Дӯстон, мо хушхабаре бароятон дорем! Имсол фестивали солонаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ ба таври ҳузурӣ (офлайн) баргузор мешавад! Рӯзҳои 8-10 октябрь мо дар Алмаато вомехӯрем. Мисли ҳамеша, шуморо мубоҳисаҳо ва мастер-классҳо барои рӯзноманигорон ва коршиносони расонаҳо ва албатта нетворкинг интизор мешаванд.
MediaCAMP Fest имсол ба чӣ бахшида мешавад?
Имсол тамаркузи мо бар тамоюли рӯзноманигорӣ барои посухгӯӣ ба дархости ҷомеа дар шароити буҳронӣ ва мусоидат ба коҳиш додани таблиғот (пропаганда) ва истиқрори сулҳ хоҳад буд.
Мо ҳамчунин даромадгириро (монетизатсияро) дар шароити коҳиши якбораи буҷетҳои реклама ва роҳҳои имконпазири муттаҳид кардани расонаҳо баррасӣ хоҳем кард. Ғайр аз ин, ба монанди солҳои қабл, мо як силсила мастер-классҳои муҳимро доир ба журналистикаи чандрасонаӣ, қонунгузорӣ дар соҳаи расона ва саводнокии расонаӣ баргузор хоҳем кард.
Вале вазифаи асосии фестивали имсола дастгирии журналистҳо хоҳад буд. Мо ҳамчунон боварӣ дорем, ки кори ВАО барои ҷомеа ниҳоят муҳим буда, он қодир аст, ки таъсири харобиовари ҷанги иттилоотиро коҳиш диҳад. Аз ин рӯ, қисми муҳими барномаи MediaCAMP Fest суханрониҳои илҳомбахши коршиносони расонаҳо ва ҳамкорони мо аз дигар соҳаҳои башардӯстона хоҳад буд, ки ба мо кӯмак мекунад, то ба оянда хушбин бошем.
Чӣ гуна дар фестивал иштирок кардан мумкин аст?
Сабти ном аллакай дар вебсайти фестивал кушода шудааст. Дарҳои MediaCAMP Fest ба рӯи ҳама боз аст! Иштирок ройгон аст, аммо харҷи роҳкиро ва иқоматро мо метавонем танҳо барои суханронҳо ва финалистҳои MediaCAMP Award пардохт намоем.
Илова бар ин, фестивалро ба таври онлайн дар вебсайти он – Mediafest.asia, дар саҳифаҳои мо дар Facebook ва каналҳои YouTube метавон тамошо кард.
Facebook|Internews дар Қазоқистон, Facebook|Internews дар Тоҷикистон
Youtube|Internews дар Қазоқистон , дар Тоҷикистон
Барои онҳое, ки дар бораи MediaCAMP Fest бори аввал мешунаванд
Ин як вохӯрии самимона аст, ки дар он мо метавонем дастовардҳо ва мушкилоти худро муҳокима кунем, таҷрибаи ҳамдигарро мубодила намоем ва дурнамоҳоро баррасӣ кунем. Internews аз соли 2019 инҷониб MediaCAMP Fest-ро баргузор мекунад. Дар вебсайти фестивал шумо метавонед барнома ва сабтҳои ҷаласаҳои солҳои гузаштаро бубинед.
MediaCAMP Award
Яке аз рӯйдодҳои асосии ҷашнвора даври ниҳоии (финали) озмуни журналистии MediaCAMP Award мебошад. Мо ин озмунро соли чорум аст, ки баргузор мекунем ва қабули корҳо моҳи июл ба охир расид. Дар номинатсияи “Вақти плани калон” мухотабон беҳтарин аксҳо, ороишҳо ва инфографикаро интихоб мекунанд. Имсол 42 кор ба овоздиҳии кушода гузошта шудааст. Овоздиҳӣ дар сайти фестивал оғоз гардидааст. Аз як IP-адрес барои ҳар як акс ё расм танҳо як маротиба овоз додан мумкин аст.
Коре, ки то 30 сентябри соли 2022 аз ҳама бештар овоз мегирад, кори беҳтарин шуморида ва муаллифи он ғолиб дониста мешавад. Дар ҷараёни овоздиҳӣ ҳисобаш намоиш дода намешавад, мо онро 10 октябр мекушоем ва ҳамон вақт барандаи ин номинатсия эълон мегардад ва ба ӯ ҷоиза супорида мешавад.
Навгонии имсола дар он аст, ки ба ғайр аз барандаи асосӣ дар ин категория боз мумкин аст як нафари дигар низ бошад. Барои ин, мо хоҳиш мекунем, ки ҳайати доварони MediaCAMP Award ҳам маводҳоро барои номинатсияи “Вақти плани калон” аз назар гузаронанд – бо салоҳдиди онҳо мумкин аст ҷоизаи махсус эҳдо шавад.
То боздид дар фестивал!
Чорабинии мазкур бо кӯмаки молии мардуми Амрико, Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ва дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews амалӣ мегардад, гузаронида шудааст. Internews барои муҳтавои ин мавод масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА-ро инъикос намояд.