҷанд.
“Ҳатмӣ нест, ки таҷрибаи кор дар расонаҳо дошта бошед. Шумо диплом доред ё не бароямон муҳим нест. Фарқ надорад, ки шумо аз пойтахти Тоҷикистон ҳастед ё аз ноҳияи дурдаст. Мо ҳатто ба синну соли шумо аҳамият нахоҳем дод ”- бо чунин шарту шароит гурӯҳи расонаҳои Азия Плюс дар охири моҳи феврал ба рӯзноманигорони шаҳрвандӣ ҳамкорӣ пешниҳод кард ва дар тӯли ду ҳафта 155 дархост гирифт.
– Ман ин қадар дархостро интизор набудам, хуб, ман фикр мекардам, ки шумораи онҳо то 50 –то хоҳад буд, вале дар ин ҷо 155 нафаранд! Акнун ҳамашро омухтан ва баррасӣ кардан лозим меояд.. Аммо боз ҳам маро бештар на шумораи муроҷиатҳо ҳайрон кард, балки он ки ҳангоми посух ба саволи “Чаро шумо журналисти шаҳрвандӣ шудан мехоҳед”,- аксарият навиштаанд, ки онҳо мехоҳанд чизеро дар Тоҷикистон иваз кунанд ва мушкилоти кишварро ҳал кунанд. Яъне, мардум рӯзноманигорро ҳамчун шахсе мешуморанд, ки ягон чизро тағйир дода метавонад, ба қудрати сухан бовар мекунанд. Ҳамаамон шикоят мекунем, ки ҳама чиз бад аст, ВАО ҳеҷ чизро ҳал намекунад ва аммо бубинед инҷо чи ҷидду ҷаҳде аст “,- мегӯяд рӯзноманигори нашрияи” Азия-Плюс “Маҳпора Киромова.
Ҳоло Маҳпора ва ҳамчунин Муҳайё Қаюмова аз АИ SugdNews, Салимҷон Саидов аз ШТР Пайванд ва Мирзосаид Сатториён аз Медиахолдинги ”Оила” лоиҳаҳои журналистони шаҳрвандиро дар редаксияҳои худ назорат хоҳанд кард. Ин расонаҳо дар озмуни “Интернюс Тоҷикистон”, ки охири соли гузашта эълон шуда буд, ғолиб омада буданд. Айнан чунин озмун дар Қазоқистон баргузор шуда буд, ки дар он ҷо шаш нашрия дар лоиҳа иштирок мекунанд.
Ҳадафи асосии лоиҳа ташкили шабакаҳои худ дар саросари кишвар мебошад. Гап сари он аст, ки нашрияҳои маҳаллӣ, аз сабаби набудани захираҳои инсонӣ ва молиявӣ, наметавонанд ҳамеша ба минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ сафар кунанд, то дар бораи руйдодҳои он нақл кунанд. Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ кӯшиш мекунанд, ки ин масъаларо ҳал кунанд.
– Ман бо дархостҳо муддати тӯлонӣ кор кардам, дар натиҷа аз 155 дархост тавонистам 50-торо интихоб намоям, сипас тасмим гирифтем, ки марҳилаи дуввуми интихобро гузаронем: мо супориш додем, ки се мавзӯъ фикр кунанд ва шарҳ диҳанд, ки чаро онҳо барои редаксия метавонанд ҷолиб бошанд. Ва боз талош барои ишғоли ҷой сар шуд. Боз аз нав онҳоро омухта, базӯр 20 нафарро интихоб кардам,ҳол он ки барои лоиҳа танҳо чаҳор нафар лозим аст. Аммо баъд мо бо муҳаррир сӯҳбат кардем ва қарор додем, ки кадрҳоро пароканда накунем, агар одамон ба худашон бовар кунанд, агар онҳо муваффақ шаванд, мо метавонем бо онҳо кор кунем ва бигузор на дар доираи ин лоиҳа. Мо тасмим гирифтем, ки (аз ин 20 нафар) чанд нафарро дар лоиҳа фаро гирифта, бо боқимонда худамон кор кунем: барои онҳо вебинарҳо гузаронем ва баъзе супоришҳо диҳем, -мегӯяд Маҳпора.
Бояд гуфт, ки дар лоиҳаи «Журналистони шаҳрвандӣ» низ вебинарҳо мавҷуданд: онҳо аз ҷониби коршиносони Қазоқистон гузаронида мешаванд, Дар маҷмӯъ алакай се мулоқоти онлайнӣ бахшида ба ахлоқи журналистӣ, ҷустуҷӯи мавзӯъҳо ва мусоҳибаҳо баргузор шудаанд. Ба ғайр аз кураторони маҳаллӣ, бо рӯзноманигорони шаҳрвандии Тоҷикистон ва Қазоқистон – менеҷери минтақавӣ Дмитрий Ким- сардабири NewTimes.kz аз Нур Султон кор мекунад. Дар мессенҷери WhatsApp гурӯҳи махсус таъсис дода шудааст, ки дар он Дмитрий ҳоло бо даҳ дастаи Қазоқистон ва Тоҷикистон вохӯриҳои виртуалӣ баргузор мекунад: рӯзноманигорони шаҳрвандӣ мавзӯъҳо пешниҳод мекунанд, кураторон ба онҳо тавсия медиҳанд, ки дар нашрияҳояшон чӣ гуна мавзуъҳоро беҳтар нақл кунанд.
Лоиҳаи “Журналистони шаҳрвандӣ” панҷ моҳ давом мекунад. Дар ин муддат, кураторон ба кормандони нав малакаҳои асосии рӯзноманигориро меомӯзонанд ва якҷоя барои нашрияҳои худ маводи муфид омода мекунанд. Иштирокчиёни лоиҳа аз ҳамоҳангсози шабакаи рӯзноманигорони шаҳрвандӣ кумаки молиявӣ, грант барои пардохти ҳаққи муаллифии иштирокчиёни шабака дар марҳилаи аввал ва инчунин роҳнамоии фосилавӣ барои ҳамоҳангсозони шабакаҳои таъсисдодашуда мегиранд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.