Баромадҳои ҳаҷвии театр-студияи «Хандинкамон» бо роҳбарии Муқимҷон Абдуфаттоев дар бораи донишҳои СИР дар ноҳияву деҳаи дурдасти вилояти Суғд доир шуд. Ин театри сайёр дар бораи тафаккури интиқодӣ, фейкҳо, тафтиши иттилоот, дарёфти маълумоти дақиқ ва дигар донишҳои СИР саҳнаву сужаҳои ҳаҷвӣ омода карда, ба сокинони минтақаҳои шимолӣ, аз қабили Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, шаҳри Конибодом, шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Спитамен ва ғайра намоиш доданд. Ба гуфтаи Муқимҷон, ҳар баромади онҳоро зиёда аз 300 нафар тамошо мекарданд. Ин театри сайёр ба деҳаҳои манотиқи марзӣ низ сайр кард.
Муқимҷон Абдуфаттоев чеҳраи шинохтаи ҳаҷви Тоҷикистон аст. Ӯ театр-студияи “Хандинкамон”-ро дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд роҳбарӣ мекунад. Дар намоишномаҳои онҳо толор пур аз тамошобин шуда, шӯхиҳояшон вирди забони мардуми шимоли Тоҷикистон мегардад. Муқимҷон инчунин яке аз ширкаткунандагони фаъоли Эдютон, семинари инноватсионии саводи иттилоотиву расонаӣ мебошад ва доир ба СИР лоиҳаҳо амалӣ мегардонад. Ин навбат лоиҳаи “Абду аз Хуҷанд”-ро ҳам ба мавзӯи СИР бахшид.
“Ман доимо таъкид мекунам, ки тариқи ҳаҷв расонидани маълумот ба мардум хеле зуд амалӣ мешавад. Тариқи шӯхӣ метавон дар мавзуъҳои ҷиддӣ суҳбат кард. Ин навбат мо лоиҳаро “Абду аз Хуҷанд” ном гузоштем. Яъне қаҳрамони мо Абдуи хуҷандӣ аст, ки бо як дӯсту устодаш СИР-ро ба дигарон меомӯзонанд. Чаро Абду? Ин ном вирди забони мардуми шимоли Тоҷикистон гаштааст. Шояд дигарон ҳам шунида бошанд: “Абду метро месозад”, “Абду ин ё он корро мекунад”, Мисли Абду набош” ва дигар шӯхиҳоро. Мо бо чунин номгузорӣ хостем, ки асосан диққати ҷавонону мардумро ба донишҳои СИР ва лоиҳаи мо ҷалб карда, мақсади худро амалӣ кунем”, – қайд кард Абдуфаттоев.
Намоишномаҳо қариб дар ҳама ноҳияву минтақаҳои дурдасти вилояти Суғд нишон дода шуданд. Аз худи шаҳри Хуҷанд сар карда, то деҳаҳои ноҳияи Айнӣ: шаҳрҳои Панҷакент, Конибодом, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, ноҳияҳои Деваштич, Спитамен, Ашт. Дар ҳар минтақае, ки намоишнома нишон дода мешуд, зиёда аз 300 ҷавону калонсол ва кӯдак бо ҳам меомаданд. Аудиторияи асосии ин лоиҳа наврасону ҷавонон буданд. Барои ин Муқимҷон ва тими ӯ намоишномаҳоро дар мактабҳову истироҳатгоҳҳо гузарониданд.
“Аксари тамошобинон бо мафҳуми СИР бори аввал ошно шуданд. Чун дар охири намоишҳо зиёд саволҳо пешниҳод мекарданд. Ҳатто муаллимоне, буданд, ки дархост карданд, дар муассисаҳои таълимӣ чунин фанҳои дарсӣ таъсис дода шавад”, – гуфт Муқимҷон.
Муқимҷон қайд мекунад, ки донишҳои СИР синну сол надоранд. Аз кӯдакон сар карда, то калонсолон ба он ниёз доранд. Барои худи ӯ низ ин мавзуъ хеле ҷолиб аст, зеро дар дасти хурду калон ҳама телефонҳову дастгоҳҳо вуҷуд доранд ва қариб ҳама маълумоти зиндагии шахсии моро фаро мегиранд. Донистану дуруст истифодаи онҳо муҳим мебошад. Саҳнаҳои намоишнома чунин сурат мегиранд: як рӯзи ду дӯст: Абдуву Шоқул ва устодашон нишон дода мешавад. Онҳо наврасанд. Устоди онҳо аз ҳама чиз воқиф аст ва ба шогирдонаш он маълумотҳоро тариқи бозиҳо ёд медиҳад. Инчунин, тамошобинон ҳам ҳаққи иштирокро дар саҳнаҳо доштанд. Дар саҳна ҳам донишҳои СИР, ҳам суруд ва ҳам рақсу бозӣ буд.
“Дар деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент намоишнома доштем. Он ҷое, ки мо намоишнома гузаронидем, ҷойи тӯю маросимҳо будааст. Баъд аз анҷоми намоишамон, он ҷо тӯй шурӯъ шуд. Соҳиби тӯй бо исрор ман ва тими кориамро ба маросимаш бурд. Он ҷо низ сухан ба ман дода шуд. Дар бораи СИР гуфтам ва намоишномаҳоро бори дигар дар тӯй ҳам нишон додем. Барои аудиторияи тӯй ҳам ин мавзуъ хеле ҷолиб шуд. Зеро тӯйро гузошта, ба саволдиҳӣ шурӯъ карданд”, – табассумкунон қайд кард Муқимҷон Абдуфаттоев.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.