Чӣ гуна дар Тоҷикистон достонҳое дар бораи занони танҳо ба навор бардошта шуд, ки миллионҳо боздидро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷамъоварӣ карданд

Дар тули як сол гурӯҳи муаллифони ҷавони Your.tj машғули ҷамъоварии достонҳои занони танҳое буданд, ки ҳамарӯза бо мушкилоти молӣ ва равонӣ рӯбарӯ мешаванд. Муаллифон интизор доштанд, ки таваҷҷуҳи мақомотро ба ин мушкили доғи иҷтимоӣ ҷалб кунанд, аммо ба ҷойи он ба муттаҳидшавии ҷомеа даст ёфтанд: мардум барои қаҳрамонони лоиҳа кумаки хайрия ҷамъоварӣ карданд.

Иҷрои лоиҳаи «Танҳо» -ро дастаи Your.tj соли 2022 дар доираи озмуни грантии Internews «Формати калон» оғоз кард. Редаксия 24 навор аз манотиқи Тоҷикистон мунташир кард, ки бо вуҷуди суст будани суръати интернет ва тарси қаҳрамонон аз суҳбат дар муқобили камера, миллионҳо боздидкунанда дошт. То анҷоми лоиҳа маълум шуд, ки қаҳрамонҳо ҳанӯз зиёданд ва Зебо Тоҷибоева, роҳбари расонаи Your.tj тасмим гирифт, ки лоиҳаи «Танҳо» -ро ба озмуни грантии «Формати хурд» -и Интернюс дар Тоҷикистон пешниҳод намояд ва дар ниҳоят ризоияти жюриро барои ба навор гирифтани 16 ҳикояи дигар ба даст овард.

Нахустин навори видеоӣ дар бораи усто Сайрамхон, ки бо таъмири чархи мошинҳо машғул аст, 12 апрели соли 2022 нашр шуд ва онро дар платформаҳои Youtube ва Facebook 24 ҳазор корбар тамошо кард. Дар ҳамин ҳол, Зебо Тоҷибоева мегӯяд, ки бархе аз маводҳо ба далоили мухталифи фаннӣ интишор нашуданд.

-Мушкили ҳамешагӣ бароямон ирсоли файлҳои вазнини видеоӣ буд. Баъзеҳо навори гирифтаашонро дар флэшдискҳо бо дасти дӯстонашон мефиристоданд. Тасаввур кунед, фиристодани як гигабайт видео аз минтақаҳо чӣ қадар гаронарзиш аст, мегӯяд Зебо.

Зимнан, тамоми достонҳои лоиҳаи «Танҳо» -ро рӯзноманигорони навкор, ки аз тренингҳои ташкилкардаи Your.tj гузаштаанд, ба навор гирифтаанд. Набудани таҷрибаи густурдаи наворбардорӣ ба шумораи видеоҳои нашршуда низ таъсир расонд.

-Аввал хеле душвор буд, — ба хотир меорад Зебо, — ба баъзе журналистон лозим меомад, маводро аз нав филмбардорӣ кунанд. Гуё ҳама ҷанбаҳоро дида баромада будем, аммо дар асл чунин мешуд, ки ба қадри кофӣ наворбардорӣ нашудааст, кадрҳо хеле кӯтоҳанд. Бо онҳое, ки наворбардориро омӯхта буданд, кор кардан осонтар буд, вале ҳамин ки дар тим як нафари нав пайдо мешуд, боз душвориҳо ба амал меомаданд.

Дар ибтидо наворгирии такрорӣ дар рӯзноманигорон зиёд буд. Баъзе муаллифон ҳатто аз ин кор даст кашида лоиҳаро тарк карданд. Илова бар ин, худи қаҳрамонҳо пас аз гирифтани наворҳои зарурӣ аз нашри достони худ дар интернет худдорӣ карданд.

-Лаҳзаҳои шикаст ҳам буданд, ки мо достони занеро наворбардорӣ мекардем ва баъд маълум мешуд, ки ӯ дар воқеият як қаллоб будааст», – ба ёд меорад Зебо. – Вай дар бораи худ ҳикояҳои фоҷиавие бофта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ хайрия ҷамъ мекард. Барои мо, ин дарси хуб шуд – дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ қаҳрамонон намеҷӯем.

Барои содда кардани раванди интихоби қаҳрамонон, дар редаксия тасмим гирифтанд, ки меъёрҳои қаҳрамонони мувофиқро муайян кунанд. Масалан, зан бояд муҷаррад бошад, талоқ дошта бошад; вазъи молиявии душвор дошта бошад. Чун қоида, инҳо заноне ҳастанд, ки хонаи шахсии худро надоранд.

-Баъд пайдо намудани қаҳрамонон осонтар шуд. Маълум шуд, ки мо метавонем минбаъд филмбардории ин қиссаҳоро идома диҳем, зеро зиндагии чанде аз қаҳрамонони мо тағйир кард, – мегӯяд Зебо.

Лоиҳаи «Танҳо» фарогирии чанд миллионаро ноил гашт. Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук танҳо як навор дар бораи зани маъюби 64-сола аз Кӯлоб, ки на сарпаноҳу на ҷои кори доимӣ дорад, 1 миллиону 300 ҳазор тамошобин пайдо кардааст. Барои ин мавод беш аз 12 ҳазор шарҳ навиштаанд ва дувуним ҳазор нафар онро мубодила кардаст.

Мухотабон дар шарҳҳо зери чунин наворҳо одатан бетафовут намемонанд, мепурсанд, ки чӣ гуна ба қаҳрамонон кӯмак расонанд, бо мақсади вохӯрии шахсӣ ва пешниҳоди кӯмаки молиявӣ ё дигар шумораи тамос бо онҳоро мепурсанд. Аммо кумаки муассир, ки муаллифон аз мақомоти маҳаллӣ ва кумитаҳои ҳифзи иҷтимоӣ интизор буданд, набуд.

Мушкили дигар ин буд, ки Your.tj натавонистааст дар дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ба чунин фарогирии васеъ ноил шавад. Масалан, дар Instagram наворҳо дар бораи занони муҷаррадро на бештар аз 50 ҳазор ва дар Youtube – на бештар аз 22 ҳазор нафар тамошо кардаанд. Дар редаксия қайд мекунанд, ки ин ба вижагиҳои аудиторияи ҳар як шабакаи иҷтимоӣ вобаста аст.

Масалан, дар Фейсбук мухотабони зан умдатан болиғ ҳастанд ва дар Ютуб мухотабон аксарият мард ҳастанд, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд. Инҳо одатан муҳоҷироне ҳастанд, ки наворҳои тафреҳии сабук ва наворҳои марбут ба мавзӯи муҳоҷиратро тамошо мекунанд. Аз ин рӯ, фарогирии органикии миллионӣ танҳо тавассути нашрияҳо дар Фейсбук ба даст омад.

Аммо баъдан нашри хабарӣ дар бораи худкушии як хонандаи мактаб боис шуд, ки саҳифаи Your.tj дар Фейсбук мамнуъ шуд. Аз он вақт инҷониб, фарогирии муҳтаво ба таври назаррас коҳиш ёфт.

Эътироз намудан ба чунин қарор ғайриимкон аст, ирсоли мактубҳо ба шабакаи иҷтимоӣ то ба ҳол касеро ба натиҷа нарасондааст. Редаксия маҷбур шуд, ки таблиғи пулакии нашрияҳои худро ба роҳ монад, то мухотабони мақсаднокро ба саҳифа баргардонанд.

-Ин барои расонаҳо як мушкили хеле бузург аст. Шабакаи иҷтимоӣ нашрияҳои зиёдеро мамнуъ мекунанд. Ва огоҳинома дар ин бора ба мудири саҳифа дарҳол намерасад, мегӯяд Зебо.

Ҳоло Your.tj дар ҳоли омӯзишу санҷидани усулҳои мухталифи гузаштан аз ин банҳо буда, ҳамзамон, машғули навсозии сомона мебошад. Пас аз анҷоми ин кори фаннӣ, редаксия ният дорад, ки ба саргузашти афроди қишри осебпазири аҳолӣ баргардад ва таваҷҷуҳи ҷомеаро ба мушкилоти онҳо ҷалб намояд.

Лоиҳаи мазкур дар чаҳорчӯби барномаи MediaCAMP Осиёи Марказӣ бо дастгирии Ожонси ИМА доир ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ мегардад. Лутфан, бештар дар бораи барномаи MediaCAMP Осиёи Марказӣ дар ин ҷо бихонед. Маълумоти бештар дар бораи созмон: Интернюс: дар ҷаҳон, Интернюс дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *