Телевизиони рақамӣ ин интиқоли сигналҳои телевизионӣ дар қолаби рақамӣ аст. Пахши рақамӣ нисбат ба пахши анъанавии аналогӣ бартариҳо дорад, масалан сифати беҳтаршудаи тасвир ва садо. Роҷеъ ба зарурати гузаштан ба телевизиони рақамӣ дар Тоҷикистон беш аз 15 сол боз сухан меронанд, аммо ин масъала ҳамчунон мубрам боқӣ мемонад. Дар кишвар қонунгузории номуносиб, нархи баланди таҷҳизот ва иҷораи вақти эфир вуҷуд дорад. Ҳамаи ин ба гузариши густурдаи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ба пахши рақамӣ монеъ эҷод мекунад.
Коршиносон дар як нишасти мавзӯӣ, ки ОИ «Азия-Плюс» бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон доир намуд, дар бораи роҳҳои ҳал намудани ин масъала ва чаро ин мавзуъ барои тамоми ҷумҳурӣ аҳамияти хоса пайдо кардааст, баҳс карданд.
Ҳабдаҳ сол пеш, дар моҳи июни соли 2000 Тоҷикистон ба Созишномаи минтақавии “Женева-2006“, ки аз ҷониби Иттиҳоди байналмилалии мухобирот таҳия шудааст, ҳамроҳ шуд. Дар чаҳорчӯби ин созишнома нақшаи минтақавии пахши рақамӣ қабул шуда буд, ки тибқи он дар соли 2015 кишвари мо бояд гузариш ба пахши рақамиро анҷом медод.
Наздик ба муҳлати муқарраргашта маълум шуд, ки гузариш ба пахши рақамӣ дар вақти ба нақшагирифта сурат гирифта наметавонад. Ширкати «Телерадиоком»-и назди Кумитаи телевизион ва радио минтақаи кӯҳистонӣ, камбуди маблағ ва таҷҳизотро баҳона оварда, иҷрои нақшаи пахши рақамиро то соли 2020 ба таъхир гузоштааст.
Қонунгузории бесамар
Ба навсозии хадамоти пахш нигоҳ накарда, шабакаҳои телевизионӣ барои гузаштан ба пахши рақамӣ шитоб намекунанд. Дар нишасти мавзӯӣ коршиносон роҷеъ ба чизҳое, ки монеи гузариш ба телевизиони рақамӣ дар Тоҷикистон мегарданд ва гунаҳои сурат бахшидани ин раванд суҳбат карданд.
Ба эътиқоди коршиносон, тайи 20 соли ахир қонуни Тоҷикистон “Дар бораи муҷаввиз барои баъзе аз навъҳои фаъолият” яке аз монеаҳои аслӣ на танҳо барои шабакаҳои телевизионӣ, балки дар маҷмуъ барои рушди расонаҳо мебошад. Дар соли 2021 созишнома дар бораи тамдиди иҷозатнома барои пахши барномаҳо боз ҳам сахттар шуд: редаксияҳо муваззаф шуданд, ки тамоми маводҳои худро бо забонҳои хориҷӣ бо роҳбарияти Ширкати давлатии телевизион ва радиошунавонӣ мувофиқа созанд ва «сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоотро» риоят кунанд. Илова бар ин, телевизионҳои мустақил муваззаф шуданд, ки бо дархости аввал маводҳои расонаҳои давлатиро пахш кунанд ва ба Кумита 1%-и даромади солонаашонро бидиҳад.
Ҳукумат бар ин назар аст, ки ин қонун барои таъмини амният дар кишвар ва беҳбуди сифати кори шабакаҳои телевизион ва родиюҳои ғайридавлатӣ зарур аст, дар ҳоле ки ҳуқуқшиносон муътақиданд, ки муҷаввиз ба тавлиди муҳтаво зиён мерасонд, вале дар таъмини амният ҳеҷ нақше намебозад.
Ражет Ятимов, ҳуқуқшиноси созмони ҷамъиятии «Хома», ки ба рушди касбии расонаҳои Тоҷикистон мусоидат мекунад, мегӯяд, ки қисман ба далели қонуни муҷаввиз, теъдоди тавлидкунандагони муҳтавои телевизионӣ афзоиш намеёбад.
Масъулият барои паҳн кардани муҳтавои ифротгароӣ дар Кодекси ҷиноӣ зикр шудааст, аз ин рӯ зарурати қабули қонуни алоҳида дар бораи иҷозатнома вуҷуд надорад. Он ба ҳеҷ ваҷҳ ба амният таъсир намерасонад. Одамоне, ки матолиби ифротӣ эҷод мекунанд, дар хориҷи кишвар ин корро мекунанд, на дар Тоҷикистон. Зеро дар назди қонуни мо танҳо онҳое, ки дар дохили кишвар ҳастанд, ҷавобгаранд… Аз ҷумла ба далели чунин монеаҳо дар Тоҷикистон ҳамагӣ 12 истеҳсолкунандаи маводи аудиовизуалӣ кор мекунанд. Дар 10 соли охир ин рақам афзоиш наёфтааст”, – мегӯяд ӯ.
Вуҷуди қонун дар бораи иҷозатномадиҳӣ, инчунин хилофи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 мебошад, ки дар он омадааст, ки “имрӯз маҳдудиятҳо дар дастрасии фарохмавҷро ва мушкили дарёфти иҷозатнома барои истеҳсоли мундариҷаи аудио-видео ба рушди соҳа монеъ мешавад”.
Мушкилоти молиявӣ
Телевизиони Регар яке аз камтарин расонаест, ки ба пахши рақамӣ рӯ овардааст. Мудири он Ҳабибулло Мақбулов аз таҷрибаи худ нақл карда, қайд мекунад, ки дар Тоҷикистон мутахассисоне, ки нозукиҳои телевизиони рақамиро дарк мекунанд, каманд ва расонаҳо маҷбур мешаванд, ки барои иҷораи басомадҳои рақамӣ аксар вақт маблағи гарон пардозанд.
– Мо бо душвориҳои зиёд рӯбарӯ шудем. Он вақт мутахассис набуд, муайян кардан лозим буд, ки мо сигналро аз стансия ба мултиплекс (як гурӯҳи шабакаҳои телевизионҳои рақамӣ, ки тавассути як басомади радиоӣ пахш мешаванд – ёддошт. муалл) чӣ гуна мефиристем. Барои гузаштан ба телевизиони рақамӣ ва пахши барномаҳо дар формати HD дар шаҳри Турсунзода ва гирду атрофи минтақаи 100-километрӣ мо беш аз 10 ҳазор доллар сарф кардем, мегӯяд Макбулов.
Ӯ қайд мекунад, ки бо ин хароҷот тамом намешавад, барои ҳар як соати вақти эфир, вобаста аз қувваи сигнали ирсолшуда бояд аз 16 то 40 сомонӣ (аз 1,5 то 3,7 доллар) пардохт шавад. Телевизиони «Регар» барои 7 соат пахши як рӯза дар як моҳ 4350 сомонӣ (398 доллар) пардохт мекунад. На ҳама расонаҳои мустақил метавонанд чунин хароҷотро пӯшонанд.
Дар мавриди сифати пахш, коршиносони ҷаласаи мавзӯӣ тавсия медиҳанд, ки ба фановариҳои муосиртаре, ки имкони пахши тасвирро дар форматҳои 4K, 8K ва 16K фароҳам меоранд, ҷустуҷӯ кунанд, зеро вузуҳи HD рӯз ба рӯз босуръат кӯҳна мешавад.
Барои дарки он, ки ба кадом формат бояд гузашт, менеҷеронро зарур аст, на танҳо ҷанбаҳои фанниро дар назар бигиранд, балки дар бораи даромади мавриди назари ширкат барои 2–3 соли оянда низ фикр кунанд. Ин ҳамчунин баланд бардоштани сифати маҳсулоти расонаиро талаб мекунад – агар муҳтаво қобили фурӯш набошад, пас сарф кардани пул барои таҷҳизоти гаронбаҳо мантиқӣ нест.
Ҳимояи ҳуқуқӣ дар ВАО
Гирифтани муҷаввиз мушкилтарин марҳилае дар таъсиси як шабакаи телевизионии мустақил дар Тоҷикистон мебошад. Додани муҷаввиз барои пахши телевизион аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радио иҷро мегардад ва иҷоза барои пайвастан ба басомадҳо аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди президенти Тоҷикистон дода мешавад. Дар байни иштирокчиёни ҷаласаи мавзӯӣ савол ба вуҷуд омад, ки чаро Хадамоти алоқа барои истифодаи басомадҳо ба мӯҳлати панҷ сол иҷозат медоду имрӯз ҳамагӣ як сол?
Ранжет Ятимов мегӯяд, ин амал ғайриқонунӣ аст ва аз рӯи қарори Хадамоти алоқа бояд ба додгоҳ шикоят кард. Аммо ҳеҷ яке аз ширкаткунандагони бозори расонаҳо аз тарси комилан аз даст додани муҷаввизи пахши телевизион ин корро намекунад.
– Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ бояд ба мӯҳлати на камтар аз панҷ сол иҷозатнома диҳад. Иҷозати Хадамоти алоқа бояд ба мӯҳлати ин муҷаввиз баробар бошад, аммо ҳолатҳое бештар мушоҳида мешаванд, ки Хадамоти алоқа чунин иҷозатро барои се сол ва ҳатто як сол медиҳад, мегӯяд Ятимов.
Ранҷет Ятимов қайд мекунад, ки қарор дар бораи додани муҷаввиз барои анҷоми фаъолият бояд дар давоми 30 рӯз содир шавад. Аммо ба ӯ нафароне муроҷиат карданд, ки якуним сол иҷозатномаро мунтазир шуданд. Ин ҳам вайрон кардани қонун аст.
Абдумалик Қодиров, дабири кулли Медиа Алянси Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки барои ҳалли мушкилоте, ки коргарони телевизионҳо рӯбарӯ ҳастанд, бояд пуштибонии ҳуқуқиро барои ворид кардани тағйирот дар қонунгузорӣ фаъолтар кард.
–Шумо замоне Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва пахшкунандагонро таъсис дода будед, ки ҳуқуқҳоро дар чунин муноқишаҳо бо танзимкунанда ҳифз намоед. Шумо бояд ба он ҷо муроҷиат кунеду бо талоши муштарак масъаларо ҳал намоед. Илова бар ин, ҷонибҳои манфиатдор бояд ба таблиғи тағйирот дар қонун машғул шаванд ва ҳолатҳои нақзи ҳуқуқро дар расонаҳои маъруф инъикос намоянд, гуфт ӯ.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.