Ардашери Пайванд, мустанадсоз ва журналисти тоҷик дар бораи хонаводае, ки чанд насли он афроди дар дарёи Панҷ ғарқшударо ба хок месупорад, нақл мекунад. Ин достон ба як филми мустанади бистдақиқагии «Байни обу замин» табдил шудааст. Коргардон дар бораи таҳия шудани ин филм ва ҳамчунин роҷеъ ба мушкилоте, ки филмсозон дар Тоҷикистон бо он дучор мешаванд нақл мекунад.
Достони хонаводае, ки дар соҳили дарёи Панҷ зиндагӣ карда, ҷасадҳои одамонеро, ки рудхона ба соҳил мебарорад, дафн мекунад, Ардашер аз дӯстонаш шунид. Падари ин хонавода Латиф Бухорӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин воқеъ дар ҷануби кишвар зиндагӣ мекард.
Вай, ки иштирокчии ҷанги дуюми ҷаҳонӣ буда тамоми даҳшатҳои онро пушти сар кардааст, дар деҳаи худ шахси соҳибэҳтиром буд, зеро нисбати афроди ғарқшуда, ки дарёи Панҷ ҷасади онҳоро ба соҳил мебаровард бетафовут намемонд ва онҳоро дар қабристони маҳаллӣ ба хок месупорид. Чунин ҳолатҳо зиёд буданд. Ин достон Ардашерро таҳти таъсир қарор дод ва ӯ ба фикри сохтани якк филми мустанад афтод.
Ба хотири дарёфти дастгирӣ, коргардон барои иштирок дар озмуни грантии «Формати хурд» барои истеҳсоли маводи ватанӣ, ки аз ҷониби Интернюс дар Тоҷикистон тирамоҳи соли 2022 эълон шуда буд, дархост дода, дар қатори ғолибон қарор гирифт.
Аммо мутаассифона то он вақт Латифи Бухорӣ дигар дар қайди зиндагӣ набуд.
«Ва мо ҳамроҳи гурӯҳи наворбардорӣ ба хонаи оилаи Бухорӣ рафтем. Гуфтем, ки мо мехоҳем хотираи шахсияти барҷастаеро, ки садҳо нафарро ба хок супурдааст, абадӣ гардонем. Қабристони Бухорӣ ягона оромгоҳ дар тамоми ноҳия аст ва тули ин ҳама вақт дар он ҷо беш аз 500 нафар дафн шуданд», – мегӯяд Ардашер.
Қабл аз наворбардорӣ Ардашер чанд рӯз бо аҳли оилаи Бухорӣ суҳбат кард, худи наворбардорӣ бошад дар як ҳафта анҷом ёфт ва ҷараёни истеҳсолот ним солро дар бар гирифт.
Ардашер боварӣ дорад, ки қаҳрамонҳо дар миёни мо зиндагӣ мекунанд, онҳо одамони оддӣ ҳастанд, ки бо муносибати устуворашон ба зиндагӣ ба мо илҳом мебахшанд.
«Мо ба онҳо аҳамият намедиҳем. Боре аз назди политехникум мегузаштаму писарбачаеро дидам, ки дар тан либоси мактабиву дар даст китоби адабиёт дошт ва дар наздаш рӯйи замин қуттии ширинӣ буд, ки онро 1 сомонӣ мефурӯхт. Бо ҳам суҳбат кардем. Маълум шуд, ки модараш фаррош кор мекунад. Барои кумак ба модар ӯ то зуҳр ширинӣ мефурӯхт, баъд ба мактаб мерафт ва пас аз он то соати нӯҳи бегоҳ боз ба савдо бармегашт ва шабона бо модараш ба хона бармегашт. Ин қисса маро мутаассир кард. Ин намунае аз виҷдон, номус ва иззат аст», – мегӯяд коргардон.
Чӣ гуна метавон филмҳоро дар Тоҷикистон таблиғ кард?
Яке аз мушкилоти умдае, ки филмсозони Тоҷикистон бо он рӯбарӯ мешаванд маблағгузорӣ ва буҷаи маҳдуд аст. Манбаи асосии маблаггузории киностудияҳо давлат мебошад. Аммо маблағи ҷудошуда кифоят намекунад ва аз ҳамин сабаб дар республика соле 15—20 филм истеҳсол мешавад, ҳол он ки дар Ӯзбекистони ҳамсоя ин рақам аз сад зиёд аст. Чунин вазъ на танҳо ба миқдори филмҳои баровардашуда, балки ба тарғиби онҳо ҳам таъсир мерасонад. Дар дохили Тоҷикистон филмҳоро метавон тавассути телевизион ва ё кинотеатр таблиғ кард. Масалан, филми тоҷикии «Умри дубора» дар шабакаи давлатӣ се маротиба намоиш дода шуд, ки воқеан, ҳолати хеле нодир аст. Маъмулан, шабакаҳои телевизионӣ дар сурате омодаанд филмеро таблиғ кунанд, ки ба он сармоягузорӣ кардаанд ва бо ҷалби тамошобин аз ҳисоби таблиғоти тиҷоратӣ маблағи сарфшударо дарбиёранд.
Усули дигари тарғиби филмҳо — истифодаи кинотеатрҳост, ки теъдодашон дар кишвар низ кам ҳаст ва на ҳамаи онҳо таъмиру таҷҳизоти хуб доранд. Албатта истеҳсолкунандагони мустақил метавонанд бо кинотеатрҳо гуфтушунид анҷом дода, филмҳои худро дар экранҳои калон намоиш диҳанд. Аммо, мутаассифона, ин кори арзон нест.
Ардашер Пайванд дар ин роҳ таҷрибаи шахсӣ дорад:
«Вақте ки мо истеҳсоли филми «Зани рӯин»-ро ба итмом расонидем, хостем нахустнамоиши филмро дар кинотеатр гузаронем. Сарпарасте ҳам ёфтам, ки омода буд пули иҷораи кинотеатрро пардохт кунад. Иҷораи кинотеатри «Наврӯз» бо ғунҷоиши 200 нафар барои 2 соат 8000 сомониро ташкил медод. Соҳиби кинотеатр розӣ шуд, ки нархро то 5500 сомонӣ поён биорад. Аммо маълум шуд, ки барои намоиши филм онро бояд сабти ном карда, аз Тоҷикфилм иҷозати намоиш гирифтан лозим аст”, – ба ёд меорад Ардашер.
Дар «Тоҷикфилм» як шуъбаи махсус бо шӯрои бадеӣ мавҷуд аст, ки аз ҷумла, мутобиқати филмҳоро ба идеологияи миллӣ месанҷад. Аз рӯи натиҷаи санҷиш шӯрои бадеӣ хулоса мебарорад. Агар филм дар натиҷа тасдиқ шавад, пас шумо метавонед барои намоиши он дар кинотеатрҳо ҳаққи иҷозатномаро пардохт кунед, ки арзишаш 3200 сомонӣ аст. Бо дарназардошти он, ки дар Тоҷикистон филмҳо ба маблағи ночиз ба навор гирифта мешаванд, муҷаввиз ва иҷораи толори синамо барои таҳиягарони филм ба як таҷаммули дастнорас табдил мешавад.
Ба ин далел, Ардашер аз филмофарон даъват мекунад, ки танҳо ба пуштибонии давлат умед набанданд. “Манбаъҳои гуногуни маблағгузориро ҷустуҷӯ кардан лозим аст. Дар Тоҷикистон танҳо бо ин роҳ метавонад кинематография ривоҷ ёбад”, – қайд мекунад коргардон.
Филми «Байни замину об» то ҳол дар кинотеатрҳо ба намоиш набаромадааст. Худи муаллиф ба ин ақида аст, ки филмҳои мустанади кӯтоҳмуддат дар экрани калони Тоҷикистон таваҷҷуҳи кам ҷалб мекунанд, аммо Ардашер нақшаи дар ояндаи наздик сохтани филм дар жанрҳои маъруфтарро надорад.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.