9 июн дар шаҳри Алмаато якумин Конфронси байналмилалӣ доир ба саводнокии расонаӣ оғоз шуд. Дар чорабинии дурӯзаи офлайнӣ 60 коршиноси саводи расонаӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва берун аз он барои пешбурди саводнокии расонаӣ ва иттилоотӣ дар минтақа иштирок карданд.
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон – лоиҳаҳои зиёди инноватсионӣ ҷиҳати дастгирии паҳншавии саводнокии расонаӣ ва иттилоотӣ: бозиҳои рӯимизӣ ва мобилӣ, намоишҳои театрӣ, комиксҳо ва ғайра амалӣ мешаванд. Аммо аксарияти зиёди ин ташаббусҳо аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ татбиқ мешаванд. Кишварҳои минтақа метавонанд аз стратегияҳои миллии рушди саводнокии расонаӣ фоида касб кунанд, ки тамоми ҷонибҳои манфиатдорро дар бар мегиранд. Ҳадафи конфронс таҳияи заминаи консептуалӣ ва тавсияҳо барои таҳияи чунин стратегияҳо дар асоси таҷрибаи маҳаллӣ ва байналмилалӣ мебошад.
Марат Бигалиев, роҳбари намояндагии Internews дар Осиёи Марказӣ ва роҳбари барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ дар конфронс сухани ифтитоҳӣ кард. Ӯ эълон намуд, ки дар конфронс намояндагони идораҳои давлатӣ ва вазоратҳои кишварҳои минтақа вобаста ба маориф ширкат мекунанд.
— Ҳар сол мо бештару бештар боварӣ ҳосил мекунем, ки маҳоратҳои саводи расонаӣ дар даврони иттилоотие, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, аҳамияти ҳаётӣ дорад. Мо ҳанӯз корҳои бисёреро дар пеш дорем. Агар ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҳукумат фаъолияти ҳамдигарро дастгирӣ кунанд, мо зудтар пеш меравем. Мо умедворем, ки Конфронси байналмилалии MediaCAMP вобаста ба саводнокии расонаӣ барои ҳамкориҳои оянда замина мегузорад. Чорабинии имрӯзаи мо ғайриоддӣ аст. Ин платформаест, ки мо бо мақсади ба ҳам овардани коршиносон ва суҳбат дар бораи вазъи рушди саводнокӣ дар соҳаи расона ва иттилоот дар кишварҳои худ, мубодилаи комёбиҳо, қайд кардани мушкилот ва дурнамо ба нақша гирифтаем», – гуфт Марат Бигалиев.
—«Саводи расонаӣ – ин идеология ё сиёсат нест. Ин қобилияти рамзкушоӣ кардани паёмҳо ва таҳлили интиқодии иттилоот аст. Тафаккури интиқодӣ – яке аз маҳоратҳои калидии ҳаётист, ки онро ҳамаи шаҳрвандон, хурду калон бояд ҳамчун иштироккунандагони фаъоли ҷомеаи демократӣ аз худ кунанд. Ин ба таҳкими субот мусоидат мекунад ва кумак менамояд, ки аз қутбгароии иҷтимоӣ пешгирӣ шавад. Он ҳамчунин барои ҳамкории шаҳрвандон бо ҳукумат, ба хусус талаб кардани шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ роҳро боз мекунад” – гуфт Лоренс Ҳардӣ II, директори намояндагии минтақавии USAID дар Осиёи Марказӣ.
Барои таъкид кардани аҳамияти саводнокии расонаӣ дар замони мо, беҳтар аст аз як ҳолати танзомез оғоз кунам. Ман гоҳ-гоҳе ба духтарчаам дар бораи модар ва бибиам қиссаҳо мегӯям. Ҳамин гуна, рӯзе ӯ аз ман шунид, ки вақте модаркалон хурдсол буд, дар он замонҳо барқ набуд, аз ман пурсид: “Пас, онҳо ҳатто планшети худро қувват дода наметавонистанд?” Кӯдакони муосир ҷаҳонеро тасаввур карда наметавонанд, ки дар он ин гаҷетҳо ва ҳама ашёи технологӣ, ки тавассути онҳо мо ҷараёни зиёди иттилоотро ба даст меорем, қаблан вуҷуд надоштанд. Он ҷараёни иттилоотие, ки имрӯз кӯдакон бо он рӯбарӯ мешаванд, дар кӯдакии мо вуҷуд надошт. Саводи расонаӣ имрӯз танҳо як калимаи хушоянди рӯз нест, барои ман он ба саводнокии умумии аҳолӣ баробар аст. Одамон бояд босаводу бомаърифат бошанд — ин далел аз шубҳа орист. Замоне хондану навиштан як имтиёзи табақаи боло буд. Ҷомеа ҳар қадар босавод бошад, ҳамон қадар беҳтар аст” – гуфт Рухшона Наҷмиддинова, директори Internews дар Тоҷикистон.
Иштироккунандагони конфронс ҳамчунин тамоюлҳо дар пешбурди саводнокии расонаӣ, аз қабили рӯйкарди байнисоҳавӣ, геймфикатсия, технологияҳои мобилӣ ва ҷалби санъати перформативиро баррасӣ хоҳанд кард. Боз як мавзӯи дигари муҳими конфронс устувории ҷомеа дар баробари маълумоти бардурӯғ дар замони бӯҳронӣ аст. Якчанд машғулият ба мушкилоти мушаххасе, ки Осиёи Марказӣ дар ин замина рӯбарӯ аст ва роҳҳои ҳалли онҳо бахшида мешаванд. Дар ин ҷо инчунин таҷрибаҳои беҳтарини Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигар бо таваҷҷуҳ ба рӯйкардҳои эҷодкорӣ намоиш дода мешавад. Ҳамин тариқ, дар доираи чорабинӣ нахустнамоиши филми мюзиклӣ дар бораи саводнокии расонаӣ аз ҷониби нависандаи ҷавон Аннас Багдат аз Қазоқистон, финалисти минтақавии MediaCAMP Эдьютона дар соли 2022 баргузор мешавад.
Ҳамаи шахсоне, ки ба саводнокии расонаӣ таваҷҷуҳ доранд, метавонанд дар ҷаласаҳои кушодае, ки 9 ва 10 июни соли 2022 дар канали YouTube-и Internews пахш мешаванд, иштирок кунанд. Мавзуъҳо стратегияи миллии пешбурди саводнокии расонаӣ дар Финландия, стандартҳои нави саводи расонаӣ ва чолишҳои минтақа дар робита бо маълумоти бардурӯғро дар бар мегиранд. Бо ҷадвали ҷаласаҳои кушода тариқи пайванди (ссылка) зерин шинос шудан мумкин аст. Бо сабти ҷаласаи якум дар ин ҷо шинос шудан мумкин аст.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.