Хонаи саводи расонаии шаҳри Душанбе сеюмин дар Тоҷикистон : ду Хонаи расонаӣ алакай дар Хоруғ ва Хуҷанд фаъолият мекунанд. Дар ин платформаҳо масъалаҳои саводи расонаӣ ва рақамӣ баррасӣ мешаванд, мухотабон роҳҳои тафтиши иттилоотро меомӯзанд, тафаккури интиқодии худро инкишоф медиҳанд ва бисёр чизҳои дигар.
Кори Хонаи саводи расонаӣ дар Душанбе аз вохӯрӣ бо коршиносони маъруф, рӯзноманигорон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои тахассусӣ оғоз шуд. Созмондиҳандагони ин лоиҳа бо дастгирии Internews дар Тоҷикистон Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон шуд. Ин созмон дар озмуни грантӣ барои таъсиси Хонаи саводи расонаӣ дар Тоҷикистон ғолиб омад, ки Internews моҳи январи соли ҷорӣ эълон карда буд.
Наргис Қосимова, раҳбари Эътилоф мегӯяд: “Хонаи нави саводи расонаии мо як минбарест, ки дар он мо масъалаҳои марбут ба рушди расона ва саводнокии рақамӣ дар кишварамонро баррасӣ хоҳем кард.” – Мо ягон бинои мушаххасро ба иҷора намегирем, дар ҷойҳои гуногуни машҳури шаҳр чорабиниҳо, вохӯриҳо мегузаронем. Ҳар як чунин чорабинӣ барои мухотабони мушаххас тарҳрезӣ мешавад: рӯзноманигорон, блогерҳо, донишҷӯён ва мо инчунин нақша дорем, ки насли калонсолро ҷалб кунем.
Ҳангоми вохӯрии нахустин дар чаҳорчӯби ин лоиҳа дар Бизнес-инкубатори пойтахт ширкаткунандагон дар бораи зарурати рушди саводи расонаӣ барои тамоми категорияҳои аҳолии Тоҷикистон – бахусус кӯдакону ҷавонон ҳарф заданд. Мутаассифона, дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ саводнокии расонаӣ ва рақамӣ танҳо ҳамчун фанни иловагӣ пешниҳод шудааст.
– Муҳим аст, ки сухан гуфтан дар бораи саводи расонаӣ аз кӯдакӣ оғоз шавад, фарзандони мо – native digital – онҳо аз кӯдакӣ аз смартфонҳо истифода мекунанд ва бояд иттилоотро дарк кунанд. Мо ку ба дасти кӯдак корд намедиҳем, иттилоот низ як абзори хатарнок аст, танҳо он ба таври дигар мебурад”, – мегӯяд Мавзуна Абдраҳмонова, ҳамоҳангсози барномаи “Дастрасӣ ба иттилоот ва расона” аз Институти “Ҷамъияти кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон.
Ба ҷуз аз шунавандагони ҷавон, созмондиҳандагон умедворанд, ки кори онҳо диққати мухотабони калонсол, пеш аз ҳама журналистонро ҷалб хоҳад кард. Барои расонаҳо Хонаи саводи расонаӣ баргузор намудани вохӯриҳои мавзӯиро ба нақша гирифтааст.
Рухшона Наҷмиддинова, директори кишварии Интернюс дар Тоҷикистон зимни ифтитоҳи Хонаи саводнокии расонаӣ гуфт: «Бисёр муҳим аст, ки рӯзноманигорон ва расонаҳои хабарӣ тарзи пешниҳоди иттилоотро донанд, аммо аз сӯи дигар, мухотабон низ бояд саводи расонаӣ дошта бошанд. – Дар саросари Тоҷикистон зиёда аз ҳазор нафар аз тренингҳои мо доир ба саводи расонаӣ гузаштаанд. Умедворем, ки Хонаи саводи расонаии Душанбе имкони ба роҳ мондани муколамаи байни наслҳоро фароҳам карда, барои дарки иттилооти гирифтаамон кумак мекунад.
Лоиҳаи Хонаи саводи расонаии шаҳри Душанбе ҳоло барои панҷ моҳ пешбинӣ шудааст. Дар ин муддат Эътилоф дар ҳар моҳ дар ҷойҳои серодамтарини пойтахт ду чорабинӣ ташкил мекунад.
— Масалан, дар охири моҳи июн намоиши филм ва вохурӣ бо режиссёри филми «Бочкаи борут дар марз. Тоҷикҳову қирғизҳо чӣ гуна якҷо зиндагӣ кунанд” Маҳпора Киромова ба нақша гирифта шудааст. Мо ба донишҷӯёни соҳавии донишгоҳҳо дар бораи ин филм нақл мекунем, онро муҳокима мекунем ва дар бораи принсипҳои журналистӣ гап мезанем. Мо умедворем, ки дар моҳи июл як чорабинӣ барои калонсолон баргузор карда, ба онҳо дар бораи фейкҳо, тарзи тафтиш кардани иттилоот нақл кунем, – мегӯяд Наргис Қосимова.
Эълонҳо дар бораи ҳамаи чорабиниҳо дар саҳифаҳои Эътилоф ва платформаҳои Internews дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда мешаванд.
– Ман бисёр мехоҳам, ки Хонаи саводи расонаӣ дар Душанбе макони гирдиҳамоии коршиносон ва ҳамаи хоҳишмандон барои дарёфти донишҳои нав, баҳсу табодули таҷриба гардад. Мо санҷиши иттилоот, баҳодиҳӣ ба дақиқият ва эътимоднокии хабарҳо ва инкишоф додани тафаккури интиқодиро хоҳем омӯхт. Мо дар бораи забони душманӣ суҳбат мекунем, филмҳо ва рекламаҳоро тамошо карда кӯшиш менамоем дарк кунем, ки онҳо ба мо чӣ гуна таъсир мерасонанд, – мегӯяд Александра Каримова, ҳамоҳангсози компоненти саводи расонаии Internews дар Тоҷикистон.
Зимнан, Хонаи саводи расонаӣ дар Душанбе сеюм дар Тоҷикистон гардид. Ду Хонаи аввал дар Хоруғ ва Хуҷанд фаъолият мекунанд. Лоиҳа баҳори соли гузашта оғоз шуда, дар панҷ моҳ шарикон барои беш аз ҳазор ширкаткунанда 45 чорабинӣ баргузор карданд. Хонаҳои саводи расонаӣ ба марказҳои маҳаллии коршиносон табдил ёфтаанд, ки ба ҷалби ҷомеа ба муҳити саводи расонаиву иттилоотӣ ва рақамӣ мутамарказ шудаанд. Аз моҳи июн кори лоиҳа дар Хуҷанд ва Хоруғ идома хоҳад ёфт. Дар хонаҳо дар мавзуъҳои марбут ба саводи расонаӣ тренингҳо, мастер-классҳо ва муҳокимаҳо баргузор мешаванд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.