Чӣ тавр як редаксияи орзуҳоро бунёд кардан ва бо гурӯҳи мураккаби эҷодӣ муносибат кардан? Таблиғгарон ва аудитория аз ВАО чӣ мехоҳанд ва чӣ гуна арзиши маводи журналистиро баҳо додан мумкин аст? Чӣ гуна симои нашрияро эҷод карда, дар асоси он пул кор кардан мумкин аст? Ба ин ва дигар саволҳоро мураббиён ва коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ дар чорабинии омӯзишии махсуси Интернюс барои муҳаррирон аз 24 август то 3 сентябр посух медиҳанд. Иштирокчиён дар асоси озмун ва дархости пуркардашуда интихоб карда мешаванд.
Тренинг барои муҳаррирон як барномаи омӯзишии ҳафтрӯза мебошад, ки дар давоми он ширкаткунандагон аз Тоҷикистон метавонанд ба саволҳои асосии худ посух гиранд. Дар ин кор ба онҳо мураббиёни ватанию хориҷӣ, ки дар кори таҳририя таҷрибаи бой доранд ва ё то ҳол гурӯҳҳои таҳририро роҳбарӣ мекунанд, кӯмак мерасонанд.
Дар чорабинии омӯзишӣ сармуҳаррирон ва муҳаррирони расонаҳои давлатӣ, мустақил, чопӣ ва интернетӣ, инчунин радиову телевизиони Тоҷикистон даъват карда мешаванд.
Тренерҳо:
Ержан Сулейманов (Қазоқистон)
Директори барномавии Интернюс дар Қазоқистон.
Продюсер ва тренер. Роҳбари лоиҳаҳои «31 канал»-ро буд: ахбори «Информбюро», барномаи якшанбегии «Состояние KZ». Инчунин роҳбарии веб сомонаҳои Zakon.kz ва Radiotochka.kz -ро ба ӯҳда дошт. Ҳамчун директори эҷодии «Агентство “Хабар”» ӯ истеҳсоли лоиҳаҳои калони телевизионӣ ва сериалҳоро сарварӣ мекард. Ба ҳайси тренер, ӯ барои ВАО ва муштариёни корпоративӣ садҳо тренингҳо гузаронидааст.
Сафо Сафаров (Тоҷикистон)
Рӯзноманигор, муҳаррир.
Ӯ лоиҳаи Мактаби мустақили рӯзноманигории “Тоҷикистон – асри XXI” -ро роҳбарӣ мекунад. Инчунин сармуҳаррири хадамоти иттилоотии гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” аст ва ба ҳайси коршиноси расонаҳои нав фаъолият мекунад. Ҳамчун тренер даҳҳо чорабиниҳои омӯзишӣ барои васоити ахбори оммаро гузаронидааст.
Мундариҷаи барномаи таълимӣ:
- Агар дар атроф рақибон зиёд бошанд, чӣ гуна ВАО-и беҳамто сохтан мумкин;
- Нуфузи нашрия – заминае, ки дар асоси он расонаи орзуҳоро месозанд
- Чӣ гуна шахсан бо аудитория худ ошно гаштан;
- Истеҳсоли маводи иттилоотӣ;
- Монетизатсияи муҳтаво.
Илова бар ин, барномаи таълимӣ дарсҳои интерактивиро дар бар мегирад ва иштирокчиён дар маҷлиси банақшагирии маҷозӣ ширкат хоҳанд кард.
Тренинг 7 рӯзи корӣ давом меёбад. Мураббиён вазифаи хонагӣ талаб мекунанд, аз ин рӯ иштирокчиён бояд барои омӯзиш ҳар рӯз 2-3 соат вақт ҷудо кунанд. Барои иштирок дар тренинг, шумо бояд Интернет ва компютер дошта бошед. Агар шумо мехоҳед, ки дар тренинг ширкат варзед, лутфан дархости онлайниро пур кунед. Мӯҳлати қабули дархостҳо то 21-уми август соати 24:00 мебошад. Омӯзиш бо ду забон: русӣ ва тоҷикӣ ҷараён мегирад.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.