Дастаи Internews дар Тоҷикистон тариқи пахши мустақим дар Facebook роҷеъ ба шартҳо ва имкониятҳои озмуни грантҳои «Формати хурд – 2022» нақл мекунад.
Ҳоли ҳозир Internews дар Тоҷикистон дархостҳои иштирок дар озмуни грантҳо барои истеҳсоли муҳтавои ватании «Формати хурд 2022»-ро қабул мекунад. Ин озмун барои лоиҳаҳо бо давомнокии 6 моҳ ва буҷети на зиёда аз $5000 мебошад.
Охирин муҳлати пешниҳоди дархостҳо — 07 феврал, соати 18:00 ба вақти Душанбе.
Агар шумо ният доред, ки ба озмуни грантҳо дархост пешниҳод намоед, вале ягон саволе нмафҳум монда бошад – аз шумо даъват мекунем, ки дар ҷаласаи иттилоотӣ вобаста ба “Формати хурд”, ки 01 феврал соати 13.00 ба вақти Душанбе баргузор мегардад иштирок намоед. Мулоқот дар майдончаи Zoom мегузарад, бақайдгирӣ дар ин ҷо ва ҳамчунин дар пахши мустақими саҳифаҳои Internews дар Facebook.
Мо масъалаҳои зеринро баррасӣ мекунем:
- Озмуни «Формати хурд» чӣ гуна мегузарад;
- Варақаи дархостро чӣ гуна бояд дуруст пур кард ва буҷет бояд чӣ гуна таҳия карда шавад;
- Формат ва мавзуъро чӣ гуна бояд интихоб намуд;
- Кадом беҳтар аст – лоиҳаи нав ё амалкунанда?
- Оё ҳайати доварон ба теъдоди муҳтаво диққат мекунанд?
- Оё усулан муҳим аст, ки майдонча маълуму шинохташуда бошад?
- Барои муваффақияти лоиҳа аудитория (мухотабон) чӣ аҳамият дорад?
- Чӣ мешаавад, агар ман алакай лоиҳаи Интернюсро дошта бошам?
Забони чорабинӣ: тоҷикиӣ/русӣ.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.