Бабри барфӣ даррандаи камомӯхташудаест, ки дар манотиқи дурдасти кӯҳистони Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ зиндагӣ мекунад. Ин ҳайвонро хатари нобуд шудан таҳдид мекунад ва ба ин хотир он дар Китоби Сурхи Ҷаҳонӣ сабт шудааст. Ба манзури нишон додани аҳамияти ҳифзи бабри барфӣ студияҳои аниматсионии «Art-Vision» ва «Tasvirnigor» бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон филми кӯтоҳмуддати тасвирии «Маликаи барфӣ»-ро ба навор гирифтанд.
Бо вуҷуди он, ки филми Маликаи барфӣ ҳамагӣ ҳашт дақиқа замон дорад, як дастаи бисёрнафараи аниматорон ба сахтӣ тавонистанд онро дар зарфи панҷ моҳ ба охир расонанд. Продюсери филм Акмал Ҳасанов иқрор мешавад, ки даста дар нақшаҳои худ беш аз ҳад хушбин будааст. Тирамоҳи соли 2022 Акмал барои иштирок дар озмуни истеҳсоли муҳтавои ватанӣ “Формати хурд 2023” дархост дода, пешниҳод кард, ки бахшида ба бабри барфӣ филми тасвирӣ созад. Ба ҳакамон ин пешниҳод маъқул шуд ва даста барои иҷрои лоиҳаи худ маблағ дарёфт кард. Муаллифон барои дар муҳлати муайяншуда иҷро кардани кор шабу рӯз заҳмат кашиданд.
– Дарвоқеъ, бачаҳои мо эҷоди аниматсияи дубуъдиро (2D-ро) азхуд кардаанд, аммо таҷриба бо филми “Маликаи барфӣ” нишон дод, ки барои гузаштан ба сатҳи нав – аниматсияи себуъдӣ (3D) талоши зиёд ба кор меояд. Панҷ моҳ барои таҳияи филм хеле кӯтоҳ буд, аз ин рӯ мо барои сари вақт ба итмом расонидани лоиҳа ба созиши эҷодӣ рафтем, – мегӯяд Акмал.
Ба гуфтаи ӯ, аниматсия ба техникаи хуб, асбобҳо, либосҳои себуъдӣ (3D) ва вақт ниёз дорад.
-Бо таҷҳизоти хуб ёфтани ҳалли техникӣ осонтар аст. Агар мо ин масъаларо ҳал кунем, танҳо таҷассуми ғояҳои рассомон ва аниматорҳо боқӣ мемонад, – мегӯяд Акмал.
Аммо ин соҳа на танҳо аз манобеи молии маҳдуд, балки аз камбуди идеяҳои холиқона ва шуҷоати муаллифон низ ранҷ мебарад. Дар кишвар муносибати стереотипӣ ба филмҳои тасвирӣ ташаккул ёфта, дар назар аст, ки онҳо бояд кӯдакона бошанд, хусусияти тарбиявӣ дошта бошанд ва дар онҳо некиву бадӣ равшан нишон дода шавад. Аз ин рӯ, аксари филмҳои тасвирӣ танҳо барои телевизиони кӯдаконаи “Баҳористон” таҳия мешаванд.
Аммо ин гуна мултфилмҳо ҳам ба таври фалокатовар кам истеҳсол мешаванд, зеро студияҳои аниматсияҳои ватаниро метавон бо ангушти як даст ҳисоб кард. Масалан, дар Душанбе аниматсияро асосан ду студия – «Тасвирнигор» ва студияи Алексей ва Алла Румянтсевҳо эҷод мекунанд, ки бештар аниматсияҳои дубуъдиро 2D-ро тасвир мекунанд. Мисолҳои алоҳидаи истеҳсоли филмҳои тасвирӣ аз ҷониби муаллифони мустақил, ба монанди Лолисанам Улугова мавҷуданд.
-Мо хеле кам бачаҳое дорем, ки филмҳои аниматсионии ҷиддии хориҷиро тамошо мекунанд. Ман фикр мекунам, ки асосгузори муд коргардонҳои ҷопонӣ ҳастанд, ки корҳои абстрактӣ мекунанд ва ғояҳои ҷсуронаро амалӣ мекунанд. Онҳо филмҳои мутафаккирона месозанд, ки ба шумо имкон медиҳанд, ки фикр кунед ва на танҳо аз тамошои мултфилм лаззат баред, – мегӯяд Акмал.
Бо ин ҳол дар зарфи панҷ моҳ ба муаллифони “Маликаи барфӣ” муяссар шуд, ки азамати кӯҳҳо ва зебоиҳои рустоҳои кӯҳистони Тоҷикистонро ба аниматсияи 3D табдил кунанд.
Ин филм ба ду бахш тақсим шудааст. Дар аввал, амал дар табиати ваҳшӣ сурат мегирад, ки дар он ҳар як ҳайвон барои зиндагӣ ва идомаи насли худ мубориза мебарад. Бахши дуюм нишон медиҳад, ки мулоқоти одам бо бабри барфӣ чӣ гуна бояд бошад. Муаллифон нишон медиҳанд, ки бабри барфӣ ҳеҷ гоҳ ба одам ҳамла намекунад, агар ба ӯ зарар нарасонад. Дар ин филм муколамаи ягона ва кӯтоҳ байни набера ва бобо вақте сурат мегирад, ки дар хонаи онҳо бачаи бабри барфӣ пайдо мешавад. Дар ин суҳбат кӯдак дар бораи маҳдудаи зиндагии бабри барфӣ маълумот мегирад ва мефаҳмад, ки аз ин намуди даррандаҳо хеле кам боқӣ мондааст; ғамхорӣ ва дилсузиро нисбати ин ҳайвони аҷоиб ёд мегирад. Ин як тамсиле ба чорабиниҳои таълимӣ ва тарбиявӣ аст, ки бо сокинони.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.