Маряна блогнависи рилссоз аз шаҳри Душанбе аст, ки дар самти баробарии гендерӣ саҳифаи худро дар Инстаграм пеш мебарад. Бо идеяи худ барои ширкат дар лагери панҷрӯзаи IdeaCAMP2023 роҳ ёфта ва яке аз чаҳор ғолибони ин лагер гардид. Идеяи Маряна, ки ҳангоми кор бо менторони лоиҳа пурратар карда шуд, дар бораи ҳафт зану духтаре нақл мекард, ки қолабшикании гендерӣ кардаанд ва дар ҷомеа чеҳраи назаррас доранд. Ин лоиҳаи Маряна дар шабакаҳои иҷтимоияш зиёда аз 300 000 тамошоро ба даст овард.
Фаъолияти Маряна ҳамчун мутахассиси SMM оғоз ёфтааст. Шарики вай дар ҷойи кораш як ҷавонмарде буд, ки кори баробар мекарданд, аммо маоши вай мард аз маоши Маряна баландтар буд. Ин ҳолат сабаб шуд, ки Маряна бори аввал дар бораи баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон андеша кунад.
– Мавзуъи нобаробарии гендерӣ дар ҷомеаи мо ҳамавақт маро дард медод. Қиссаҳо мешунидам, ки чигуна зану духтарон ба хушунат гирифтор мешаванд, ё он самти касбе, ки мехоҳанд кор кунанд, иҷозаташро надоштанд. Ва ё маошҳои гуногуни алоҳида барои як вазифа ба зану мард, – мегӯяд Маряна.
Лагери ҷавонони IdeaCamp2023 сабаб шуд, ки Марьяна натанҳо дар бораи нақши занон дар кишвар фикр карданро шуруъ кунад, балки мустақилона кореро оғоз кунад, ки дербоз дар фикраш буд. Дар ин лагери ҷавонон Маряна ғолиб гардид, аз мутахассисони муосири расонаӣ донистаниҳои заруриро омӯхт ва барои кушодани блоги худ дастгирии молиявӣ дарёфт. Албатта блог ба духтарон ва занони Тоҷикистон бахшида шуда буд. Баъди ин қиссаҳо мехост, ки дар ин мавзуъ муҳтаво созад ва ҷомеаро огоҳ кунад, ки ин гуна корҳо мешаванд ва бояд пешгирӣ кунем. Аммо тарсу ваҳм ва нобоварӣ намегузошт, ки корро шуруъ кунад.
–Модарам Зулфия Голубева, яке аз бонувони хабарнигори Тоҷикистон, ки дар ин самт ҳам матлабҳои журналистӣ омода мекард, бароям ангеза буд, ки ин самтро интихоб кунам. Аммо тарси худро идора карда наметавонистам. Чун мавзуъи ҳассос аст. Аз ин рӯ, ширкат дар лагери ҷавонони IdeaCAMP2023 сабаб шуд, ки ман пас аз гирифтани донишҳои зарурӣ аз мураббиёни лагер, менторон ва дӯстони ҳамфикр, ҷасуртар гардам ва муҳтавосозиро шуруъ кунам, – қайд кард, Маряна.
Лоиҳаи Маряна дар бораи ҳафт зану духтари тоҷик буд, ки қолабшиканӣ карда ва он касбу коре, ки барояшон писанд аст, машғуланд. Яке аз қаҳрамонҳои лоиҳаи Маряна – қисса дар бораи Ҳамида Қурбоналиева буд. Ҳамида Қурбоналиева Коллеҷи тиббии Кӯлобро дар ихтисоси тибби умумӣ хатм карда, ба Душанбе меояд. Чаҳор сол дар Маркази саломатӣ ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекунад. Аз соли 2022 то ба имрӯз ӯ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пизишки наҷотдиҳӣ фаъолият дорад. Ӯ ягона зан аст, ки дар миёни мардҳо танҳо кор мекунад.
Маряна Давлатова мегӯяд, ки ширкат дар лагери IdeaCAMP2023 дар зиндагии ӯ як варақи навро боз кард ва руҳбаландие овард, ки акнун ӯ кореро ки барояш писанд аст, иҷро мекунад. Ва ҳамзамон дар роҳи дуруст аст.
– Як рӯз дар нақлиёти оммавӣ мерафтам ва ду духтарак ҳам дар он ҷо нишаста буданд. Онҳо маро дида, тарафам омада сипос гуфтанд, ки муҳтавои муҳим омода мекунам ва боз ҳам қиссаҳои худро, ки чи гуна бо ҳолатҳои нобаробарии гендерӣ дучор омадаанд, ба ман нақл карданд. Ман хеле хушҳолам, ки садои бисёр касоне шудаам, ки худашон наметавонанд бигӯянд, – мегӯяд Маряна Давлатова.
Дастгирии молиявии лоиҳа ба поён расид. Вақте лоиҳа шуруъ шуда буд, Маряна саҳифаи инстаграмиашро тоза рушд доданро шуруъ карда буд. Ҳоло блоги Марянаро қариб 1000 кас пайгирӣ мекунанд ва лоиҳааш дар умум 300 000 ҷалб ҷамъ овардааст.
Аммо, тавре худи Маряна мегӯяд, барои ӯ ин танҳо ибтидо аст: истеҳсоли муҳтаво, қиссаҳо дар форматҳои гуногун ва муҳимтар аз ҳама, нигаронӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи занону духтарон дар пеш аст.
Қиссаҳои дигар ғолибони Ideacamp2023-ро аз ин ҷо дида ва хонда метавонед.
Лагери панҷрӯзаи ҷавонони IdeaCamp2023 дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) доир шуд, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Internews амалӣ мегардад.